Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даромади қариб 70%-и оилаҳо дар Тоҷикистон пули фиристодаи муҳоҷирон будааст


Убайдулло, сокини 35-солаи вилояти Хатлон, баъд аз як муддати кор дар идораҳои давлатӣ бо сабаби камии маош аз идомаи фаъолият даст кашид ва ба сафи бекорони хонаводаи даҳнафариашон пайваст. Ҳоло танҳо падараш маош мегирад, аммо чархи зиндагии онҳо, ки дар байнашон занони хонанишин, кӯдакон ва донишҷӯён низ ҳастанд, бо мусоидати ду бародари муҳоҷираш ҳаракат мекунад.

Бародарони Убайдулло беш аз даҳ сол боз аз ҳисоби кор дар як нуқтаи мошиншӯии Маскав даромад мебинанд. "То замони ҷорӣ шудани патент моҳе тахминан 500-600 доллар мефиристоданд. Ҳоло ҳар моҳ 100-200 доллар мефиристанд. Ин пул хеле кам аст ва бо 1000-2000 сомонӣ танҳо ғизо захира мекунему бас. Барои либос намерасад ва ҷамъ карда намешавад", -- нақл кард Убайдулло рӯзи 13-уми октябр.

Мусоҳиби мо афзуд, даромади бародаронаш ҳам вобаста ба мавсим каму зиёд мешавад.

Ин як намунаи оилаҳо дар Тоҷикистон аст, ки аз ҳисоби даромади фарзандони муҳоҷирашон зиндагиро пеш мебаранд. Бар асоси ҳисобҳои гуногун, бо сабаби баланд будани бекорӣ ва камбуди ҷойи кор дар дохили Тоҷикистон, соле беш аз 1 миллион аҳолии кишвар дар Русия барои кору зиндагӣ мераванд.

Аммо солҳои охир дар ин маврид ихтилофе миёни омори ҷониби Тоҷикистон ва Русия ба вуҷуд омадааст. Мақомоти Русия шумораи муҳоҷиронро беш аз як миллион нафар медонанд, аммо омори Тоҷикистон онро тақрибан ним миллион шумурдааст ва иддао дорад, ки бо нияти кор ба хориҷ рафтани тоҷикон камтар шудааст. Иддаое, ки сокинон ба он бо шубҳа менигаранд.

Дар як пурсиши Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии Бонки Миллии Тоҷикистон маълум шудааст, ки наздики 70 дарсади хонаводаҳо дар кишвар аз ҳисоби наздиконашон дар муҳоҷират зиндагиро пеш мебаранд. Таҳқиқоте, ки бар пояи сӯҳбат бо беш аз 2 ҳазор сокини Тоҷикистон тобистони имсол анҷом шудааст, мегӯяд, боқӣ 30 дарсади аҳолӣ аз ҳисоби дигар -- кумакҳои хешовандон ва даромад аз ҷойи кор -- зиндагӣ мекунанд.

Муҳаққиқони Бонки Миллӣ инчунин аз сокинон пурсидаанд, ки оё пулҳои фиристодаи муҳоҷиронро ба чӣ сарф мекунанд? Маълум шудааст, ки ҳар нафари панҷуму шашум маблағҳои наздиконашро барои харид ва ё сохтмони манзил харҷ мекардааст. 11 дарсад ва ё тақрибан ҳар нафари даҳум бо пулҳои наздиконашон тӯю маърака баргузор мекунанд. Боқимондаҳо ваё дарсади камтар ин пулҳоро барои хариди мошин, пешбурди тиҷорат ваё хариди ҷавоҳирот сарф мекунанд.

Бонки марказии Русия гуфт, соли 2018 ҳаҷми пулҳои фиристодаи шахсони инфиродӣ ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар ва дар нимсолаи аввали соли 2019 – 1,1 миллиард долларро ташкил дод. Ин маблағ ду баробар камтар назар ба нишондодҳои соли 2013 аст, ки он замон муҳоҷирон беш аз 4 миллиард доллар ба Тоҷикистон интиқол дода буданд. Бӯҳрони иқтисодии Русия ва бо сабаби ғасби нимҷазираи Қрим ва пуштибонии Маскав аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина зери таҳрими Ғарб қарор гирифтани ин кишвар, на танҳо ба нишондодҳои иқтисодӣ, балки ба бозори кори муҳоҷирони хориҷӣ ҳам таъсир гузошт.

