Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷми ҷарима ва пардохтҳо дар Тоҷикистон боло рафт. ВИДЕО


Аз моҳи январи соли оянда мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон боло хоҳад рафт. Дар се соли ахир бори саввум аст, ки мақомот ҳаҷми ҷаримаҳоро боло мебаранд ва сабаби онро ба беқурбшавии пул рабт медиҳанд.

Андозаи ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон аз рӯи "нишондиҳанда барои ҳисобҳо", шумурда мешавад. Ҳаҷми ин нишондиҳанда дар ҳоли ҳозир 55 сомонӣ аст. Аз соли нав 58 сомонӣ мешавад. Ин тағйирот дар қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2020 ворид шудааст, ки охири моҳи ноябр аз тарафи вакилони порлумон тасвиб гардид.

Дар Сарраёсати буҷаи Вазорати молия рӯзи 5-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ҳадафи асосӣ аз боло бурдани ҳаҷми ҷарима ва пардохтҳои ҳатмӣ ин таваррум ё беқурбшавии асъор аст."

Ҳамин тавр, бар асоси тағйироти нав ҳама намуди ҷаримаҳо -- шурӯъ аз вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, то ҷарима барои ҷиноятҳои сабук зиёд мешаванд. Барои мисол, агар ҷарима барои сурх гузаштан аз чароғаки роҳ то ин вақт 275 сомонӣ буд, аз моҳи январ ронандагон барои чунин қонуншиканӣ 290 сомонӣ пардохт мекунанд. Баъзе намуди боҷи гумрукӣ ва андозҳо низ тибқи қонун аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мешавад ва нархҳои онҳо низ гарон хоҳад шуд.

Ҷарима ва пардохтҳои ҳатмӣ дар Тоҷикистон гарон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Хабари боло бурдани ҷаримаҳо аз ҳоло сокинонро нигарон кардааст. Сафар Сафаралиев, соҳибкор дар Душанбе мегӯяд, боло рафтани ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар назди ӯ ва ҳамкоронаш ду интихобро мегузорад: ё нархи маҳсулотро баланд кунанд ё фойидаи худро камтар кунад.

Ҳасан, як ронандаи мусофиркаш ҳам мегӯяд, баланд будани ҷаримаҳо барои пешгирӣ аз қонуншинканӣ хуб аст, аммо дар умум набояд ин қадар баланд бошанд. “Пешниҳоди мо ин аст, ки ҷаримаро ба маоши мардум нигоҳ карда, муайян кунанд. Маош 700-800 сомонӣ, ҷарима якуним ҳазор сомонӣ,” -- афзуд ин ронанда.

Таҳлилгарон мегӯянд, гаронии ҷаримаҳо дар кишвар ба фасод роҳ мекушояд ва дар сурати поён будани мизони онҳо, албатта, аксарият онро ба таври қонунӣ пардохт мекарданд ва аз ин буҷаи давлат бештар даромад мегирифт.

Ба гуфтаи коршиносон, паёпай боло бурдани ҳаҷми пардохтҳои ҳатмӣ ва ҷаримаҳо дар се соли ахир зоҳиран ба хотири пур кардани буҷа аст. Тасмиме, ки ба гуфтаи коршиносон, инситутҳои молиявӣ аз он интиқод кардаанд.

Шамсиддин Ҷалолов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, "мо интиқодҳои инситутҳои молиявиро дар соли 2019 шунида будем, ки буҷа, бахусус қисмати иҷтимоии он набояд ба воситаи ҷаримаҳо пур шавад."

Мавзӯи гарон будани ҳаҷми ҷаримаҳо бо назардошти вазъи зиндагии мардум дар Тоҷикистон борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки сокинон дар пайи ҷаримаҳои ҳангуфт даст ба худкушӣ заданд.

Аз ҷумла, соли гузашта Олимхӯҷа Муҳаммадиев, сокини миёнсоли ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов баъди 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шудан худкушӣ карда буд. Мақомот ӯро барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани мошини писараш ин миқдор ҷарима бастанд. ​

Вале мақомот ҳамвора баланд кардани ҷаримаҳоро як роҳи пешгирӣ аз қонуншиканиҳо донистаанд ва ба дурустии он пофишорӣ доранд.

XS
SM
MD
LG