Гурӯҳе аз кормандони Гимназияи иқтисодии шаҳри Душанбе, бо як номаи боз ба Дастгоҳи президент, Оҷонсии хизмати давлатӣ ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шикоят бурдаанд, ки фаъолияти мудири ин муассисаро дубора тафтиш кунанд.
Дар як нусхаи ин нома, ки ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расидааст, аз он нигаронӣ шудааст, ки мудири ин муассиса баъди қатъ шудани парвандаи ҷиноӣ ва қонуни афв дар нисбаташ, ҳанӯз ҳам курсии раҳбариро ҳифз кардааст. Аммо мудири мактаб иддао дорад, ки ин гурӯҳ нисбаташ хусумат доранд ва дар асл ӯ дар ин қазия "як ҷабрдида" аст.
Гулистон Собирова, мудири Гимназияи иқтисодии Душанбе мегӯяд, ӯ бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шуда, ҳеҷ гуна доғи судӣ надорад. Дар Сарраёсати маорифи пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз қазия огаҳ ҳастанд, вале тасмими барканории Гулистон Собироваро онҳо намегиранд. Ин гимназия соли 2008 таъсис ёфта, ҳоло 560 донишомӯз дорад ва нархи таҳсил дар як сол ҳудуди шаш ҳазор сомонӣ будааст.
Гурӯҳе аз омӯзгорону кормандони Гимназияи иқтисодии шаҳри Душанбе аз он шикоят доранд, ки раҳбари феълии ин муассиса бархеро аз кор ронда, гурӯҳи дигарро маҷбур кардааст, ки аз идомаи фаъолияташон довталабона даст кашанд. Иддаое, ки Гулистон Собирова рад мекунад ва мегӯяд, барканории ҳар корманди ин муассиса сабаб дорад.
Дилшода Одинаева, омӯзгори собиқи ин гимназия мегӯяд, бо доштани таҷрибаи кории 9-сола дар ин муассиса, бидуни навиштани ариза аз кор ронда шуд. Ӯ гуфт, сабаби барканорияш аввал номувофиқ будани ихтисосаш гуфта мешуд, вале баъдан ба вай гуфтанд, ки аз озмуни тахассусӣ нагузаштааст ва дигар наметавонад кор кунад. "Ман раштаи методикаи таълими ибтидоиро хатм кардам ва наметавонистаам ҷонишини мудир бошам. Ҳамин ду баҳона буд ва ман тамоми чизу чораамро ҷамъ кардаму баромада рафтам",-афзуд вай.
Аммо дар вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳеҷ санади ҳуқуқие инро танзим намекунад. "Дар ягон санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ гуфта нашудаст нафаре, ки дар риштаи методикаи таълими ибтидоӣ таҳсил кардааст наметавонад муовини мудири як мактаб бошад",-гуфтанд дар вазорат ба Радиои Озодӣ.
Дар ин маврид Гулистон Собирова назари дигар дорад ва мегӯяд, Одинаева бар асоси натиҷаи озмуни тахассусии аз сӯи Саррраёсати маориф анҷомшуда, аз вазифааш барканор шуд. Далеле, ки Собирова аз натиҷаи озмуни тахассусӣ ба Радиои Озодӣ пешниҳод кард ин буд, ки Сарраёсати маорифи Душанбе гуфтааст, "Дилшода Одинаева ба вазифаи ишғолнашудааш мувофиқ дониста нашавад".
"Гуфтанд, ту ғайриихтисос кор мекунӣ"
Шаҳло Майдонова, аз дигар корманди собиқ мегӯяд, солҳо ба ҳайси пизишки ин гимназия фаъолият дошт, вале баъди таъин шудани Гулистон Собирова ба ҳайси мудир, ба хотири равоншиноси ҳирфаӣ набудан, аз кор озод карда шуд. Майдонова мегӯяд, дар воқеъ ӯ дар ин гимназия бо ихтисоси табиби занона фаъолият дошт ва мехост бо идома додани таҳсил, мадраки равоншиносиро бигирад.
"Ба ман гуфт, ки ту инҷо ғайриихтисос кор мекунӣ, ман барои дар ҷои худам боқӣ мондан талош кардам, бо вуҷуди доштани дипломи Донишгоҳи тиббӣ, дубора ба ҳайси табиби оилавӣ-равоншинос такмили ихтисос кунам. Бояд аз 1-уми март дарси ман шурӯъ мешуд, аммо мудир инро иҷозат надод ва маро аз 20-уми феврал аз кор ронд".
Аммо Гулистон Собирова мегӯяд, ин тасмими ӯ набуд ва Шаҳло Майдонова барои он аз кор озод шуд, ки Сарраёсати маорифи Душанбе фаъолияти равоншиносони ҳирфаиро дар мактабҳо роҳандозӣ кард.
