Аҳмад Фаҳим Кӯҳдоманӣ, рӯзноманигор ва сухангӯи пешини Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, бо нашри китобе ба хатти сириллик дар Тоҷикистон, аз роҳҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва чун як интиҳорӣ ё маргталаб омода кардани онҳо, қисса кардааст.
Вай дар ҷараёни муаррифии достони "Интиҳорӣ", ки ҳафтаи гузашта бо ҳузури рӯшанфикрон, рӯзноманигорон ва аҳли фарҳанг дар Душанбе доир шуд, гуфт, ки ҳадаф аз таълифи ин китоб, ҳушдор ба хонаводаҳо ва ҷавононе аст, ки бо умеди омӯзиши аҳкому фароизи динӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ меафтанд ва ба марги худ розӣ мешаванд.
Достони "Интиҳорӣ" аз сарнавишти талхи як навҷавон нақл мекунад, ки дар як минтақаи таҳти идораи Толибон дар вилояти Ғазнӣ воқеъ дар Афғонистон марказӣ, зиндагӣ мекунад. Дар таътили зимистона волидон аз тарси сарбозгирии Толибон ва ҳам ба хотири таълимоти динӣ гирифтан, ӯро ба мадрасае берун аз деҳ мефиристанд. Аммо дар ин ба ном мадраса, баръакси интизороти падару модар, Ибодуллоҳ - қаҳрамони асар, ба дасти гурӯҳе меафтад, ки ӯро таҷовуз ва барои амалиёти интиҳорӣ омода мекунанд. Ӯро ба Покистон мебаранд ва пас аз мағзшӯиву дарсҳои ифротӣ ва фиребу найранг, барои анҷоми инфиҷор дар Кобул мувофиқат мекунад ва ҳамроҳ бо худ чандин нафарро ба қатл мерасонад.
Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Террористон бар иловаи ин, ки ба ӯ дарсҳои зидди арзишҳои инсонӣ медиҳанд ва фикри ӯро тағйир медиҳанд, ӯро чанд бор таҷовузи ҷинсӣ мекунанд, ки дар сурати саркашӣ кардан аз амалиёти интиҳорӣ, таҳдид кунанд, ки мо ин саҳнаҳоро ифшо мекунем. Ин бахш хеле дарднок аст, ки мутаассифона дар бисёре аз ин рӯйдодҳо, чунин ҳодисаҳо вуҷуд доранд".
Муаллифи достони "Интиҳорӣ" мегӯяд, ин асар бар пояи воқеиятҳои зиндагӣ дар Афғонистон иншо шудааст. Ӯ талош кардааст дар китоби худ зиндагӣ ва фаъолияти пушти пардаи террористонро барои хонанда рӯшан кунад. Оқои Кӯҳдоманӣ мегӯяд, гурӯҳҳое мисли Толибон барои ҷалби ҷавонон аз шеваҳои мухталиф, аз ҷумла истинод ба дин, мағзшӯӣ, бозӣ бо афкор ва эҷоди тарсу ваҳшат истифода мекунанд. Пайёми достон ҳам ба хонаводаҳо ва ҷавонон ин аст, ки аз пайвастан ба чунин гурӯҳҳо худдорӣ кунанд ва мувозиби фарзандони худу мадорисе бошанд, ки бачаҳояшонро барои гирифтани таълимоти динӣ ба онҷо мефиристанд.
Муаллиф мегӯяд, "тамоми ин паҳлӯҳоро мутаваҷҷеҳ бошанд, ки писарони онҳоро киҳо омӯзиш медиҳанд. Ё мадрасае, ки онҳо мехонанд, дуруст аст ё як мактаби терористпарвар аст. Ин гурӯҳҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки аввал ҷавонҳои соддалавҳ ва навҷавонро шиносоӣ ва хостаҳои онҳоро дар қолаби таърифҳои динии сатҳинигар баён кунанд. Ҳамеша масъалаи куфру ислом ва ишғоли кишварҳои исломиро матраҳ кунанд. Баъдан аз онҳо барои расидан аҳдофи худ истифода мебаранд".
Бархе аз рӯзноманигорон ва хонандаҳои китоби "Интиҳорӣ" дар расми рӯнамоии он мавзӯи ин достонро барои ҷомеаи Тоҷикистони ҳаммарз бо Афғонистон ҳам доғу муҳим арзёбӣ карданд. Аҳмадшоҳи Комилзода, хабарнигори тоҷик мегӯяд, "раванди интиҳорӣ шудан, ё худкушии афроде, ки аз ҷониби шахсиятҳоти алоҳида дар гурӯҳҳои ифротӣ тарбия ва ба кишварҳои мухталиф равона мешаванд, таҳдиди ҷиддиест барои Тоҷикистон. Ҳузури ин гурӯҳҳо, ки дар марзҳои Афғонистон хеле зиёданд, аз таҳдидҳои дигар барои Тоҷикистон аст. Бино бар ин, ин китоб барои огоҳ шудани хонанда аз роҳу аҳдоф ва паёмади пайвастан ба гурӯҳҳои терористӣ муҳим аст".
Бархе ҳам аз чанд бахш дар ин китоб интиқод карданд. Интиқод ҳам бештар аз саҳнаҳои таҷовуз шудани қаҳрамони достон буд, ки муаллиф аз он чун як роҳи аслии ҷалб ва чун маргталаб омода кардани ҷавонон тасвир кардааст. Мунтақидон мегӯянд, муаллиф метавонист аз баҳри ин саҳнаҳои ба гуфтаи онҳо "бадахлоқона" бигзарад ва роҳу воситаҳои дигари мағзшӯии шудани ҷавононро тасвир кунад.
Одили Нозир, хабарнигори дигари тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "агар муаллиф ин мавзӯъро як хати сюжети асар қарор медод ва роҳҳои дигари ҷалб, мисли аз мактаби миёна ҷалб шудани онҳо нишон дода мешуду танҳо бо роҳи таҷовуз ҳайсияти инсон шикаста намешуд, ба фикри ман асар беҳтару хубтар мешуд. Баъзе аз ҷузъиётҳо ҳаст, ки ман фикр мекунам, муаллиф бояд онҳоро бештар шарҳ медод ё ки аз баҳри онҳо мегузашт".
Вале Кӯҳдоманӣ бар ин бовар аст, ки инъикоси воқеият барои ҷавонон ва хонаводаҳои онҳо зарур аст. Ӯ тасмим гирифтааст, ки китобро бо тиражи 15 ҳазор нусха ба забони пашту низ чоп ва дар зиндонҳое, ки Толибон нигаҳдорӣ мешаванд, тақсим кунад. Ҳоло китоби "Интиҳорӣ" бо ду хат --форсӣ ва кириллӣ нашр шудааст. Нашри кириллии он, ки барои хонандаҳои тоҷик пешбинӣ шудааст, ба теъдоди 200 дона чоп шуда аз 118 саҳифа иборат аст.
Гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои терористӣ тайи чанд соли ахир яке аз мавзӯъҳои нигаронкунанда барои ҷомеа ва мақомот дар Тоҷикистон аст. Пас аз даъвати раиси ҷумҳур дар соли 2010 мақомот аз хавфи зери нуфузи террористон қарор гирифтани ҷавонони тоҷик дар мактабҳои динии хориҷӣ, беш аз се ҳазор ҷавони тоҷикро бозгардониданд. Мақомот дар дохили кишвар ҳам таҳсили динии ҷавононро зери назорати шадиди гирифта ва тақрибан 20 мадрасаи динӣ баста шуд.
Бо ин вуҷуд, cадҳо нафар ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгаро дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!