Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзро баррасӣ карданд


Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон (аз рост) ва Ҷениш Раззоқов, ҳамтои қирғизи ӯ (аз чап). Акс аз бойгонӣ.
Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон (аз рост) ва Ҷениш Раззоқов, ҳамтои қирғизи ӯ (аз чап). Акс аз бойгонӣ.

Тибқи иттилои расонаҳо, ҳайатҳои Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳадафи аломатгузорӣ ва мушаххас кардани марзҳои давлатии ду кишвар, мулоқот карданд.

Хабаргузории русии "Интерфакс" рӯзи 7-уми феврал бо такя ба изҳороти ҳукумати Қирғизистон иттилоъ дод, ки ин мулоқот рӯзҳои 4-5 феврал дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон баргузор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин мулоқот, ҷонибҳо хостори ҳалли масоили марзӣ шудаанд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин мулоқот муовини сарвазир Азим Иброҳим ва ҳайати Қирғизистонро муовини нахуствазири он кишвар Ҷениш Раззоқов раҳбарӣ кардаанд.

Тибқи иттилои "Интефакс", дар ҳоли ҳозир Ҷениш Раззоқов ва аъзои дигари ҳайати Қирғизистон ҷиҳати ҳалли масоили марзӣ дар минтақаи Бодканд қарор доранд.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал ба Радиои Озодӣ танҳо гуфт, гуфтугӯҳо идома дорад ва дар бораи ҷузъиёи он танҳо баъди анҷоми сӯҳбатҳо метавонад ҳарф зад..

Аз ин қабл, ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти рӯзи 14-уми январ дар шаҳри Исфара ба мувофиқа расиданд, ки 114 километр марзеро ки гурӯҳҳои топографии ду ҷониб муайян кардаанд, дар давоми ду моҳ баҳои ҳуқуқӣ дода, хати марзро муайян кунанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ боқӣ мондааст. Муайян набудани хати марз борҳо боиси сар задани муноқиша миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст, ки дар наздикии хатти марз зиндагӣ доранд.

XS
SM
MD
LG