Чоршанбе Аловатов, овозхони 21-солаи тоҷик ва барандаи мавсими аввали озмуни Central Asia's Got Talent, рӯзи 23-юми декабр аз Қазоқистон ба Душанбе баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт хабарнигорон ва наздикону ҳаводоронаш пешвоз гирифтанд. Аловатов баробари берун шудан аз бинои фурудгоҳ гуфт: "Ташаккури зиёд, ки ба ман овоз додед ва бовар кардед, сазовори ҷоиза мешавам. Ин на танҳо пирӯзии ман, балки пирӯзии ҳамаи мову Шумост. Дар ивази пуштибонии мардум, комёбиҳои дигарро барояшон ваъда медиҳам."
Аловатов гуфт, ҳарчанд иштирокаш дар чунин озмуни байналмилалӣ бори аввал буд, ҳеч тасаввур намекард, ки аз миёни 12 иштирокдори даври ниҳоии озмун сазовори ҷоизаи асосӣ мешавад.
Ин ҷоиза 10 миллион тангаи қазоқӣ, баробар ба беш аз 26 ҳазор доллар аст ва Чоршанбе Аловатов мехоҳад, аз он барои ҳаводоронаш туҳфаи ногаҳонӣ ё “сюрприз” омода кунад. "Аллакай медонам, ки бо он чӣ кор кунам. Рӯзҳои наздик инро хоҳед шунид,” -- гуфт ӯ, вале шарҳи дигаре надод.
Чоршанбе ҳанӯз падару модарашро надидааст ва гуфт, зиёд мехоҳад ин хурсандиро бо онҳо қисмат кунад ва ин лаҳзаро бесаброна интизор аст. “Имрӯзҳо падару модарам дар Душанбе нестанд ва ман мехоҳам дасти онҳоро фишорам ба оғӯш гирам ва ин ғолибиятро ба онҳо табрик гӯям,” -- афзуд ӯ.
Ин овозхони ҷавони тоҷик шоми 22-юми декабр дар мавсими аввали озмуни Central Asia's Got Talent ва дар пайи овоздиҳии сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ пирӯз шуд. Чоршанбе Аловатов дар даври ниҳоӣ таронаеро аввал ба забони итолиёӣ ва сипас тоҷикӣ иҷро кард. Вай дар даврҳои гузашта таронаи "Агар он турки шерозӣ"-и Далер Назаров ва "Акрамҷон"-и Муборакшоро хонда, мавриди ситоиши доварону тамошобинон қарор гирифта буд.
Ҳамроҳ бо Чоршанбе Аловатов узви ҳакамони озмуни Central Asia's Got Talent аз Тоҷикистон ҳунарпешаи маъруф Аловуддин Абдуллоев ҳам ба Душанбе баргашт. Абдуллоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба ҷонибдории ӯ на танҳо тоҷикистониён, балки дар Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон низ овози зиёд доданд.”
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ озмунро хеле аз наздик пайгирӣ мекарданд ва ғолибияти Чоршанбе Аловатов ҳам маҳз дар интернет зиёд ситоиш шуд.
Чоршанбе писари Ақназар Аловатов, овозхони тоҷик аст. Вай дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон зода ва дар Душанбе бузург шудааст. Қаблан иштирокдори озмунҳои "Овози тиллоӣ" ва "Парвин" дар Тоҷикистон буд.
Озмуни байналмилалии Got Talent дар даҳҳо кишвари дунё баргузор шудааст. Имсол ин озмун дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистону Қазоқистон баргузор шуд. Дар ин озмун аз чаҳор кишвар довталабони зиёде иштирок карда, ҳунару тавоноиҳои худро ба намоиш гузоштанд. Аз Тоҷикистон дар ин озмун афроди алоҳида ва инчунин гуруҳи рақсии "Падида" иштирок карданд.