Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё драматургияи тоҷик ба бӯҳрон рӯбарӯ аст?


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни драманависони тоҷик ба истиқболи 30-умин солгарди Истиқлоли кишварро бидуни муаллифи пирӯз, ҷамъбаст кард. Аммо соҳиби ҷоизаи дувум ва севум ду нафарӣ ва соҳиби ҷоизаи ҳавасмандкунӣ, собиқ хабарнигори бахши узбекии радиои Бӣ-Бӣ-Сӣ, дониста шуданд. Соҳибназарон мегӯянд, драмнависии тоҷик бо бӯҳроне рӯбарӯ аст.

Шўрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон бахшида ба 30-солагии истиқлоли кишварро ҷамъбаст кард, ҳайати Шўрои бадеии ин вазорат ба натиҷае расидааст‚ ки ҷойи аввал ба ягон асар дода нашавад.

Тибқи иттилои маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ду намоишнома -- мазҳакаи Ҷумъа Қуддус "Чашмаи тилло" ва драмаи Шодӣ Солеҳ "Атои Худо", сазовори ҷойи дувум дониста шуданд. Ҷойи севумро низ ду асари драмавии дигар - драмаи Абдувадут Файзиев "Гулдаста" ва драмаи Ҳалим Шариф "Подоши заҳмат", соҳиб шудаанд.

Ҷумъа Қуддус, драмнависи тоҷик 14-октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар чунин озмунҳо ихтисоси ҷойи аввал аслан чандон муҳим нест. Ба эътиқоди вай, муҳим дар миёни ду намоишномаи беҳтарин мазҳакаи вай низ сазовори ҷоиза шудааст.

Дар посух ба ин савол, ки мавзӯи меҳварии ин намоишнома аз чӣ иборат аст, Ҷумъа Қуддус гуфт, "намоишнома дар бораи чашмае ҳикоят мекунад, ки дар он гаҳ-гоҳе мардум тангаи тиллоӣ пайдо мекунанд ва ба ин тартиб орзуҳои ин шахс амалӣ мешаванд, вале қаҳрамони асосии ин мазҳака зан аст ва ин амр мувофиқ ба равандҳои ҷаҳоние аст, ки зан дар баробари мард, ба иҷрои ҳамаи корҳо муваффақ шудааст.

Нуктаи ҷолиб ин аст, ки дар озмуни драмнависони соли ҷорӣ ин дувумин асарест, ки ба мавзӯи занҳо бахшида шуда, сазовори ҷоизаи ҳавасмандкунӣ мешавад. Драмаи Урунбой Усмонов, собиқ хабарнигори бахши узбекии радиои ВВС "Муқаддас" низ ба сарнавишти зане бахшида шудааст, ки дар роҳи зиндагиаш бо хиёнат ва ноадолатии замондорон рӯбарӯ мешавад. Урунбой Усмонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар охирин лаҳза драмаи худро ба ин озмун пешниҳод карда ва интизори ҷоизае набуд.

Аммо саволи матраҳ ин аст, ки чаро дар озмуни драмнависони бахшида ба 30-юмин солгарди истиқлолия Тоҷикистон асари беҳтарин интихоб карда нашуд. Нур Табаров, драмнависи машҳури тоҷик дар посух ба ин савол, ки ба чӣ далел чунин ҳолат сурат гирифт, гуфт, ки бо эҳтимоли зиёд драмнависони қавӣ аз баргузории чунин озмун иттилои кофӣ дарёфт накардаанд.

Ҷаноби Табаров афзуд, "мутаассифона, ҳоло замоне фаро расида, ки на танҳо драмнависи асилро пайдо кардан душвор аст, балки коргардону ҳунармандони хуберо барои иҷрои ин намоишнома ёфтан сахт мушкил шудааст. Ман дар театрҳои Ҷавонон ва Маяковский танҳо ду коргардонеро медонам, ки метавонанд намоишномаро бо сифати худ рӯйи саҳна намоиш диҳанд".

Аммо бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки дар солҳои ахир на танҳо арсаи драмнависӣ, балкӣ синамогарӣ ва ҳатто офаридани асарҳои бадеӣ дар Тоҷикистон низ бо камбуди муаллифони ҳирфаӣ мувоҷеҳ аст. Одили Нозир, шореҳи фарҳангии ҳафтаномаи "Тоҷикистон" дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тӯли солҳои ахир тақрибан ҳамаи намоишномаҳои театрҳои пойтахт ва минтақаро дар ҷашнвораҳои театрӣ тамошо кардааст. Ба эътиқоди вай, драмнависони тоҷик ба бӯҳроне гирифторанд, ки бояд роҳҳи баромадан аз ин ҳолат ба зудӣ пайдо карда шавад.

Одили Нозир афзуд, театрҳо ба далели набудани муаллифони қавӣ рӯй ба осори классикҳои адабиёт рӯй овардаанд ва аз ҷумла, театри ба номи Лоҳутӣ, Аҳорун ва Ҷавонон пайи ҳам аз рӯйи достонҳои "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ намоишнома иҷро мекунанд. "Муаллифи ин намоишномаҳо марҳум Сотим Улуғзода аст. Касбияти коргардонҳо ва ҳунармандони театрҳои тоҷик ба ҳадде пойин рафтааст, ки ҳатто зимни тамошои асарҳои Антон Чехов ба сатҳи тарҷума ва иҷрои он танҳо хандаи кас меояд",-мегӯяд Одили Нозир.

Нозири Одил афзуд, бо дарназардошти ин нуқта ҳоло фурсате расидааст, ки мақомот сареан барои тарбияи драмнависони ҳирфаӣ ва ҷавони тоҷик иқдом кунанд. Агар шароити омӯзиши онҳо дар Тоҷикистон фароҳам набошад, пас, бояд ҷавонони боистеъдодро барои омӯзиш ба донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ фиристод.

Дар ҳамин ҳол, маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки драмаҳои ғолиб дар ин озмун ба шакли маҷмӯа нашр шуда, ба ҳамаи театрҳои кишвар фиристода мешавад.

XS
SM
MD
LG