Ҳуқуқшиносони "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон" аз Додгоҳи шаҳри Душанбе дархост карданд, ки Далер Шарифов замони таҳқиқи парвандааш дар озодӣ бимонад. Рӯзи 31 январ вакилони дифоъ Абдураҳмон Шарифов ва Гулгуна Шозодаева нисбати қарори иҷоза барои ҳабс шикоят карда аз додгоҳ талаб карданд, ки «бинобар аз ҷониби Шарифов Далер надоштани хавф ба ҷамъият" аз боздоштгоҳ озод карда шавад.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи ҷумъа масъулини "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон" хабар доданд. Ин дархост як рӯз баъди он карда шудааст, ки бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзноманигор ва таҳлилгари 32-солаи тоҷик, то анҷоми тафтиши парвандааш ду моҳ дар боздошт хоҳад монд. Қарори рӯзи 30-юми январи додгоҳ ин аст, ки Шарифов дар "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ" (қисми яки моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар мешавад.
Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов, баъд аз эълони қарори додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иттиҳомро қабул надорад. "Фарзандам ба ягон гурӯҳ шомил набуд ва танҳо ватанро дӯст медошт. Вай журналисти мустақил буд," -- афзуд ӯ.
Далер Шарифов рӯзи 28-уми январ ба бозпурсии мақомоти амниятӣ даъват шуда буд.
Абдураҳмон Шарифов, яке аз вакилони дифои Далер Шарифов рӯзи 30 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, санадеро имзо гузоштааст, ки бар асоси он ҷузъиёти парвандаи зерҳимояашро ошкор карда наметавонад.
Бозпурсӣ ва ҳабси Далер Шарифов ҷомеаи хабарнигории Тоҷикистонро нигарон кардааст. Бархе аз хабарнигорону фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин қазияро "сӯитафоҳум" дониста, раҳоии рӯзноманигорро талаб кардаанд.
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), рӯзи 30-юми январ бо нашри изҳороте аз тарзи бозпурсӣ ва боздошти Далер Шарифов бидуни супурдани даъватнома, интиқод кард. Ин созмон аз мақомоти тафтишотӣ хост, дар баррасии қазия "волоияти қонунро бечуну чаро риоя кунанд".
НАНСМИТ ҳамзамон гуфтааст, ин қазияро пайгирӣ дорад ва дар сурати дастрас шудани маълумот, мавқеашро мушаххастар эълон хоҳад кард.
Аз сӯе Умед Бобозода, Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ гуфт, дар бораи боздошти Далер Шарифов аз расонаҳо огоҳ аст, аммо то ин дам пайвандонаш барои кумак муроҷиат накардаанд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон айни замон афзуд, "то имрӯз нисбат ба журналисти тоҷик чораҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла шиканҷа рух надодааст". Бобозода дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ дар мавриди ёрӣ ба Далер Шарифов гуфт: "Ҳоло ҳеч маълумоти кофӣ вуҷуд надорад, ки ӯро барои чӣ дастгир карданд. Лекин, мумкин аст, баъд аз суҳбатҳо, агар ҳеҷ факту далел пайдо нашавад, раҳо кунанд".
Ба гуфтаи наздикони Далер Шарифов ӯ тақрибан соатҳои 11-и рӯзи 28-уми январ аз хона баромада буд.
Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони "Сафина" кор мекард ва муаллифи ток-шоуи "Муошират" ва ҳамчунин барномаи "Қатрае аз баҳр" буд.
Соли 2012 созмони "Қадам ба қадам"-ро ташкил кард, ки ҳадафаш аз байн бурдани маҳалгароӣ дар миёни ҷавонон буд. Ҳамон сол мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт.
Солҳои ахир ба ҳайси фурӯшандаи китоб кор мекард. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!