Хабари пешниҳоди афви 20 ҳазор нафар гурӯҳе аз сокинони Тоҷикистонро ба кам шудани муҳлати ҳабси пайвандонашон, раҳоии онҳо ва ё аз ҷавобгарӣ озод шудани наздикони таҳти пайгардашон умедвор кардааст. Вале барои гурӯҳе дигар, ки ҷабрдида ҳастанд, ин хабар чандон хушҳолкунанда набудааст.
Барфимоҳ Камолова, сокини шаҳри Душанбе, хабари пешниҳоди тарҳи қонуни авфро аз расонаҳо шунидааст. Вай мегӯяд, ҳар рӯз бодиққат хабарҳоро пайгирӣ мекунад, то дар ин бора маълумоти бештар бигирад.
Писари 35-солаи ӯ тақрибан як сол боз дар маҳбас аст. Вай бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир 9,5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Камолова мегӯяд, писараш чанд моҳ пеш аз боздошт аз зиндон озод шуда буд, аммо ба иддаои модар, "ин бор гуноҳ надошт".
"Ислоҳ шуда буд, кор мекард, рӯзгори кӯдаконашро таъмин мекард. Худаш гуфт, ки очаҷон, ҳамин дафъа гунаҳкор набудам", -- нақл кард ин сокини Душанбе.
Барфимоҳ бознишаста аст ва мегӯяд, таъмини зиндагии се фарзанди хурдсоли писарашро ҳам ба уҳда дорад. Эълони афв ӯро ба наздик шудани озодии писараш аз зиндон умедвор кардааст: "Як-ду вакили мудофеъро пурсидам. Онҳо гуфтанд, ки парвандаи писари ман ҳам ба афв шомил мешавад."
Қонуни афв дар остонаи ҷашни 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон аз сӯи раиси ҷумҳур ба порлумон пешниҳод шуд. Бар пояи ин қонун гуноҳи беш аз 20 ҳазор нафар бахшида мешавад, аз ҷумла занону ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурӯҳи 1, 2, 3, онҳое, ки аз беэҳтиётӣ даст ба ҷиноят задаанд ва онҳое, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон сангин ва миёна содир кардаанд.
Вале маълум нест, оё ин афв ба афроде, ки ба гуфтаи пайвандонашон ва созмонҳои байналмилалӣ бо ангезаҳои сиёсӣ ва ҳимояташон аз мухолифин дар зиндон ҳастанд, дахл дорад, ё не. Баъзе аз ҳуқуқшиносон бо таваҷҷуҳ ба таҷрубаҳои пешина тахмин мезананд, ки "эҳтимол чанд моҳ ё чанд сол аз ҳукми онҳо кам карда шавад".
Вакилони мардумии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта тарҳи Қонуни афвро дар ҷаласаи шӯрои маҷлис баррасӣ карданд. Дар сурати тасвиб, тарҳи қонун ба Маҷлиси миллӣ ва сипас барои имзо ба раиси ҷумҳур фиристода мешавад. Мақомот гуфтаанд, ки қонун бояд дар аввалҳои моҳи ноябр ҳукми иҷро бигирад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Хабари деринтизори эълони авф пайвандони аксар маҳбусонро дар Тоҷикистон ба суроғи вакилону ҳуқуқшиносон бурдааст. Ҳамаи онҳо мехоҳанд бидонанд, ки оё парвандаи наздикони онҳо ба қонуни авф ворид мешавад, ё на.
Ба гуфтаи баъзе аз ҳуқуқшиносон, дар баробари ин умедвориву хушҳолиҳо қонуни афв барои гурӯҳе аз мардум мояи нигаронӣ ҳам ҳаст. Қаюм Юсуфов, вакили мудофеи тоҷик, рӯзи 21-уми октябр гуфт, "ин гурӯҳ ҷабрдида ҳастанд. Онҳо дар ҳодисае наздикони худро аз даст додаанд, ё молу дороиро. Бо ҳукми додгоҳ айби гунаҳкор исбот шуда, нисбат ба ӯ ҷазо таъйин шудааст. Ин ҳам таскини дили ҷабрдида буд, ки адолат барқарор шуд ва шахси гунаҳкор ҷазояшро дид. Онҳо акнун дар ташвишанд, ки ҷинояткор то охири муҳлат ҷазо нагирифта, озод мешавад."
Масъалаи дигаре, ки дар ҷомеа нигарониро ба вуҷуд овардааст, ин аст, ки мақомот то куҷо барои қабули теъдоди зиёди зиндониён дар озодӣ ва фароҳам сохтани ҷойи кор ба онҳо омодаанд? Бархе инро ҳам аз эҳтимол дур намедонанд, ки дар пайи афсурдагӣ аз бекорӣ афроди авфшуда дубора даст ба ҷиноят хоҳанд зад.
"Мардуме, ки аз зиндон озод мешаванд, ҷойи кор ёфта наметавонанд, ба муҳоҷират рафтан ҳам барои онҳо мушкил аст. Ба сабабе, ки ҷойи кор ва манбаи даромад надоранд, мумкин аст, дубора даст ба ҷиноят зананд ва боз ба зиндон раванд", -- гуфт вакили мудофеъ Қаюм Юсуфов.
Қонуни афв бори охир дар Тоҷикистон моҳи августи соли 2016 ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлол қабул шуда буд, ки бар асоси он 12 ҳазор маҳбусу афроди гумонбар ба содир кардани ҷиноятҳои мухталиф ба назди пайвандонашон баргаштанд.
Соли 2012 мақомоти Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки ҳангоми татбиқи афви ҳамон сол беш аз 100 маҳбус "бо истифода аз асноди қалбакии бемории сил афв шудаву аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод гаштаанд". Бархе аз сокинон мегӯянд, ин хавф ҳанӯз ҳам ҳаст, вале дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, "ба раисони судҳо супориш дода шуд, ки татбиқи қонуни афвро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд ва риояи ҳатмии талаботи қонуни мазкур ба роҳ монда шавад."