Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки ба ҳимояти ҳуқуқӣ аз Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик, машғул аст, мегӯяд, мақомот барои дидори вакили мудофеъ бо ин рӯзноманигор иҷозат додаанд. Қарор аст, вохӯрии вакили мудофеъ бо Далер Шарифов 30-юми январ сурат гирад. Ӯ аз 28-уми январ боз дар боздошт аст. Мақомот ба наздиконаш гуфтаанд, ӯро бозпурсӣ мекунанд.
Абдураҳмон Шарифов аз ҷониби Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон (узви Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа) вакили дифои Далер Шарифов таъин шудааст.
Бо гузашти беш аз ду рӯз мақомот то ҳол қазияи Далер Шарифовро шарҳ надодаанд ва ӯро раҳо намекунанд. Наздикони ин рӯзноманигор рӯзи 30-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз сарнавишти Шарифов иттилои пурра надоранд ва мунтазири вохӯрии вакили дифоъ мебошанд.
Як рӯз пеш Абдуманнон Шарифов, падари Далер бо ӯ мулоқоти кӯтоҳ доштааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Дидам, саломатиаш хуб аст. Далер ба ман гуфт, ки фишор наовардаанд ва бозпурсӣ ҳанӯз идома дорад."
Даъват ба бозпурсӣ ва раҳо накардани ин рӯзноманигор ҷомеаи хабарнигории Тоҷикистонро нигарон кардааст. Бархе аз хабарнигорону фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозпурсии ӯро сӯитафоҳум дониста, раҳоиашро талаб кардаанд.
Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар як иттилоияи кӯтоҳ гуфтааст, мутобиқи қонунгузорӣ «шахсро бо асосҳои ҷойдошта аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин муҳлат дастгиршуда бояд аз ҳабс озод карда ё дар ҳаққи ӯ чораи дигари пешгирии дар Кодекси мазкур пешбинишуда татбиқ карда шавад.”
Ба гуфтаи наздикони Далер Шарифов ӯ тақрибан соатҳои 11-и рӯзи 28-уми январ аз хона баромада буд.
Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони "Сафина" кор мекард ва муаллифи ток-шоуи "Муошират" ва ҳамчунин барномаи "Қатрае аз баҳр" буд.
Соли 2012 созмони "Қадам ба қадам"-ро ташкил кард, ки ҳадафаш аз байн бурдани маҳалгароӣ дар миёни ҷавонон буд. Ҳамон сол мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт.
Солҳои ахир ба ҳайси фурӯшандаи китоб кор мекард. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.