Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди фарҳангҳо: Оё фарҳанги муосир бо суннатӣ созгор мешавад? ВИДЕО


Акс аз як намоишгоҳи Маърифат Давлатова
Акс аз як намоишгоҳи Маърифат Давлатова

Баъд аз як соли баҳсҳои доғ дар фазои расонаии Тоҷикистон дар мавриди наққошиҳои Маърифат Давлатова, ки дар онҳо бадани урёни духтарон тасвир шуда буд, дар Қирғизистон ҳам ин гуна ҷанҷол сар зад. Намоишгоҳи муосири “феминнал” бо ҳузури густардаи мардуми ҷанҷолофарин шуд.

Суннат ё навгароӣ?

Ҳафтаи дувум аст, ки Қирғизистон баҳсҳо перомуни ҳунари муосири “феминнал”(занона), ки дар оғози декабр дар осорхонаи ҳунарҳои зебои ба номи Ғаффор (Гапар) Айтиеви Бишкек баргузор шуд хомӯш намешаванд. Дар он асарҳои бештар аз 50 зани рассом аз 22 кишвари ҷаҳон, ки мавзуъоти таъсири нобаробарии иқтисодӣ, хушунати ҷинсӣ ва нонамоён будани кори занон матраҳ шуда буд, ба намоиш гузошта шуда буданд. Вале вокуниши аслиро амалкарди як ширкаткунанда аз Донморк ба бор овард, ки бо тани урён дар маърази боздидкунандагон худро қарор дод. Бо ин васила ин наққош мехоста, ки эътирози худро дар баробари баҳрабардории ҷинсӣ аз занон иброз кунад. Вале ин гуна ҳунари эътирозӣ интиқодҳои шадидеро аз сӯйи табақаҳои гуногуни ҷомеа: аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта то парлумону ҳукумат ба бор овард. Ҷонибдорони “арзишҳои суннатӣ” аз шумули вакилон талаб карданд, ки созмондиҳандагони ин намоишро ба ҷавобгарӣ бикашанд ва вазири фарҳанги Қирғизистон Азамат Жаманқулов баъди дидор бо фаъолони норозӣ, тасмим гирифт, ки намоиш идома меёбад, вале бидуни баъзе нигораҳо.

Дар робита ба ин ҳаводис мудири Осорхона Мир Ҷангарчаев маҷбур шуд арзизаи истеъфояшро бинависад. Ӯ гуфт, ки аризаашро на зери фишори вазири фарҳанг, иттилоот ва матбуот, балки бо дар назар гирифтани амнияти кормандон ва созмондиҳандагони намоишгоҳ навиштааст, ки онҳо бо шумули худи Ҷангарчаева мавриди таҳдид қарор гирифтаанд.

Бо ҷонибдорӣ аз намоишгоҳ раисҷумҳури пешини Қирғизистон Роза Отумбаева изҳор дошт, ки “ин як намоишгоҳи одӣ, ҳушмандона ва фарогире буд”, ки мушкилоти муосири занони Қирғизистонро инъикос намуд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз фаъолон ин гуна амалкардҳоро иғвое номиданд, ки мухолифи пояҳо ва суннатҳои миллӣ мебошанд.

«Ман ҳам мухолифи онҳоеам, ки дидгоҳҳои бунёдгароёнаи диниро пуштибонӣ мекунанд ва ҳам онҳое, ки либоси таҳпӯши худро дар осорхонаи ҳунарҳои зебо меовезанд. Маълум аст, ки мо дар давлати декмократӣ зиндагӣ мекунем. Аммо ин ба он маъно нест, ки мо ҳуқуқи пайравони дин ва ё ҳомиёни ҳуқуқҳои худро бо роҳи овехтани либоси таҳпӯш болотар аз манофеи миллӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои худ қарор бидиҳем”,--гуфт дар суҳбат бо Радиои «Азаттик» рӯзноманигор Қанишой Мамурқулова.

Дар навбати худ фаъоли дигар Акжибой Бейшебаева дар сутуни худ барои “Азаттик” навишта, ки “тани урёни рассом дар ҳеч сурат нақзи суннатҳои қирғизӣ нест”.

“Санъат набояд марзбандӣ шавад. Ҳунар яке аз василаҳои муассиртарин барои ифодаи худ аст. Дар лаҳзаҳои мушкил, замоне ҷомеа ранҷ мебарад ҳунар аст, ки эътироз мекунад ва ҷомеаро ба сӯйи тағйирот мебарад”, - навиштааст Бейшебаева.

Ғаризаи худмуҳофизатӣ ё дарк накардани ҳунар?

Мудири иҷроияи бунёди “Ташаббусҳои Роза Отунбоева” Догдургул Кендирбоева, зимни ибрози назар дар мавриди вокуниши ҷомеаи Қирғизистон дар баробари намоишгоҳ гуфт, ки ин нишондиҳандаи коҳиш ёфтани сатҳи огоҳӣ ва фарҳанг дар ҷомеа аст.

“Амалкард (перформанс) ифодакунандаи мавқеъ дар баробари кадом як ҳодиса аст, яъне ин талоши муттаҳайир кардани мардум ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба он мавзуъ аст. Ва амалкарди наққошони донморкӣ, дар воқеъ чунин вокунишро ба бор овард. Вале аксари шаҳрвандони мо инро дарк накарданд”,-- таъкид кард Кендирбоева.

Мухолифати тарафҳо, ҳарчанд хеле фаъолмандонатар аст, вале дар ҳар сурат ҳодисаи соли гузаштаро ба хотир меоварад, ки дар мавриди намоиши асарҳои рассоми ҷавони тоҷик Маърифат Давлатова рух дод. Маърифат бо расмҳои худ, ки дар онҳо бадани нимаурёни зан тасвир шуда буд, хост дар баробари амалакардҳои тавҳиномез нисбат ба занон ва нобаробариҳо дар ҷомеаиТоҷикистон эътироз кунад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ он замон асарҳои наққошро “туф кардан ба арзишҳои миллӣ ва диннӣ” номида буданд. Аммо буданд онҳое, ки аз ӯ пуштибонӣ кардаанд ва ҳунари ӯро “талоши шикастани қолабҳо” номгузорӣ карданд. Худи Маърифат изҳор дошта буд, ки баъди намоишгоҳ даҳҳо паёми таҳдид гирифта буд.

Видео дар бораи Маърифат Давлатова

Ҷонибдорони рассом он замон хабардор карда буданд, ки ин гуна вокунишҳо ба эҷодиёти ӯ хатари худсонсурӣ дорад ва таъсири манфие дар маҷмӯъ ба ҳунар дар кишвар мегузорад.

Коршиносон мегӯянд, фарҳанги мудерн, ба вижа бахше, ки орӣ аз тобугузориҳои ҷинсӣ нест, ба таври табиӣ, маъмулан боиси нофаҳмиҳо дар ҷомеаҳои муҳофизакор мешавад, вале дар ҳар сурат маънои фарогире дорад.

«Дар бораи мушкилоте, ки инсониат бо онҳо рӯ ба рӯ шуда хеле бисёр гуфта ва ё навишта мешавад, ҳатто мо ба ёддоварӣ аз онҳо одат кардаем, аммо вақте шумо ба намоишгоҳ меравед ва ё тасвирҳоро дар кино мебинед, дарк мекунед, ки наққош метавонад тамоми моҳиятро бирасонад», - мегӯяд фарҳангшинос Ирина Сой.

«Ҷаҳиши бузурге ба муҳофизакорӣ»

Бо вуҷуди ин ҳама, ҷомеаи Тоҷикистон дар чунин мавзуъот ба худсонсурӣ бартарӣ медиҳад. Боз шудани омӯзиши ислом дар солҳои 90-ум, сатҳи баланди шаҳрнишин шудан ва коҳиши сатҳи таҳсилоту огоҳӣ, ҳиҷрат кардани бахше аз мардумони шаҳриро коршиносон аз омлҳои мухолифат миёни суннат ва навгароӣ медонанд.

«Таъодули мавҷуд бо дидгоҳҳои радикалӣ ба ин ё он васила суст мешавад, ёдгориҳои фарҳангӣ аз нигоҳи моддӣ нобуд мешаванд, ва бахши умдае аз мардум дар зеҳн тағйир намекунанд»,-- мегӯяд коршинос Зулайхо Усмонова.

Чунин баҳогузориро ҷомеашинос Алла Қувватова ҳам ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, ки бо шароити мавҷуд дар Тоҷикистон дидгоҳҳои муҳофизакорона бештар ба унсурҳои муосири пасонавгароӣ ҳоким хоҳанд шуд.

«Дар мо ҳеч чизи наве офрида нашудааст, таҷрибаи дирӯз маънидор нест ва тавозуни неруҳо ба нафъи ҷомеаи суннатист»,-- мегӯяд фарҳангшинос Мунира Шаҳидӣ.

Ӯ мегӯяд, ки сабагори пешрафт як баррасии муҳим дар бораи он чӣ ки дирӯз анҷом дода шуд, ислоҳи иштибоҳот ва боз кардани муваффақиятҳои нав аст, на ин ё он самти фарҳанг.

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи фарҳангшинос Ирина Сой набояд фарҳанги суннатӣ ва муосирро дар муқобили ҳам қарор дод ва вазъро шадидтар кард.

“Сарфи назар аз ин воқеият, ки суннат моро бо нахи сурхе ба гузашта васл мекунад, вале он ҳам дар заминаи навоварӣ офарида шуда буд. Ин порчаи печидае аст, ки бофта мешавад ва берун кашидани торе бидуни осеб расонидан ба бақияи порча номумкин аст”, -- шарҳ медиҳад коршинос.

XS
SM
MD
LG