Рӯзи 5-уми январ дар вилояти Аҳвоз ба эҳтироми фармондеҳи кушташудаи нирӯҳои қудси Сипоҳи посдорони Эрон даҳҳо ҳазор нафар ҷамъ омадаанд. Қосим Сулаймонӣ рӯзи 3-юми январ дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар Бағдод кушта шуд.
Ҷасади ӯ субҳи якшанбе аз Ироқ ба Эрон интиқол ёфт. Эрон се рӯз мотами миллӣ эълон кардааст. Қарор аст, ҷасади ӯро пеш аз он ки рӯзи 7-уми январ дар зодгоҳаш Кирмон дафн кунанд, ба Машҳад ва Теҳрон мебаранд.
Қосим Сулаймонии 62-сола дар раъси нирӯи қудс амалиёти хориҷии Сипоҳи посдорони Эронро дар минтақа роҳбарӣ мекард.
Доналд Трамп, президенти Амрико гуфт, фармони куштани Қосим Сулаймониро ба хотири ҳимоя аз манфиати Иёлоти Муттаҳида ва мардуми он додааст. Ӯ шоми 3-юми январ дар суханроние дар аёлати Флорида гуфт, амалиёти куштани Қосим Сулаймонӣ зери раҳбарии ӯ анҷом ёфт.