Вале бо вуҷуди аз ду то се баробар кам шудани даромади муҳоҷирон ва пули фиристодаи онҳо ба ватан дар солҳои баъди 2015, барои кишвари мисли Тоҷикистон Русия муҳимтарин ҷои кору даромад монд.

Таҳлилгарони иқтисодӣ мегӯянд, агар пеш аз ин ҳодисаҳо дар баъзе гӯшаҳои Тоҷикистон нишондодҳои некӯаҳволӣ болотар рафта, даромади муҳоҷирон боиси як андоза зинда шудани тиҷорат ва соҳибкории хурду миёна шуд, ҳоло дубора даромади муҳоҷирон бештар харҷи ғизо ва мешавад. Имкони барои захира, рушд ваё роҳандозӣ шудани кори наве ҷамъоварӣ шудани маблағҳо вуҷуд надорад.

Рӯзноманигори оҷонсии “Азия-Плюс” Пайрав Чоршанбиев, ки бештар дар масъалаҳои иқтисодӣ менависад, гуфт, бар асоси омори мухталиф мизони хароҷоти хешовандони муҳоҷирон аз ҳисоби пулҳои интиқолии онҳо аз 60 то 90 дарсадро ташкил медиҳад. Ӯ мегӯяд, барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия “касе кори сердаромад пешниҳод намекунад. Онҳоро ба коре ҷалб мекунанд, ки музди меҳнати ночиз дорад. Қисме аз даромадашон барои харҷи патенти ҳармоҳа, қисме барои иҷораи манзил сарф мешавад ва агар 200-300 доллараш монд, онро ба хона мефиристанд."

Чоршанбиев мегӯяд, бенавоӣ ё сатҳи қашшоқӣ дар Тоҷикистон расман 30 дарсади аҳолиро фаро мегирад ва ин ҳам ҳамоно баланд аст.

Русия ҳоло ҳам дар шароити таҳримҳо ба сар мебарад ва дар фурсати наздик, ба андешаи ин таҳлилгар, умед бастан ба ин ки аз ҳисоби даромади муҳоҷирон дар Тоҷикистон мешавад як андоза бахши хусусиро такон дод, имкон надорад.

Айни замон, аксар коршиносон бо ин андеша мувофиқанд, ки ҳарчанд пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ду ё се баробар кам шудааст, онҳо манбаи муҳими ҳифзи суботи иҷтимоӣ дар кишвар мемонанд.

"Онҳо на танҳо оилаҳои худро таъмин мекунанд, балки аз ҳисоби андозе, ки месупоранд, бонкҳо фоида мебинанд. Гардиши берунаи савдои Тоҷикистон ҳам аксаран аз ҳисоби асъоре таъмин мешавад, ки муҳоҷирон ирсол мекунанд. Барои муҳоҷирон бояд дар Тоҷикистон ҳайкал гузоранд, ки заҳматҳои онҳо на танҳо дар баробари оилаҳояшон, балки дар баробари кулли иқтисоди кишвар қадрдонӣ шавад", -- гуфт як ҳамсуҳбати мо.

Дар гузашта масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон гуфта буданд, муҳоҷирон он қадар пуле намефиристанд, ки кишвар аз онҳо вобаста бошад". Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти матбуотии 23-юми январи соли 2017 аз хабарнигорон хост, зиёд болои пули муҳоҷирони тоҷик ва таъсири он ба иқтисоди кишвар таъкид накунанд. Аммо баъд аз тақрибан як соли он раиси Бонки Миллии Тоҷикистон – эътироф кард, ки интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз хориҷа ба кишвар кам шуда ва ин раванд ба сармоягузории бахшҳои дигар, аз ҷумла кори бонкҳо таъсир гузоштааст.

Ҳукумати Русия квотаҳои корӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2020 таъйин кард ва бар асоси он, соҳаи сохтмон омода аст то 80 дарсад кориро ба хориҷиҳо бидиҳад. Бахши кишоварзӣ ё меваву сабзавотпарварӣ дарсади ҷойҳоро ба хориҷиҳо медиҳад, вале бахши тиҷорату савдо барои муҳоҷирон дастнорас мемонад. Дар баъзе аз минтақаҳои Русия соҳаи нақлиёт 26 дарсад барои муҳоҷирон квота пешбинӣ кардааст.

Таҳқиқи Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2019 маълум кард, ки 78 дар сади маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон асосан аз Русия меояд.

XS
SM
MD
LG