Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 мусофир дар садамаи як автобус дар Қазоқистон


Вазорати умури дохилии Қазоқистон рӯзи 3-юми декабр, гуфт, ки имрӯз, бар асари як садама 7 мусофири як автобус ба ҳалокат расиданд. Дар автобус аснои ҳаракат аз 35 то 50 мусофир ҳузур доштаанд, ки 25 нафари онҳо маҷрӯҳ шудаанд. Дар бораи ҳувияти мусофирон иттилоъ дастрас нашудааст. Амалиёти кӯмак ба зарардидагон ҷараён дорад. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ ёфтааст.

Ҳамин тариқ, дирӯз як автобуси ҳомили даҳҳо муҳоҷирони тоҷику узбек дар Қазоқистон ба садама дучор шуд. Ҳодиса дар самти Самара-Чимкент рух дод. Ба ҳангоми ҳаракат, автобус ба мошини боркаш бармехӯрад. Ҳини ҳодиса 74 муҳоҷири тоҷику узбек дар дохили мусофирбар қарор доштанд. Хушбахтона садама талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо пойҳои шикаста ба бемористон интиқол додаанд.

Тибқи фарзияи пешакӣ садама бо айби ронандаи автобус сар задаст, зеро бо суръати баланд ҳаркат доштааст. Қазоқистон бар пояи маълумоти Иттиҳоди Аврупо дар байни 5 кишваре қарор дорад, ки дар он беш аз ҳама садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳанд.

XS
SM
MD
LG