Норозиён аз фаъолияти мудир мегӯянд, маъмулан кормандон пеш аз сабукдӯш шудан аз кор танбеҳ ё огоҳӣ мегиранд вале ин чиз ҳангоми барканории онҳо риоя нашудааст. Онҳо мегӯянд, тобистони имсол дар пайи шикояти гуруҳӣ ба ҳафт мақомоти тафтишотӣ ва дахлдор нисбати Гулистон Собирова санҷиш шуруъ, баъдан алайҳи ӯ парванда боз ва ба додгоҳ ирсол шуд.
Ифтитоҳи парванда ва сипас аз афви Собирова
Дар як посух ба шикояти гурӯҳи омӯзгорон, дар Оҷонсии зидди фасод, ки нусхаи он дар дасти Радиои Озодӣ ҳам ҳаст, гуфта шудааст, ки алайҳи Гулистон Собирова бар асоси ду моддаи кодекси ҷиноӣ - "сохтакории хизматӣ" ва "азонихудкунӣ ё исрофкорӣ", парванда боз карданд. Аммо додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт моҳи октябр бар асоси қонуни афв, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Собирова қатъ ва ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардааст. Худи мудири ин мактаб иддао дорад, ки ин гурӯҳ нисбаташ хусумат доранд ва дар асл ӯ дар ин қазия "як ҷабрдида" аст.
"Инҳо гӯё 12 нафар ҳастанд ва ба хотири норозӣ будан аз фаъолияти ман имзо гузоштаанд. Аммо инҷо ду нафар, ки синашон ба нафақа расида буд, бо хоҳиши худашон аз кор рафтанд. Чанд нафари дигар ҳоло кор мекунанд ва мегӯянд, якбор норозӣ буданд, вале ҳоло бо истифода аз имзои онҳо, аз болои ман шикоят мешавад. Нафарони дигаре, ки аз кори ман норозӣ ҳастанд, ҳама хешу табори мудири собиқи гимназия ҳастанд. Баъд аз омадани ман дар ин муассиса корҳои зиёде анҷом дода шуд, ҳатто сафи хонандагон афзуд. Вале ин ба як гурӯҳ хуш наомад",-афзуд Собирова.
Иттифоқи касаба чӣ кор кард?
Маъмулан баҳси байни корфармо ва коргар дар Тоҷикистонро Иттифоқи касабаи коргоҳ ҳал мекунад. Ин як ниҳоди миёнҷӣ байни корфармо ва коргар буда, вазифаи аслиаш дифоъ аз ҳуқуқи коргарон аст. Эмомалӣ Додоев, раҳбари иттифоқи касабаи Гимназияи иқтисодии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шикояти кормандони ин муассиса ба ниҳодҳои тафтишотӣ бохабар аст ва ҳатто барои ҳимояи онҳо ба мақомот нишондод додааст, вале ҳарфҳои ӯро нодида гирифтанд ва қазия ба додгоҳ кашида шуд.
"Ман борҳо талош кардам, назди раҳбар даромада гуфтам, ки муаллима, ин коратон дуруст нест. Ҳолате буд, ки чанд нафарро дубора ба ҷои корашон баргардонидам, вале онҳо боз рафтанд. Бори охир Шаҳло Майдоноваро аз кор озод кард, ин моҳи май буд, ман ба мудир гуфтам, ки бигзор то охири сол кор кунанд. Инро танҳо ман не, ҳуқуқшиноси вазорати маориф низ дар шоҳиди ман ба ӯ гуфта буд".
Номаи кормандони норозӣ даст ба дасти идораҳо
Афв ва аз ҷавобгарӣ озод шудани мудири гимназия ва ба фаъолияти худ идома додани ӯ дар курсии раҳбарӣ боис шудааст, ки гурӯҳи кормандони норозӣ бо ирсоли номаи саркушода ба дастгоҳи раиси ҷумҳур, Оҷонсии хизмати давлатӣ ва Вазорати маориф хостанд фаъолияти Гулистон Собироваро аз нав тафтиш кунанд.
То имрӯз ба номаи шикоятии ин гурӯҳи кормандон, Оҷонсии хизмати давлатӣ посух додааст. Ин ниҳод дар посух навиштааст, ки он барои баррасӣ ба Оҷонсии зидди фасод ва Вазорати маориф фиристода шудааст. Аммо посухи ин ду ниҳод ҳанӯз маълум нест.
Тасмими таъину барканории раҳбарони муассисаҳои таълиме, ки зерсохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳастанд, дар мувофиқа бо раиси шаҳр гирифта мешавад. Маҳмадалӣ Азизӣ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳр дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод тасмими ниҳоии раҳбари мақомоти иҷроияро интизоранд.
Қонуни кор дар Тоҷикистон иҷозат намедиҳад, корфармо худсарона коргарро аз кор биронад, зеро коршоямӣ ва ё корношоямии коргарро на корфармо, балки комиссияи мустақил муайян мекунад. Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар маърӯзаи ахираш гуфта буд, ки дар як соли ахир наздик ба 40 нафар аз поймолшавии ҳуқуқи меҳнатии худ, ба ин ниҳод шикоят кардаанд.