Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то ду рӯзи дигар донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Вуҳани Чин -- маркази сирояти бемори коронавирус, берун оварда мешаванд. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ рӯзи 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, шумораи шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вуҳан 58 нафар мебошанд, ки то ду рӯзи дигар вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон афзуд, ин донишҷӯён тариқи ҳавопаймо оварда мешаванд ва гурӯҳҳои махсус барои пешвози ин донишҷӯён омода шудаанд. Аммо оқои Олимзода нагуфт, ки онҳо аз кадом масир ба Тоҷикистон оварда мешаванд.
Расонаҳои русӣ рӯзи гузашта хабар доданд, ки Маскав хоҳиши мақомоти Душанбе дар мавриди аз минтақаҳои гирифтор ба коронавируси Чин берун баровардани шаҳрандони Тоҷикистонро иҷро карда натавонистааст. Рӯзномаи русии "Коммерсант" навишт, ки Душанбеи расмӣ аз Чин берун овардани ҳудуди 50 донишҷӯйро хоҳиш карда буд.
Ҷониби Русия гуфтааст, то ду ҳафта имкони интиқоли донишҷӯёни тоҷикро надорад. Як мақом дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо то ин муддат мунтазир буда наметавонанд ва ба ин хотир мақомот гузинаҳои дигарро баррасӣ доранд.
Дар ҳамин ҳол, Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо Сафорати Чин дар Душанбе барои бозгардонии донишҷӯёни тоҷик гуфтугӯҳо идома дорад. Ба гуфтаи хонум Юсуфӣ, тибқи нақша донишҷӯёни тоҷик бояд тариқи ҳавопаймо ба ватан баргардонда шаванд.
Вазири тандурустӣ дар ин нишасти хабар гуфт, барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон ситоди доимамалкунанда ташкил шуда, то имрӯз 645 нафар афроди аз Чин бозгашта ба ҳолати карантини фаро гирифта шудаанд. Ин афрод ба гуфтаи Насим Олимзода, асосан донишҷӯён ва соҳибкорон мебошанд. Олимзода гуфт, дар миёни афроде, ба карантин фаро гирифта шудаанд 47 нафарашон шаҳрвандони Чин мебошанд.
Мақомоти Вазорати тандурустӣ мегӯянд, то имрӯз дар миёни 645 нафари бозгашта аз Чин, ягон ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Насим Олимзода гуфт, Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус пурра омода шуда, дар ҳамаи 27 гузаргоҳои марзӣ назорати шабонарӯзӣ ҷорӣ шудааст.
Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, ду тавсияи аслии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи ба карантин фаро гирифтани афроди аз Чин омада ва назорати сахт дар фурудгоҳҳоро иҷро кардаанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, хатари вуруди вируси нав ба Тоҷикистон вуҷуд дорад. Самариддин Алиев, директори Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Вазорати тандурустӣ мегӯяд, мумкин аст вируси нав дар Тоҷикистон низ пайдо шавад ва ба ин хотир назорат дар фурудгоҳҳоро сахтар кардаанд. "Таҳдид сад дар сад аст",-гуфт Алиев.
Дар нишасти хабари Вазорати тандурустӣ хонум Галина Перфилева, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон низ иштирок дошт ва гуфт, барои мубориза бо коронавирус бо мақомоти тоҷик ҳамкорӣ доранд.
Роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳарчанд аз посухи мушаххас ба суоли онки "Тоҷикистон то куҷо дар баробари коронавирус осебпазир аст" посух надод, аммо гуфт, ҳамроҳ бо мақомот талош доранд аз хуруҷи ин беморӣ дар кишвар пешгирӣ шавад.
Раҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, тибқи омори ахири ин созмон, шумораи гирифторшудагон ба коронавирус дар ҷаҳон беш аз 28 ҳазор нафар буда, то ин дам 565 нафар аз ин вирус ҷон бохтанд.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, афроде, ки таҳти карантин фаро гирифта шуданд, таҳти назорати табибон се дафъа бо хӯроки ройгон таъмин карда шуда, дар рӯз чанд бор ҳарорати бадан ва вазъи сиҳатиашон санҷиш мешавад.
Чин ҳамсояи ҳаммарз ва яке аз манбаъҳои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрок ва ашёи дигар ба Тоҷикистон аст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!