Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далер Шарифов: Пайкараҳои нави Душанбе чӣ маъно доранд?


Далер Шарифов, рӯзноманигор

Сохтани биноҳои баланду замонавӣ, таъмиру азнавсозии боғҳои гуногун дар гӯшаву канор, мумфаршу васеъ кардани роҳҳо, бунёди майдончаҳои варзишӣ, аҳёнан ба кор шуруъ кардани баъзе корхонаҳои хурди саноатӣ дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе, дар ду соли охир зиёд ба назар мерасад. Шаҳрдори ҷавон талош дорад корҳои зиёдтареро дар дигаргун кардани симои пойтахт анҷом бидиҳад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар як муддати кӯтоҳ чандин бинои баландошёнаи замонавӣ, боғҳои фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ, фаввораву гулгаштҳо бунёд гардида, дар ихтиёри мардум қарор гирифтаанд. Ин боиси хушҳолист.

Ҳарчанд мунаққидону огоҳон ба ин шеваи сохтан ва ҷалби сармоя ба ободкориҳо дар пойтахт назари дигар доранд. Он ба як таҳлил ва тадқиқоти фарогир ниёз дорад, то мушаххас шавад, ки раванди мазкур то куҷо мусбат ва то куҷо манфист ва чӣ пайомадҳо хоҳад дошт.

Дар ин навишта мехоҳам ба ду масъала тамаркуз намоям, ки на танҳо ҳосили бардоштҳо ва назари шахсии инҷониб аст, балки аз суҳбату мулоқоти зиёде бо сокинони пойтахт, меҳмонҳо ва дӯстонам атрофи ин мавзуъ бархостааст ва онро пешниҳоди шаҳрдори Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ниҳодҳои зери фармонаш намоям.


Масъалаи аввал ин аст, ки дар ду соли охир дар маркази шаҳр ва кӯчаҳои бузурги он дар баробари зиёд шудани гулу дарахту буттаҳо, инчунин тандиси (макет) ҳайвонҳои гуногуни олами вуҳуш низ насб гардидаанд ва ин раванд идома дорад. Ва ахиран ин анъана то ба маркази шаҳр ҳам омада расид. Дар хиёбони Рӯдакӣ дар рӯ ба рӯи театри Опера ва Балет ба номи устод С. Айнӣ қобҳои (макет) бузурги барзагов, фил, хирс, мурғобӣ ва байнашон як зан дар даст кӯдак бо аробачаи холӣ насб гардидааст. Норавшан ва нофаҳмост, ки ин тандисҳо дар маркази пойтахт чиро ифода мекарда бошанд? Дар атроф бинои Вазорати адлия, Бонки миллӣ, театри Опера ва Балет ва меҳмонхонаи Вахш ҷойгир аст. Бо ҳам омадани фил, мурғобӣ, барзагов, хирс ва як зан бо кӯдаку аробачааш дар ин макон байёнгари чист ва онҳо чӣ рабте ба адлияву бонк ва ё операву меҳмонхона дошта метавонанд?! Онҳое, ки инро тарроҳӣ карда онҷо гузоштаанд чӣ мехоҳанд?! Каме поинтар аз он бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қарор дорад, ки дар саҳни ин донишгоҳ тандиси товусҳои хурду бузург ва кабкҳо ҷойгиранд. Дар пештоқи донишгоҳ бошад акси бузурги президенти Тоҷикистон насб гардидааст. Ман фикр намекунам, ки рамзи ин донишгоҳ товусу кабк бошад. Насби тандис аз олами паррандаҳо танҳо дар саҳни Донишгоҳи миллӣ маҳдуд намешавад. Он дар гушаву канор ва кучаҳои бузурги пойтахт низ ба ҳукми анъана даромадааст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар қаламрави шаҳри Душанбе тандиси товус, кабк, бузҳо ва оҳу ба такрор насб шудаанд. Норавшан аст, ки шаҳрдор ва тарроҳони ин идея аз ин корашон чӣ мехоҳанд ва чиро мехоҳанд ба мардум бифаҳмонанд. Зеро рамзҳо симои пойтахтро барои шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ муаррифӣ мекунанд ва пойтахти кишварҳои олам бо рамзҳои хосае шинохта шудаанду мешаванд.

