Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯи тоҷик баъди бозпурсӣ худкушӣ кард. Мақомот таҳқиқ мекунанд. ВИДЕО, САДО


Ҷонибек Хӯҷамуродов, донишҷӯйи соли чаҳоруми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, баъд аз бозпурсӣ шудан дар Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб шаби 18 ба 19-уми декабр худкушӣ кардааст. Як намояндаи мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб гуфт, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд. Наздиконаш бозпурсии маъмурони милисаро сабаби ба чунин кор даст задани ӯ медонанд.

Чизе, ки то ҳоло ба пайвандон ва мақомот маълум аст, маъмурони милиса рӯзи 18-уми декабр Ҷонибек Хӯҷамуродови 25-соларо ба таҷовуз ба номуси як духтар муттаҳам кардаанд.

Талбак Майхонов, тағои Ҷонибек Хӯҷамуродов, 19-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни бозпурсӣ хоҳарзодаашро ҳамроҳӣ дошт ва иддао кард, ки "муфаттишон ба ҷиянаш фишор оварданд".

"Муфаттиш ба ман занг зад ва гуфт, ки хоҳарзодаамро ба Раёсати корҳои дохилии Кӯлоб барам. Мо рӯзи 18-уми декабр рафтем. Ҷиянамро ба таҷовуз ба номус муттаҳам кард ва хост, баёнот нависад, аммо Ҷонибек гиря мекард, ки чунин коре накардааст", -- афзуд Майхонов.

Мақомоти Раёсати умури дохилии минтақаи Кӯлоб ҳодисаро расман шарҳ надоданд. Муфаттише, ки Ҷонибек Хӯҷамуродовро бозпурсӣ кардааст, ба занги телефонии мо ҷавоб дод, аммо баробари шунидани он ки хабарнигор ҳастем, гӯширо гузошт.

Донишҷӯи тоҷик баъд аз иттиҳоми таҷовуз худкушӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Ин дар ҳолест, ки Талбак Майхонов мегӯяд, "ба Ҷонибек таҳдид карданд, ки аз як то се сол ҳабс мекунем ва медонӣ дар зиндон туро чӣ кор мекунанд. Мехостанд, ки маро аз ҷараёни бозпурсӣ берун кунанд, вале ман истодам. Ҷиянам пайваста мегуфт, бо як духтар гап мезанад, аммо коре накардааст. Муфаттишон кӯшиш мекарданд, айбро ба гарданаш бор кунанд."

То ҳоло ба мо маълум нест, ки даъвати Ҷонибек Хӯҷамуродов ба бозпурсӣ бар асоси шикояти кӣ сурат гирифтааст. Вале Майхонов бовар дорад, ин гап дар ҳаққи хоҳарзодааш "туҳмат буд" ва мехоҳад мақомот ҷавоби ин суолро аз муфаттишон бипурсанд.

Вай мегӯяд, баъди баромадан аз Раёсати корҳои дохилӣ ӯ ба самти Данғара рафт ва хоҳарзодааш ба тарафи хона. "Субҳи барвақт ҷасадашро овезон ёфтем”, -- гуфт Талбак Майхонов.

Ҷасади Ҷонибек Хӯҷамуродовро баъд аз ташхиси тиббиву додгоҳӣ рӯзи 19-уми декабр дафн карданд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ дар хурдӣ аз падар маҳрум монда, зери сарпарастии тағояш Талбак Майхонов буд.

Дар гузашта бархе аз сокинони Тоҷикистон дар нома ё сабте пеш аз худкушӣ муфаттишони умури дохилиро барои фишор овардан ба онҳо ва тамаъҷӯӣ муттаҳам карда, сабаби ба чунин кор даст задани худ дониста буданд. Бархе аз ин муфаттишон зиндонӣ ва иддае дигар аз ҷавобгарӣ озод шудаанд.

Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки гуруҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистонро муттаҳид мекунад, мегӯянд, соли гузашта ба созмони онҳо 44 нафар аз шиканҷа ва бадрафтории мақомоти интизомӣ, аз ҷумла маъмурони милиса шикоят карда буданд.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, бар асоси ислоҳоти милитсия ба хотири ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар утоқҳои бозпурсии гумонбарон камераҳои назоратӣ хҳанд гузошт. То анҷоми барномаи ислоҳот камтар аз як соли дигар мондааст, вале шикоятҳо аз шиканҷа аз ҷониби маъмурони милиса кам нашудааст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG