Моҳи сентябри соли оянда дар Панҷакент аз 5500-солагии шаҳри қадимии Саразм таҷлил мешавад. Аммо донишмандон мегӯянд, ки то кунун танҳо дар бахши хурде ин шаҳри қадимии тоҷикон умури ҳафриётӣ анҷом ёфта, беш аз 90 дарсади Саразми бостонӣ ҳамчунон зери хок маҳфуз аст. Шаҳраки қадимии Саразм дар 250-километрии шимолу ғарби Душанбе ва дар наздикии марз бо вилояти Самарқанди Узбекистон воқеъ аст.
Нуриддин Сайфуллоев, мудири бахши бостоншиносии Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти кишвар талош дорад то ба воситаи ҷашни ин шаҳри қадимӣ таърихи бойи тоҷиконро ба ҷаҳониён ба намоиш гузорад. Ӯ афзуд, иттилоъ дар бораи вуҷуди ин шаҳри қадимӣ дар солҳои Шӯравӣ ба даст омада буд, аммо танҳо дар солҳои истиқлол бостоншиносон тавонистанд ҳафриётеро дар маҳалли ин шаҳри қадимӣ оғоз кунанд.
"Феълан танҳо дар 17 гектар замини шаҳрак умури ҳафриётӣ анҷом шудааст. Дар маҷмӯъ, масоҳати шаҳр ҳудуди 300 гектар аст. Қисмати замине, ки дар он ҷо умури ҳафриётӣ анҷом дода шудааст, зери болопӯш қарор дорад. Сокинони атрофи ин маҳал дастур гирифтаанд, ки дигар ба сохтмони манзил ва боғдорӣ машғул нашванд, зеро ин ҳарду метавонад ба осори қадимии дар зери замин буда осеб расонад",-шарҳ дод ӯ.
То ҳол бостоншиносон чанд манзилу оромгоҳи маликаи Саразмро кашф кардаанд ва устухону ҷавоҳироти малика дар осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст. Нуриддин Сайфуллоев раванди кунди ҳафриёт дар Саразмро ба душвории ковишҳои бостоншиносӣ рабт дод. Зеро, ба гуфтаи вай, бостоншиносон наметавонанд бо белу каланд ковишҳоро анҷом бидиҳанд, силоҳи онҳо танҳо панҷаву теғ ва асбоби кӯчаку нарми ҳафриётӣ аст.
Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон ва яке аз масъулони Кумитаи тадорукоти ҷашнӣ, феълан дар Саразм чаҳор гурӯҳи бостоншиносон аз Душанбеву "Эрмитаж"-и Петербург, Фаронсаву Олмон ва Италияву Амрико машғули ковишҳо ҳастанд ва ҳамарӯза то 30-40 сайёҳи хориҷӣ бозёфтҳои онҳоро тамошо мекунанд.
Манучеҳр Каримов, як донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар вақти холии худ ба ин маҳал рафта, довталабона ба бостоншиносон ёрӣ мекунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ аз шароити номуносиб барои ташрифи сайёҳон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, "дилам ба ин сайёҳон месӯзад, зеро барои ташрифи онҳо ҳеҷ шароите, ҳатто об вуҷуд надорад. Ҳарчанд билети тамошои ин ҳафриёт то 40 сомонӣ арзиш дорад. Дар сурати муносиб имкон вуҷуд дорад, ки аз пули сайёҳон идомаи ковишҳои бостоншиносӣ идома дода шавад".
Бархе аз сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Чех, Русия ва Бритониё ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз сомонаҳои иттилотӣ дар бораи ковишҳои бостоншиносӣ дар Саразм огаҳӣ пайдо карда, ба тамошои ин маҳал омадаанд. Онҳо афзуданд, ки наздикӣ бо марзи Узбекистон ба онҳо имкон медиҳад, баъд аз тамошои Самарқанди бостонӣ озими Саразм шаванд.
Ин дар ҳолест, ки чанде аз шунавандагони Радиои Озодӣ аз шаҳри Панҷакент бо идораи мо дар тамос шуда, шикоят карданд, ки мақомоти маҳаллӣ барои баргузории маросими ҷашнӣ аз сокинон пул талаб доранд. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо ва яке аз масъулони Кумитаи тадорукоти ҷашнӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин иддаоро бепоя хонд.
Вай гуфт, "ҳукумати Тоҷикистон барои ковишҳои ҳафриётӣ маблағи зарурӣ ҷудо кардааст ва ин пул барои ҳамаи ковишҳои дар Саразм кофӣ аст. Мо ниёзе ба як сомонии мардуми оддӣ надорем. Мутмаинам, мақомоти маҳаллии шаҳри Панҷакент низ чунин дастуре надодаанд. Агар касе даъвое дошта бошад, бигзор ба ман шахсан ба унвони муовини раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 5500-солагии Саразм муроҷиат кунад. Соҳибкорон аз маблағҳои худ меҳмонхонаҳо сохта, ба ободонии маҳал машғуланд".
Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 2-юми майи имсол дар бораи таҷлили 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм қарореро тасвиб кард. Дар ин қарор гуфта мешавад, ки 5500-солагии Саразм "чун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон 12-уми сентябри соли 2020 дар Панҷакент ҷашн гирифта шавад".
Ҳукумати Тоҷикистон барои таҷлили ин ҷашн аз ҳисоби будҷаи кишвар ва вилояти Суғд дар маҷмӯъ беш аз 66 миллион сомонӣ, муодили шаш миллион доллар ҷудо кардааст. Аз ҳисоби маблағҳо гунбази мақбараи Абдуабдуллоҳ Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик таъмир шуда, ҳамчунон дар Панҷакент як китобхона ва беморхонаи 720-бистара сохта мешавад.
Ҳамчунон дар доираи ин ҷашн таҳия ва нашри китоби суратҳо дар назар аст. Тибқи нақша, идораи "Тоҷикфилм" дар бораи шаҳри қадимаи Саразм таърих ва фарҳанги он филми мустанад бояд ба навор бигирад.
Таърихдонҳо пайдоиши шаҳри бостонии Саразмро, ки харобаҳои он дар 15-километрии шаҳри кунунии Панҷакент қарор дорад, ба асрҳои IV-II-и то милод мансуб медонанд. Тоҷикистон соли 2008 барои ба рӯйхати мероси тамаддуни башарӣ ворид кардани Саразм дархост дод ва соли 2010 ЮНЕСКО онро пазируфт. Ҳамаи масоили илмии пайдо шудани шаҳри қадимии Саразм дар ҳамоиши илмие дар Панҷакент 10 ва 11-уми сентябри соли оянда баррасӣ хоҳад шуд.