Дар кучаи Неъмат Қарабоев тандиси товуси бузург ва бузи куҳӣ, бузи морхур ва миёни онҳо тандиси шапарак ...оҳу ...буз... боз кабкҳову товусҳо ва мерасед ба назди бинои Кумитаи андоз, ки дар рӯ ба рӯяш як тандиси бузурги замбурро мебинед. Ками дигар меравед наздик ба бинои Агентии зиди маводи нашъаовар ва як тандиси бузурги дигареро аз олами ҳашарот мебинед... ва ҳанӯз корҳои ободонӣ дар ин кӯча, ки яке аз кӯчаҳои бузурги шаҳри Душанбе аст, идома дорад, шояд онҷо тандисҳои дигаре аз олами вуҳушу парандаҳо ё ҳашаротро насб кунанд. Ин ҳам фаромӯш нашавад, ки дар рӯ ба рӯи бозори Султони Кабир ду буз ё шояд гӯсфандони шохдор дар ҳолати ҷанг бо ҳам сохта шудаанд. Рости ин бузҳои бедум бо шохҳои тобхурдаро натавонистам ташхис кунам, ки онҳо ба оилаи гӯсфандҳо дохил мешаванд ё бузҳо? Ва ин манзара дар ин кучаи бузурги Душанбе ва рӯ ба рӯи яке аз бозорҳои машҳури Тоҷикистон, ки бо фуруши қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар техникаи маишӣ ихтисос дода шудааст баёнгари чист?!

Ин ҳолат дар кӯчаи Ҷаббор Расулов низ дида мешавад. Ба фарқ аз кӯчаи Н.Қарабоев дар кӯчаи Ҷ.Расулов дар баробари тандиси бузу гург, асп, бабри барфӣ, оҳу, мурғобӣ, хирс, рӯбоҳ, инчунин шумо метавонед қобҳои мор, каждум, муш, мурғ, хук, харгӯш ва палангро бубинед, ки дар як таркиби омехта бо ҳам ҷамъ омадаанд. Ҳарчанд дар атроф на ҷангали бузурге ҳаст ва на ягон корхонаву коргоҳе, ки рабте ба ин манзара дошта бошад. Аз ду тараф дар баробари биноҳои истиқоматӣ ва роҳҳои мошингарду якчанд мағозаву ошхона дигар чизе ба назар намерасад, ки мафҳуми ин тандисҳо онҷо пайдо гардад.

Дар кӯчаи Ҷ. Расулов тандиси гови бузурги бешох, ки дар баробари фабрикаи "Шири Душанбе" насб гардидааст мувофиқ дар ҷойи худ аст. Чун маълум аст, ки тандиси ин гови фарбеҳи ширдеҳ байонгари он аст, ки ин корхона бо шири гов фаъолият мекунад ва шояд ин тандиси гов ягона тандисе дар қаламрави шаҳр бошад, ки дар ҷои худ гузошта шуда ва мантиқӣ ба назар мерасад. Дуруст мисли шерҳои ду тарафи муҷасамаи Исмоили Сомонӣ, ки рамзи шаҳри Душанбе аст.

Боз мустақим аз Сирки давлатӣ то гардиши фабрикаи "Ширин" шумо дар роҳ як қатор ҳайвонҳо, аз ҷумлаи бузу бабри барфӣ ва уқобу оҳуро... мебинед, ки ба самти маркази шаҳри Душанбе дар ҳоли ҳаракатанд. Ба фарқ аз кучаҳои Н. Қарабов ва Ҷ. Расулов дар ин масир ин ҳайвонҳо на дар дохили сабзаву гулзор, балки дар замини хушку беобу алафу гиёҳ дар як ҳолати ғазаб дар як саф қатор ба сӯи марказ дар ҳоли ҳаракатанд.

Дар кӯчаи Ҷ. Расулов дар байни ин ҳама олами вуҳуш шумо чойники бузург бо пиёлаҳо ва табақи бузург бо кафлезу қошуқ, инчунин кӯзаҳоро ҳам метавонед вохуред.

Хулоса, на барои сокинон ва на барои сайёҳону меҳмонони хориҷӣ нофаҳмост, ки чаро пойтахти Тоҷикистонро ин ҳама олами вуҳуш муаррифӣ мекунад ва мақсад аз гузоштани ин ҳама ангораи ҳайвонот ба хотири киву барои чист? Онҳо байёнгари чистанд ва чӣ мафҳумҳоеро дар худ доран?! Ростӣ баъди суҳбатҳои бешумор бо афроди гуногун касе ёфт нашуд, ин мавзуъро шарҳ диҳад, то мо ҳам аз рози он огоҳ гардем. Шояд асрори он назди шаҳрдорӣ ва онҳоест, ки ин корҳоро анҷом медиҳанд, пас шарҳе бидиҳанд, то мо бардоштҳои ғалат надошта бошем.

