Тағйири шеваи фиристодани пул аз Русия ба Тоҷикистон дар се рӯзи ахир беш аз ҳама муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳоро ба мушкил дучор кардааст. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, пештар онлайн ва ба воситаи низоми "Золотая корона" дар ҳар вақт ва аз ҳар ҷойи муносиб ба наздиконашон пул мефиристоданд, акнун барои интиқоли маблағ маҷбуранд аз минтақаҳои дурдасти Русия ба шаҳрҳо раванд.
Айёмиддин Сафоев, муҳоҷири тоҷик, дар яке аз деҳаҳои дурдасти Русия кор мекунад. Вай рӯзи 5-уми декабр гуфт, дар ҳафтодкилометрии маҳалли кораш ягон бонк нест ва ин кори ӯро мушкил мекунад.
Айни масъаларо муҳоҷирони дигар низ тасдиқ мекунанд. "Ин ҳам вақт мегирад, ҳам харҷи зиёдатӣ дорад ва эҳтимоли ҳар замон ба дасти маъмурони милиса афтодан низ бештар аст", -- гуфт Хусрав, муҳоҷири дигари тоҷик дар Русия.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр маркази миллии интиқоли пулро фаъол карданд ва аз шабакаҳои байналмилалӣ хостанд, ки ба он ҳамроҳ шаванд. Шарти асосӣ он аст, ки низомҳои байналмилалӣ дар Бонки миллӣ суратҳисоб кушода, бояд дар онҷо маблағи кофӣ захира кунанд.
То ин дам низомҳои "Юнистрим" ва "Контакт" ба он пайвастаанд. Низомҳои дигар, аз ҷумла "Золотая корона", Money Gram ва Близко ба сабаби он ки шартҳои Тоҷикистон бо қонунгузории Русия мухолифат дорад, ҳанӯз ба ин марказ ҳамроҳ нашудаанд.
Сокинон мегӯянд, пулҳои фиристода ба воситаи низомҳои фаъол дар Тоҷикистонро низ гирифта наметавонанд ё хеле ба сахтӣ мегиранд.
Наргис Муъминова, сокини шаҳри Бохтар, рӯзи 5-уми декабр дар пушти дари бонки "Эсхата" дар навбат истод ва ноумед ба хона баргашт. Ӯ ба ин тартиб ду рӯз аст, наметавонад маблағеро, ки хоҳараш аз Русия ба воситаи низоми "Юнистрим" фиристодааст, бигирад.
"Ин шабу рӯз ба пул ниёз дорам, чун кӯдаки хоҳарам дар парастории ман аст ва бояд барояш шири сунъӣ харам. Чаҳор ҳазор рубл фиристодааст, аммо дар бонк пулро надоданд," -- нақл кард ӯ.
Сафия Бустонова, хоҳари Наргис, дар як тамоси телефонӣ аз Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, аз сарнавишти пули фиристодааш, ки ба гуфтаи ӯ ба сахтӣ ба даст меояд, нигарон аст: "Ман пулро ба воситаи "Юнистрим", ки гуфтанд дар Тоҷикистон кор мекунад, фиристода будам. Дар бонк ба хоҳарам гуфтаанд, гӯиё пулро касе гирифтааст, аммо намедонем кӣ ва чӣ тавр гирифтааст. Инҷо 12 нафари дигар айни ҳамин мушкилро доранд."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вуҷуди мушкил ҳангоми фиристодану гирифтани пул хабар додаанд. Сафи онҳое, ки низ аз Тоҷикистон ба хориҷа пул фиристода наметавонанд, кам нест. Бисёриҳо пешниҳод доранд, ки Бонки Миллӣ тасмими худро бознигарӣ кунад ва интиқоли пулро ба маҷрои пешинааш баргардонад.
Бо вуҷуди интиқодҳои зиёд мақомоти Бонки Миллӣ аз тасмими худ ҳимоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар ин ҷо пеш аз ҳама масъалаи ҷилавгирӣ аз пулшӯӣ ва пуштибонӣ аз бонкҳои Тоҷикистон аст. Барои мисол, ба гуфтаи мақомоти Бонки Миллӣ, дар гузашта баъди муфлис шудани ду низоми байналмилалии интиқоли пул, аз ҷумла “Лидер” бонкҳои Тоҷикистон 20 миллион рубл зиён дидаанд.
Аммо суолҳое ҳам пайдо шуданд, ки оё таъсиси маркази ягона танҳо роҳ буд ва чаро Бонки миллӣ роҳҳои дигарро наозмудааст ва чаро ҳама амалиёти пулгузаронӣ бояд аз тариқи як марказ анҷом гирад?
Нуриддин Қаюмов, иқтисоддони тоҷик, дар масъалаи ин ки оё Бонки миллӣ мехоҳад, ба фоидаи бозори интиқоли пул шарик шавад, суҳбат накард. Ӯ гуфт, "феълан ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки мардуми тоҷик маблағи фиристодаи наздикони муҳоҷирашонро гирифта тавонанд. Бояд ин роҳро пайдо кард. Оилаҳои зиёде аз ин ҳисоб зиндагӣ мекунанд. Агар интиқоли маблағҳо мушкил эҷод кунад, пас, онҳо чӣ кор кунанд, аз гуруснагӣ бимиранд?"
Тибқи омори расмӣ муҳоҷирон дар нӯҳ моҳи имсол ба кишвар наздик ба дуним миллиард доллар фиристодаанд. Ду ҳафта пеш дар ҷаласаи порлумон гуфтанд, он дар муқоиса ба соли 2013 "хеле кам аст". Он замон муҳоҷирон беш аз 4 миллиард доллар фиристода буданд.