Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки "барои рушди ҳамкориҳои иқтисодии Душанбеву Теҳрон дигар ҳеч монеа намондааст". Вай ин матлабро рӯзи 23-юми декабр дар нишасти тоҷирони ду кишвар дар Душанбе баён кард. Тоҷикистону Эрон чаҳор соли ахир муносибати хуби иқтисодиву сиёсӣ надоштанд.
Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон дар Тоҷикистон бори аввал дар чаҳор соли ахир, баъди ба сардӣ гароидани муносибатҳои миёни Душанбе ва Теҳрон, дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуд. Рӯзи 23-юми декабр дар чаҳорчӯби баргузории ин намоишгоҳ нишасти тоҷирони ду кишвар, аммо умдатан бо ширкати бозаргонони эронӣ сурат гирифт.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон, хабар дод, ки дар ин намоишгоҳ беш аз 20 ширкати маъруфи тавлидкунандаи коло дар Эрон иштирок мекунанд.
Ӯ афзуд: "Феълан ҳеч монеа дар роҳи тавсеаи муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон нест. Ин хост ва иродаи роҳбарони олии ду кишвар аст. Сарбаландӣ ва муваффақияти давлати Тоҷикистонро Эрон муваффақият ва сарбаландии худ медонад ва ҳамин тавр баръакс."
Дар ин нишаст раҳбарии ҳайати тоҷирони тоҷикро Ҳасан Ассадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба уҳда дошт. Асадуллозода пеш аз оғози нишаст аз намоишгоҳи маҳсулоти Эрон дидан кард ва дар назди ғуфраи колоҳои ширкати эронии “Симу кабели Домғон” бо роҳбари он Мӯҳсини Калоӣ сӯҳбат анҷом дод.
Ин ширкат ба тавлиди кабелҳои мисӣ машғул буда, дар Душанбе корхонаи “Талко кабел”, тавлидкунандаи симҳои алюминӣ фаъол аст. Калоӣ дар бораи эҳтимоли тавсеаи ҳамкории ширкат бо Тоҷикистон гуфт: “Мавзӯи таъсиси корхонаи муштараки тавлиди ноқилҳои мисин дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунем. Дар Эрон низ корхонаҳои тавлиди алюминий вуҷуд доранд, аммо бо ин вуҷуд ба ноқилҳои аз алюминий сохташуда ниёз мондааст. Мо омода ҳастем ба Тоҷикистон фанновариҳои тавлиди ноқилҳо аз мисро ворид сохта, ниёзи ин кишварро ба чунин навъи маҳсулот бароварда созем”.
Дар ҷавоб ба ин суол, ки бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ба зидди Эрон ва маҳдудияти истифода аз доллар барои анҷоми муомилоти тиҷоратӣ байни ду кишвар чӣ роҳҳоро истифода хоҳанд кард, Мӯҳсини Калоӣ гуфт: "Омодаем ба воситаи табодули маҳсулот муомилотро анҷом диҳем."
Ҳарчанд, ба гуфтаи ширкаткунандаҳои эронии ин намоишгоҳ феълан дар шароити таҳримҳои ғарбӣ алайҳи Эрон имкони истифода аз пули миллии кишвари севум умдатан аз тариқи бонкҳои Иморати Муттаҳидаи Арабӣ вуҷуд дорад. Аммо, соҳибназарон мегӯянд, бештари бонкҳои Иморот аз сӯи сармоядорони ғарбӣ, умдатан шаҳрвандони Амрико ва Бритониё таъсис шуда, ба ин тартиб роҳҳои дур задани таҳримҳои ғарбӣ андак мондааст.
Дар ҳамин ҳол, Аброр Мирсаидов, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи масоили иқтисодии Академияи илмҳои Тоҷикистон аз тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии миёни Душанбе ва Теҳрон баъд аз муддати сардиҳо ситоиш кард. Вале гуфт, “ҳоло дар ҷаҳон 5 ё 6 арзе вуҷуд дорад, ки харидуфурӯш бо онҳо сурат мегирад ва арзи асосии ҷаҳонӣ доллар мебошад. Ҳангоми додугирифт ба пули миллии сомонӣ ё риёл харҷи бештари вақт сурат мегирад, ки фоидаи комили муомилотро наметавонад таъмин созад”.
Қаблан мақомоти Тоҷикистону Эрон хабар дода буданд, ки дар ҳафт моҳи соли 2019 ду кишвар ба маблағи 36,2 миллион доллар табодули маҳсулот кардаанд. Ин рақам дар соли 2013, то замони сардии муносибатҳо, баробар ба 295 миллион доллар будааст.
Тоҷикистону Эрон чаҳор соли ахир муносибати хубе надоштанд. Душанбе Теҳҳронро ба ҳимоят аз ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳамчунин қатли афроди саршинос дар солҳои 90-ум муттаҳам кард. Эрон дар навбати худ дар гум шудани миллиардҳо доллари тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ ангушти иттиҳомро ба сӯи Тоҷикистон дароз намуд. Ду тараф иттиҳоми якдигарро беасос хонданд.