Як хонаводаи камбизоат аз шаҳри Ваҳдат иддао дорад, ки ҷуз нафақапулӣ, аз ягон имтиёзу кӯмакпулии дигар бархӯрдор нест. Аммо идораҳои давлатӣ мегӯянд, ки ӯро дар рӯйхати камбизоатҳо ворид кардаанд.
Сияр Зубайдов, сокини 41-солаи ҷамоати Карим Исмоилов соли 2007 аз болои дарахт афтида, сутунмуҳрааш осеб дид. Ҳамчун маъюби гурӯҳи якум эътироф гашт ва 738 сомонӣ нафақа мегирад. Мегӯяд, ин маблағ барои таъмини оилаи 4-нафарааш кофӣ нест ва рӯз аз рӯз қашшоқтар мешавад. Талошҳои ҳамсари Зубайдов ҳам барои исботи камбизоат будани оилааш бенатиҷа анҷом ёфтааст.
Аммо масъулони ҷамоати Карим Исмоил, мегӯянд, Сияр Зубайдов моҳи феврали соли равон ҳамчун камбизоат эътироф шуд ва соҳиби имтиёз аст. Саъдулло Солиев, як масъули ин ҷамоат гуфт, ки ҳамсари ин мард дар воқеъ дар бораи шавҳараш ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда овард ва онҳо ин хонаводаро ҳамчун камбизоат қабул карданд. Ба гуфтаи Солиев, барои озод кардан аз пардохти як миқдори муайяни нерӯи барқ, номи ин хонаводаро ба вазорати молия пешниҳод кардаанд, аммо тасмими баъдӣ аз онҳо вобастагӣ надорад.
Оилаҳое, ки камбизоат эътироф шудаанд, ҳақ доранд, ки 250 киловат/соат нерӯи барқ дар як моҳ истифода кунанд. Сияр Зубайдов мегӯяд, ин имтиёз барояш хеле муҳим аст. Чун воқеан барои ӯ, ки вобаста ба вазъи саломатиша ба гармӣ ва барқ эҳтиёҷ дорад, пардохти пули он осон нест.
Сияр Зубайдов чандин солҳо барои камбизоат шинохтанаш талош кард ва мегӯяд, акнун 7 моҳи дигар барои шинохтани ҳақи имтиёзаш тагу дав дорад. Идораҳои давлатӣ бошанд борои ҳалли мушкили ӯ ангушти ишора сӯ ҳам мекунанд. Ҳисобкунакӣ барқ бошад мечархад ва қарзи ӯ зам мешавад.