Муҳтарам, Рустами Эмомалӣ ба андешаи инҷониб ин мавзуъ бисёр як мавзуъи нозук аст, ки дахолати шумо бояд ба он ҳарчӣ зудтар сурат бигирад, то шаҳри зебоямон пур аз олами вуҳушу ҳашароту паррандаҳо нагардад. Онҳое, ки ба ин корҳо завқ доранд, шояд як гӯшаи мувофиқи шаҳрро пайдо карда, дар онҷо боғе бунёд кунанд ва ҳар намунае аз ҳайвонҳоеро, ки барояшон писанд аст, ҳамонҷо тандисашро насб кунанд ва ҳаркӣ ҳам хоҳад онро онҷо тамошо кунад, вале кашондани онҳо ба кӯчаву хиёбонҳои Душанбе на танҳо мантиқӣ ба назар намерасад, балки симои ин шаҳро ба шиддат халаладору онро хандахариши хосу ом мегардонад. Ин исрофкорӣ ва бемантиқию безавқӣ кайҳост, ба ҳади ифрот расидааст. Шояд гуруҳе дар насбу ташкили чунин манзараҳо манофеи молӣ дошта бошанд. Аммо он таъсири манфӣ ва мустақим ҳам ба симои шаҳри Душанбе ҳам шаҳрдорӣ ва шахси шумо, Рустами Эмомалӣ, дар ояндаи наздик дорад.

Масаъалаи дуюме, ки мехоҳам шумо шаҳрдори муҳтарам ба он дахолат кунед, ин насби оҳанпораҳо бо шаклҳои гуногун шуруъ аз кӯчаи марказӣ ва дигар кӯчаҳои шаҳр аст, ки он ҳам ба таври анъана даромадааст. Барои мисол оҳанпораҳое, ки дар хиёбони Рӯдакӣ насб гардидааст, фазои кӯчаро бисёр танг мекунад. Ва дар рӯз ягон маъноро ифода карда наметавонад. Шояд дар шаб бо чароғон шудани ин оҳанпораҳо ягончиро дар худ ифода кунад. Аммо дар рӯз шаҳр мисле ки бо панҷараҳо иҳота шудааст ба назар мерасад. Ҳоло ин раванд дар кӯчаҳои дигари шаҳр идома дорад. Пештар гирдогириди корхонаву донишгоҳҳо бо панҷараҳои оҳанин муҳосира гардида буд. Баъд аз барчидани онҳо воқеан симои пойтахт тағйир ва кӯчаҳо мисле ки аз инҳисор озод гардида буданд. Аммо ҳоло дубора ин раванд бо шакли дигар дар кӯчаҳо идома дорад, ки дар руз ҳангоми сайругашти сокинон ва меҳмонон ягон мантиқро дар худ ифода намекунанд. Дар кучаи Н. Қарабов қариб тамоми гузаргоҳ бо чунин оҳанпораҳое иҳота шудаанд, ки ягон маъноро дар худ инъикос намекунанд. Онҳо на аз офтоби сӯзон пиёдагардонро ҳифз мекунанд на аз борони шадид. Зебо гардонидани кучаҳои шаҳр бисёр иқдоми хуб ва корест сутуданӣ, аммо он аз меъёр ва талаботу қонунҳои озинбандиву тарроҳиву рассомӣ, ки зиёд гардид аксуламали баде медиҳад. Аз тарафи дигар кӯчаҳои Душанбе онқадар васе нест бо зиёд насб гардидани оҳану оҳанпора ё тандиси ҳайвонот он метавонад кучаҳои шаҳро дар ҳолати хафақон нишон диҳад. Борони раҳмат барои зироату гулу гиёҳ хуб аст, аммо он вақте, ки аз меъёр зиёд борад ҳамаро нобуд мекунад ва ба ҷои нафъ зарар меоварад.

Аз тарафи дигар дар шаҳр ҳар иқдом ва рамзҳое, ки пайдо мешаванд, онҳо бояд ҳувият ва арзишҳои аслии тамоми манотиқи кишварро дар худ ифода кунанд. Ин рамзҳо бояд ҳангоми дидани онҳо дар сокинон ва онҳое, ки аз дигар гушаву канори кишвар меоянд ғурур номус ва ҳисси ватандориро бедор кунад. Ин рамзҳо бояд дар ахлоқ ва гуфтору кирдори пойтахтнишинон таъсиргузор бошад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, умедворам шумо ба ин ду масъала таваҷчуҳ зоҳир карда ба он дахолат мекунед ва дар ҳалли дурусти масъала саҳми худро мегузоред.

Далер Шарифов, рӯзноманигор

Аз Идора. Матолибе, ки дар гушаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG