Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 соли Муқаддас Набиева. Овозхоне, ки сурудаҳои мардумиро бо эстрада омезиш дод


Муқаддас Набиева, овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик, ки 41 сол қабл ба таври фоҷеъабор фавтид, 70-сола шуд. Ба хотири гиромидошти хотираи ин бонуи ҳунар, имрӯз дар Кохи фарҳанги ноҳияи Фархори вилояти Хатлон маҳфили ёдбуд баргузор мешавад.

7-уми январи соли соли 1950 дар деҳае дар ноҳияи Фархори он замон вилояти Кӯлоб, духтаре ба дунё омад, ки бо гузашти солҳо ба рамзи ҳунари эстрадаи тоҷик табдил шуд. Вай дар хонаводаи дорои чаҳор духтар, бе падар ба воя расид.

Дар шаҳри Душанбе мактаби миёнаро хатм кард, ба Донишкадаи кишоварзӣ ворид шуд, аммо эҳсос кард, ки кишоварзӣ шуғли вай нест ва баъд аз як соли таҳсил донишкадаро тарк кард. Худи ҳамон сол ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ворид шуда, мехост дар зодгоҳаш нахустин зани муррабии варзишгарон шавад. Аммо ширкаташ дар озмунҳои ҳунарӣ, аз ҷумла, ҷашнвораи мусиқӣ "Бӯстон" ва садои нотакрору маҳинаш, масъулони гурӯҳи тозатаъсиси эстрадии "Гулшан"-ро водор сохт, ки Муқаддасро ба ин даста даъват кунанд.

Сабоҳат Қосимова, ҳунарпешаи театри "Аҳорун" ва яке аз хоҳарони Муқаддас Набиева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи чаҳор хоҳарон дар донишкадаҳои мухталифи Душанбе таҳсил мекарданд. Ба гуфтаи Сабоҳат Қосимова, чун Муқаддас Набиева ҳанӯз дар пойтахт манзил надошт, бисёре аз шабҳои худро ҳамроҳи хоҳараш дар хобгоҳи Донишкадаи ҳунарҳои зебо мегузаронд. Сабоҳат Қосимова он замон донишҷӯйи ин муассисаи таълимӣ буд. Вай афзуд, ки истеъдоди овозхонии хоҳараш аллакай он замон аз худ дарак медод.

Ба гуфтаи Сабоҳат Қосимова, бегоҳиҳо вай дар канори мизи утоқи хобгоҳ нишаста, бо шавқ сурудаҳои мардумиро мехонд ва донишҷӯёни зиёде дар утоқ гирдиҳам омада, ҳунари овозхонии Муқаддасро гӯш медоданд. "Аммо, вақте дар озмуни "Бӯстон" овозхонӣ кард, Орифшо Орипов, роҳбари вақти гурӯҳи "Гулшан" ӯро ба кор даъват кард ва ҳамин тавр марҳилаи ҳунарии ҳирфаии хоҳарам шурӯъ шуд",-афзуд Сабоҳат Қосимова.

Ба гуфтаи ҳунаршиносон, Муқаддас Набиева дар ҳунари овозхонии эстрадӣ роҳи наву сабки хоси овозхониро кушод. Сурудҳои ӯ бо форамию салосат ва зарбу оҳанги дилнишинашон ба зудӣ дар хотири шунавандагон нақш мебастанд. "Кӯи ту", "Хуршеди ҳаёт", "Нури ман", "Шарораи хотираҳо", "Боди сабо", "Садои дил", "Ба ишқат интизорам", "Дили зорам", "Муҳаббат нест бе оташ" ва даҳҳо таронаҳои дигараш, ки дар маҷмӯъ беш аз 50 адад аст, то имрӯз кӯҳна нашуда, дар миёни мардум маҳбубият доранд.

Баҳодур Неъматов, овозхони собиқи гурӯҳи "Гулшан", замоне, ки ба ин даста даъват шуд, нахуст якҷо бо Муқаддас Набиева овозхонӣ кард. Яке аз таронаҳои ин ду нафар "Шаб ба хайр" аст, ки зуд вирди забонҳо шуд. Ҷаноби Неъматов мегӯяд, ки Муқаддас Набиева тавонист дар умри кӯтоҳи ҳунарияш омезиши овозхонии мардумӣ бо сабки эстрадиро бо маҳорати олиаш ба дараҷаи баланд барорад.

Баҳодур Неъматов бо таассуф аз фоҷиаи марги ин ҳунарманд ёдоварӣ кард ва гуфт, "30-уми августи соли 1979 гурӯҳи "Гулшан" бо мошин аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба Душанбе бармегашт. Субҳи барвақт ва торик буд, ки дар роҳ мошин ба ҷарие сарозер шуд. Муқаддас Набиева ба хотири наҷоташ худро аз мошин берун андохт ва бо сараш бо санги бузурге бархӯрд. Имкони наҷоташ дигар набуд. Ҳарчанд, мошин баъд аз лаҳзае ба санге бархӯрду истод".

Муқаддас Набиева дар баробари таронаҳои тоҷикӣ, ҳамчунин бо забонҳои русӣ, арманӣ , туркӣ, қирғизӣ суруд хонда, дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳратёр шуда буд. Дар ҳайати "Гулшан" Муқаддас Набиева ба Фаронса, Лаҳистону Эстония ва чанд кишвари дигар сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Сабоҳат Қосимова, хоҳари Муқаддас Набиева хабар дод, ки дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифтаанд ки маҳфили бузурги ёдбуди хоҳараш дар толори театри "Аҳорун" дар ояндаи наздик баргузор шавад.

Ҳамкоронаш китоби хотираҳои худро дар бораи ӯ чоп мекунанд.

Муқаддас Набиева дар баробари сабти овозҳояш ҳамчунин аз худ писаре боқӣ гузошт, ки чанд сол қабл даргузашт.

XS
SM
MD
LG