Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коромӯзӣ дар Радиои Озодӣ


Радиои Озодӣ хоҳишмандони таҷрибаомӯзиро даъват мекунад: дар Душанбе, Прага ва Маҷозӣ ё Онлайн

Агар мехоҳед, дар ҷойҳое беҳбудӣ биёред, ки он ҷо матбуоти озод зери таҳдид аст ё вуҷуд надорад, Радиои Озодӣ барои донишҷӯён ва ҷавонон шароитеро фароҳам меорад, ки бо кормандони он ҳамкорӣ кунед ва шеваи кору рисолати онро беҳтар фаҳмед. Агар ба ин барнома пазируфта шавед, имкон хоҳед ёфт, бо ёрии мураббӣ таҷрибаи хосе ба даст оред.

Ширкаткунандагони таҷрибаомӯзӣ дар Радиои Озодӣ бар пояи як сабқат интихоб мешаванд ва барои ин барнома музд намегиранд. Мо ба рушди ҳунару лаёқати Шумо кумак мекунем ва ҳам ба ширкати Шумо дар кори як расонаи байнулмилалӣ роҳ мекушоем.

Радиои Озодӣ ҷавонони болаёқатро меҷӯяд. Шахсони интихобшуда бояд бе таъхир ба кор сар кунанд ва бояд дар Прага ё Душанбе (Тоҷикистон) бошанд. Интизор меравад, онҳо дар риштаҳои гуногуни кори Радиои Озодӣ на кам аз 3 рӯз дар ҳафта ширкат карда тавонанд. Интихоби соатҳои корӣ озод аст.

Ин ҳамкорӣ ба таври амалӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ ва тавлиди хабар ҷараён хоҳад гирифт. Ин имконияти хуб барои донишҷӯён ё хатмкунандагон хоҳад буд, ки орзу доранд, журналист шаванд ё худро дар ин ришта озмоянд ва ё дар бораи ин пеша огаҳии бештар ба даст оранд.

Барномаи кор аз хабарнигорӣ, таҳрир, эҷоди гузориши видеоӣ, наттоқӣ дар барномаи телевизионӣ ва ширкат дар кори Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иборат хоҳад буд.

ЧИРО ХОҲЕД ОМӮХТ?

  • Тарзи кор ва рисолати Радиои Озодӣ
  • Хабар чист ва чӣ гуна навишта мешавад
  • Манбаъҳои боварбахши хабар
  • Чӣ гуна бо матн ё видео метавон қиссаро бозгуфт
  • Нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар кори хабарнигор
  • Чӣ гуна метавон блог навишт ё блоги видеоӣ сохт?

КАМТАРИН ТАЛАБОТ:

  • Донишҷӯ ё хатмкардаи донишгоҳ будан
  • Донишҳои ибтидоии наворгирӣ ва таҳрири видео
  • Ҳунари хуби муошират
  • Орзуи журналисти хуб шудан
  • Лаёқати баланди навиштан ва суҳбат ба тоҷикӣ ва русӣ
  • Тавони гуфтушунид ба англисӣ
  • Тавони дарёфти маълумоти боварбахш
  • Таваҷҷуҳ ва дарки хуби шабакаҳои иҷтимоӣ
  • Тавони иҷрои кор дар муҳлати муайяншуда
  • Тавони кор дар риштаҳои гуногуни рӯзноманигорӣ
  • Бовар ба кори дастаҷамъона
  • Маълумоти кофӣ дар бораи Тоҷикистон ва умури байнулмилалӣ

Аммо бузургтарин талабот ин аст, ки шахси хоҳишманд ошиқи пешаи рӯзноманигорӣ бошад, қалам дошта бошад ва омодаи он ки ин килкро барои ҳақиқат ва адолат ва навоварию навгонӣ бифарсояд.

Радиои Озодӣ ҷавонони болаёқатро меҷӯяд! Мо мехоҳем, бо кори мо ошно шавед ва шояд битавонед, навиштаи худ, видео ё гузориши худро дар сомона ва пойгоҳҳои он мунташир кунед, муҷрии барномаҳои телевизионии мо шавед.

Аз тариқи ин сафҳа нома ва санадҳои худро фиристед.

XS
SM
MD
LG