Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нарх арзон аст". Эътирози ронандаҳои таксӣ дар Хуҷанд. ВИДЕО, САДО


Як гуруҳ аз ронандагони ширкати таксиронии "Максим" дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 15-уми январ, ба гуфтаи худашон, "корпартоӣ" кардаанд. Баъзе аз ронандагон гуфтанд, аз арзон будани нархи роҳкиро розӣ нестанд, чун хароҷоти онҳоро намепӯшонад. Масъулони ширкат мегӯянд, дар нархномаи онҳо тағйироте ворид нашудааст.

Ронандагон, ки теъдоди худро беш аз 50 нафар мегӯянд, дар назди идораи ширкати "Максим" дар Хуҷанд ҷамъ омада, талаб кардаанд, ки нарх бозбинӣ шавад.

Яке аз ин ронандагон, ки нахост номаш фош шавад, рӯзи 15-уми январ гуфт, "ҳаққи хизматрасонии ширкатҳои дигари таксӣ дар дохили шаҳри Хуҷанд 9 сомонӣ аст, аммо ширкати “Максим” онро 8 сомонӣ муқаррар кардааст. Мехоҳанд, рақобат ташкил кунанд, вале ба зиёни мо анҷом мешавад."

Аммо масъулони ширкати "Максим" дар посух ба суолҳои мо тавассути "Фейсбук" иддаои ронандагонро дар бораи паст кардани нархҳо рад карданд.

Дар аксу наворҳое, ки ронандагон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, як гуруҳ аз мардон дар дохили бинои ширкати "Максим" бо садои баланд суҳбат доранд ва мегӯянд, кори онҳо қадр карда намешавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Эътирози ронандагони таксии Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Як ронанда мегӯяд, дар ширкат ба онҳо гуфтаанд, "маъқул бошад бо ҳамин нарх кор кун, набошад - ҷавоб." Дар навор ҳамчунин як зане дида мешавад, ки талош мекунад ронандагонро ором намояд. Маълум нест, ин зан кист, вале ба ронандагон мегӯянд, муштарии онҳо зиёд аст ва набояд аз кор норозӣ бошанд.

Ронандагон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, таксиронӣ манбаи асосии даромади оилаҳои онҳо аст ва ба ин хотир мехоҳанд, ширкати "Максим" нархҳоро бозбинӣ кунад.

"Нархи газ, патент ва иҷозатнома қимат шуд, ронандаҳо дар азобанд. Аммо инҳо барои рақобат шуда, нархро паст кардаанд. Дар ширкатҳои дигар нархҳо як хел истодааст. Инҳо нархро паст мекунанд, аммо муштариён зиёд нашуданд," -- шиква кард як ронанда.

Дар намояндагии ширкати “Максим” дар Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нархнома дигар нашудааст ва “танҳо корҳои техникӣ буданд, ки дарҳол бартараф кардем. Дар бораи корпатоӣ маълумот надорем.”

Масъулини ширкати “Максим” гуфтанд, кори онҳо ба таври муқаррарӣ ҷараён дорад.

Ронандаҳои таксӣ дар Хуҷанд аз арзонии роҳкиро норозиянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
Линки мустақим

Дар ҳамин ҳол, ронандагон мегӯянд, корпартоии онҳо муддати дувуним соат идома кард ва дар ниҳоят бо баҳонаи гузаштани сарвазир аз роҳи марказӣ кормандони мақомот онҳоро пароканда карданд. Аммо ронандаҳо мегӯянд, онҳо аз талаби худ даст кашиданӣ нестанд ва дар сурати иҷро нашудани талабашон дубора даст ба корпартоӣ мезананд.

Ширкати таксиронии “Максим” ширкати русӣ буда, соли 2003 таъсис ёфтааст. Дар Тоҷикистон аз соли 2017 фаъол буда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Конибодом ва Бӯстон кор мекунад.

Солҳои ахир бозори таксиронӣ дар Тоҷикистон рушд карда, ширкатҳои зиёде пайдо шудаанд, ки ин гуна хадамотро ба мардум пешниҳод мекунанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG