Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як созмони хабарнигорӣ дар Аврупо озодии Далер Шарифовро талаб кард


Далер Шарифов. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Далер Шарифов. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Кунгураи хабарнигорон ва блогнигорони тоҷик, як созмони мустақар дар Аврупо, аз мақомоти Тоҷикистон озодии хабарнигори шинохта Далер Шарифовро талаб кардааст.

Мақомот Шарифовро рӯзи 30-юми январ бо гумони “барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва динӣ” ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.

Кунгураи аврупоии хабарнигорон ва блогнигорони тоҷик рӯзи 31-уми январ боздошти рӯзноманигор Далер Шарифовро маҳкум кард ва қарори ҳабси пешакии ӯро “ғайриқонунӣ ва беадолатона” донист.

“Мо бар онем, ки ягон асос ва зарурат барои ба ҳабс гирифтани журналист мавҷуд нест. Ӯ имкони таъсиррасонӣ ба раванди тафтишоти КДАМ ва берун шудан аз кишварро надошт. Бар замми ин садҳо фаъоли ҷамъиятӣ омода буданд ва ҳастанд, ки кафили рӯзноманигор бошанд,» -- омадааст дар изҳорот.

Масъулони созмон мегӯянд, «ин амали мақомот ба обрӯи давлати Тоҷикистон латма ворид карда, охирин шуълаҳои боварии мардум ва бахусус ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба ҳукумати феълиро хомӯш месозад, бар таниши иҷтимоӣ меафзояд.»

Қаблан вакилони мудофеи Далер Шарифов низ озодии ӯро дар марҳилаи тафтишот талаб карда буданд, вале мақомот ҳанӯз ҷавоб надодаанд.

Далер Шарифов 32-сола аст. Дар гузашта дар телевизиони «Сафина» ва ҳафтаномаи «Озодагон» кор кардааст.

XS
SM
MD
LG