Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Трамп аз ҳамла ба "52 нуқтаи Эрон"


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – гуфт, дар сурати ҳамлаи Эрон ба амрикоиҳо 52 маҳалро дар он кишвар ҳадаф қарор хоҳанд дод. Вай дар ин бора шаби 4-уми январ дар "Твиттер" ибрози назар кард.

Мақомҳои эронӣ дар пайи кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои қудси Сипоҳи посдорон аз интиқом сухан гуфта буданд.

Трамп бо ишора ба ин ҳушдор дар "Твиттер" навишт: "Агар Эрон ба амрикоиҳо ё манофеи Амрико ҳамлае кунад, мо 52 маҳалли Эронро ҳадаф қарор хоҳем дод, ки бархе аз онҳо дар сатҳи бисёр боло ва муҳим барои Эрон ва фарҳанги эрониён аст."

Гуфта мешавад, 52 ҳадаф дар воқеъ ишораи раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба 52 шаҳрванди ин кишвар аст, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои чаҳор даҳаи пеши Эрон ба сафорати Амрико дар Теҳрон асир афтодаанд. Аз моҳи ноябри соли 1979 то январи соли 1981-ум 52 корманд ва дипломати сафорати Амрико дар Теҳрон аз сӯи ҳомиёни инқилоби исломии Эрон гаравгон гирифта шуданд.

Ҳушдори раиси ҷумҳури Амрико дар ҳоле сурат гирифт, ки дар пайи кушта шудани Қосим Сулаймонӣ дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар Бағдод, танишҳо миёни Вашингтону Теҳрон ба авҷаш расидааст.

XS
SM
MD
LG