Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр", ки чанд сол боз дар вазъи буҳронист, барои аз ҳабс озод кардани як ҳавопаймояш дар Маскав талош дорад. Тоҷикистон ин "Боинг"-ро аз ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг" ба иҷора гирифта буд.
"Скайроуд Лизинг" шикоят дорад, ки ҷониби Тоҷикистон 20 миллион доллар пули иҷораи ҳавопаймо, баҳра ва ҷаримаҳоро напардохтааст ва аз Додгоҳи арбитражӣ ё ҳакамии Маскав хостааст, онро ба ҳабс гирад. Масъулони "Тоҷик Эйр" ин даъворо қабул надоранд. Онҳо мегӯянд, ҳавопаймои "Боинг 737 300" барои ташхиси техникӣ ба Русия фиристода шуда буд ва инак ҳашт моҳ боз дар ҳабс аст.
Баҳси ширкати "Тоҷик Эйр" бо ҳамкораш "Скайроуд Лизинг" аввал дар Додгоҳи арбитражӣ ё ҳакамии Вилнюс баррасӣ шуда, ҳоло дар Додгоҳи арбитражии Маскав идома дорад.
Азизмаҳмад Қурбонов, муовини раиси ширкати "Тоҷик Эйр", рӯзи 7-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, омодаанд, бо роҳи мусолиҳатомез ва пардохти як миқдор маблағ ҳавопаймои ширкатро озод кунанд. Ба қавли ӯ, мудири кулли "Тоҷик Эйр" дар Маскав аст ва сарнавишти ҳавопайморо бо ҷониби дигар баррасӣ дорад.
"Гуфтушунид сари як миз сурат мегирад. Оштии дуҷониба метавонад қазияро ҳал кунад," – афзуд ӯ
Ба гуфтаи ин масъули ширкати "Тоҷик Эйр", ҳавопаймои "Боинг 737 300" (соли 1992)-ро, ки 144 ҷойи нишаст дорад, барои ташхиси ҳолати техникӣ ба як ширкати русӣ фиристода буданд ва барои ин беш аз 90 ҳазор доллар ҳам пардохтаанд. Аммо тобистони соли гузашта ба ширкат хабар додаанд, ки ҳавопаймо ба ҳабс гирифта шуд.
Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, барои иҷораи ҳамвопаймоҳои ширкати литвонӣ 25 миллион доллар додаанд. Мавқеи ҷониби дигари баҳс дар ин масъала барои мо рӯшан нест.
Ба гуфтаи масъулони ширкати "Тоҷик Эйр", онҳо бо ширкати "Скайроуд Лизинг" аз соли 2009 ҳамкорӣ доранд ва аз ин ширкат ду ҳавопаймои "Боинг"-ро тариқи лизинг ба иҷора гирифтаанд.
Ду коршарик бар сари 20 миллион доллар пули иҷораи ҳавопаймо ва баҳраҳои он вориди баҳси додгоҳӣ шуданд ва соли 2018 Додгоҳи арбитражӣ ё ҳакамии шаҳри Вилнюс "Тоҷик Эйр"-ро муваззаф кард, ин пулро пардозад. Вале додгоҳҳои Тоҷикистон ин қарорро эътироф накарданд.
Дар ҳамин ҳол, ду ҳавопаймои дигари ширкати "Тоҷик Эйр" феълан дар Душанбе дар робита ба ин қазия иҷозаи парвоз надорад. Масъулини ширкат мегӯянд, соли 2013 коршарики литвониашон бо як нома хизматрасонии техникӣ ба ин ҳавопаймоҳоро қатъ кард ва бо ҳамин истифодаи ҳавопаймоҳо номумкин шуд. Сабаб сари вақт пардохт нашудани пули хизматрасонӣ будааст.
Ҳабси ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ҳодисаи нав нест. Қаблан ҳам ба далели қарздорӣ ҳавопаймоҳои он барои як муддат гаравгон гирифта шудаанд.
Талаби 20 миллион доллар аз ин ширкат ҳам дар додгоҳҳои хориҷӣ дар ҳолест, ки бо гузашти чанд сол ва бо вуҷуди талошҳо барои аз сар гирифтани бархе аз парвозҳо ин ширкат ҳанӯз натавонистааст аз ҳолати буҳронӣ берун ояд.
Ширкат маҷбур шуд, беш аз нисфи кормандонашро ихтисор намуда, маошҳоро кам кунад. Дар як соли ахир 150 корманди ширкат аз кор ронда шудаанд ва ҳоло 279 нафар мондаанд.
Қаблан кормандони ихтисоршудаи ин ширкат аз нақзи ҳуқуқҳояшон ва иҷро нашудани уҳдадориҳо аз ҷониби ширкат шикоят карда буданд.
Ба гуфтаи онҳое, ки ҳанӯз дар ширкат мондаанд, бо таъини мудири нав “Тоҷик Эйр” тавонист то андозае ба по хезад. Ширкат ҳоло дар фикри ҷалби ду ҳавопаймои дигар аст. Бархе аз таҳлилгарон ба ин зудиҳо берун омадани ширкат аз вазъи буҳрониро дар гумон медонанд.
"Тоҷик Эйр" ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки мушкилоти молӣ дорад. Пештар Cотим Умаров, иқтисоддони тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "ба муфлисшавӣ наздик шудани "Тоҷик Эйр" - ширкате бо собиқаи беш аз нимасра... як мисоли рӯшан ва классикии ҳукмронии "клептократия" аст. Яъне, манфиатҳои шахсони алоҳида аз манфиати умумии давлат боло гузошта мешавад."
Дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоӣ -- "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" фаъоланд. Ҳамзамон, ба Тоҷикистон ҳудуди 15 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвоз анҷом медиҳанд.