Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди рафтани Э.Раҳмон дарахтони гулгашти Кӯлоб хушкидаанд. ВИДЕО, АКС


Гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб
Гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб

Аксар дарахтони ороишӣ ва сояафкани гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб, ки моҳи сентябри имсол аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон боз шуда буд, хушкидаанд. Сокинон мегӯянд, бори аввал нест, ки мақомоти маҳаллӣ дар остонаи сафари раиси ҷумҳур ба минтақа тарҳҳоро зуду саросемавор иҷро мекунанд, аммо баъдан чунин маконҳо валангору дарахтон хушк мешаванд.

Торнамои президенти Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябри имсол хабар дод, ки гулгашти Сафар Амиршоев дар Кӯлоб бозсозӣ ва кушода шудааст. Ин манбаъ он замон навишта буд, ки дар гулгашт беш аз 600 дарахти ороишӣ ва сояафкан ва беш аз 650 ҳазор гули мавсимию доимӣ шинондаанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Вақти омадани президент ҳама медавад, баъди рафтанаш касе хабар намегирад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Дар аввал хушҳол шудем, ки президент барои мӯйсафедон як ҷойи хуб сохт. Ҳоло аксар дарахтон хушкидаанд. То кай президентро фиреб мекарда бошанд? Вақти омаданаш ҳама медавад, баъд аз рафтанаш касе нест, ки омада бинад.

Аммо сокинон мегӯянд, беш аз ними дарахтони ороишӣ хушкидаанд ва касе парвои пулҳои харҷшударо надорад. Мақомот мегӯянд, дар боғсозии гулгашт тақрибан 15 миллион сомонӣ сарф кардаанд.

Корча Зарифов, сокини шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19-уми ноябр гуфт, масъулони маҳаллӣ корро саросемавор ва сатҳӣ анҷом дода, дарахтонро дар фасли гармо шинондаанд. "То омадани президент дарахтонро нигоҳубин мекарданд, аммо баъди рафтани ӯ ду моҳ нагузашта, дарахтон хушкиданд", -- афзуд ӯ.

Ин сокини Кӯлоб мегӯяд, "дар аввал хушҳол шудем, ки президент барои мӯйсафедон як ҷойи хуб сохт. Ҳоло аксар дарахтон хушкидаанд. То кай президентро фиреб мекарда бошанд? Вақти омаданаш ҳама медавад, баъд аз рафтанаш касе нест, ки омада бинад."

Аксҳои бештарро дар ин ҷо бинед:

То замони бозсозии гулгашт дар ин макон дарахтони сояафкан ва ёдгорӣ барои афсарони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ҷойгир буд. Сокинони Кӯлоб мегӯянд, аксар вақт дар сояи дарахтони бузург истироҳат мекарданд, аммо ҳоло аз он дарахтони пешина нишоне намондааст.

Гулгашти Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб 3 гектар заминро дар бар мегирад. Бозсозии гулгаштро бо сармояи Кумитаи андоз ва Вазорати молияи Тоҷикистон ширкати "Мега техник иншоот" анҷом додааст.

Мақомоти маҳаллӣ дар Кӯлоб гуфтанд, рӯзи 17-уми ноябр вазири молия аз ин гулгашт дидан карда, аз хушкшавии дарахтон интиқод кардааст. Ба қавли манобеъ, Файзиддин Қаҳҳорзода дастур додааст, ки "ширкат бояд дарахтони нав шинонад".

Ин тарҳи аввалини ободонӣ дар минтақаи Кӯлоб нест, ки баъд аз сафар ва боздиди президент дарахтонаш хушк ва гӯшаҳое аз он вайрон мешаванд. Дар гузашта низ чандин корхона ва муассисаҳо дар ин минтақа баъди ифтитоҳи расмӣ аз сӯйи президент аз кор мондаанд.

Яке аз онҳо фабрикаи "Коргоҳи пояфзолдӯзӣ" аст, ки баъди баҳрабардории расмӣ муддате кор кард ва ҳоло пурра фаъолияташро қатъ кардааст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми октябри имсол ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи саноати кишвар аз боғу гулгаштҳои навбунёдшуда низ пурсид, бехабар аз он ки дарахтони гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар Кӯлоб рӯ ба хушкшавӣ овардаанд. Вале мақомот дар гузоришҳои худ ба раиси ҷумҳур аз чунин ҳолатҳо ёдовар нашуданд.

XS
SM
MD
LG