Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мустафо Ҳаётов бо як навори видеоӣ аз Душанбе паём дод


Мустафо Ҳаётов дар як навори видеоӣ дар Душанбе.
Мустафо Ҳаётов дар як навори видеоӣ дар Душанбе.

Мустафо Ҳаётов, узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24", ки 25-уми сентябр аз Лаҳистон (Полша) ихроҷ шуд, дар навори видеоие хабар дод, ки дар Душанбе қарор дорад.

Навори сӯҳбати беш аз дудақиқаии ӯ рӯзи 5-уми октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Дар он Ҳаётов дар маркази Душанбе дида мешавад, вале маълум нест, навор дар чӣ шароит сабт шудааст.

Пештар созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" аз ихроҷи ӯ аз Лаҳистон нигаронӣ карда ва гуфта буданд, ки ӯ дар ватан бо шиканҷа рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Мустафо Ҳаётови 25-сола се сол баъд аз ворид шудан ба Лаҳистон ва дархости паноҳандагиву ҳаққи иқомат дар ин кишвар посухи рад гирифт ва ихроҷ шуд.

Ӯ дар ин навор мегӯяд, соли 2014 узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” шуд ва соли 2016 ба Аврупо рафт.

Мустафо Ҳаётов аз зиндагиаш дар Олмон ва Лаҳистон ёд оварда ва гуфтааст, вақте фаҳмид, ки "ин корҳо фоида надоранд, хост ба кишвараш баргардад".

“Вақте ба кишвар баргаштам, дар фурудгоҳ маро хешу таборам пешвоз гирифтанд. Ростӣ, чанд рӯз бо хешовандонам будам ва хеле хушҳолам, ки дар ватани азизам қарор дорам”, -- мегӯяд ӯ.

Сӯҳроб Зафар, раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки чунин наворҳо зери назари мақомот сабт мешаванд. Ӯ шиканҷа шудани Ҳаётовро аз эҳтимол дур надонист.

Нуриддин Ризоӣ, як фаъоли дигари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи «Гурӯҳи 24» мегӯяд, навори "бозгашт бо ихтиёри худ" зери фишори маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бардошта шудааст.

Мақомот ҳанӯз дар бораи ин иддао ва қазияи Ҳаётов изҳори назар накардаанд.

Ба гуфтаи Ризоӣ, агар Мустафо Ҳаётов хоҳиши ба Тоҷикистон баргаштан медошт, 11 рӯз бо нишони эътироз аз қарори ихроҷаш гуруснанишинӣ намекард. «Ӯ бо хоҳиши худ барнагаштааст, балки ӯро таслим карданд»,--гуфт ӯ.

Аммо Мустафо Ҳаётов дар навори видеоӣ мегӯяд, ки ӯро афв кардаанд ва ҳоло озод аст. “Шумо дар он ҷо мегуфтед, ки агар он ҷо равед, шиканҷа мешавед. Ростӣ касе ба ман кор надорад”,--гуфт ӯ.

Ин ҷавон дар ҳоле аз озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноӣ сӯҳбат мекунад, ки қаблан мақомот гуфта буданд, ки нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ вуҷуд надорад ва ҷустуҷӯ намешавад.

Ҳоло ин ҷавон ҳарфҳоеро ба забон меорад, ки хилофи гуфтаи вакилаш аст.

Томаш Шовуха, вакили мудофеи ӯ дар Лаҳистон, рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Ҳаётов аз қарори додгоҳ дар бораи ихроҷаш ба Тоҷикистон бисёр нороҳат буд, чун ки мегуфт, "ба ӯ дар ватан бадрафторӣ ва шиканҷа" ва "беш аз 12 соли зиндон таҳдид мекунад".

Масъулони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" мегӯянд, Ҳаётов дар Русия ба «Гурӯҳи 24» пайваста, масъули тарғиби фаъолиятҳои ҳаракат дар шабакаҳои иҷтимоӣ будааст.

Ба гуфтаи онҳо, Ҳаётов нахустин паноҳҷӯи сиёсӣ аз Тоҷикистон аст, ки аз ин кишвари аврупоӣ ихроҷ шуд.

Вакили дифоъ Томаш Шовуха ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳаётов муқаррароти буду боши паноҳҷӯёни хориҷиро дар Лаҳистон поймол кард ва соли 2018 ӯро мақомоти Олмон дар хоки ин кишвар боздошт ва ба Варшава фиристоданд.

Аз тобистони соли гузашта то рӯзи 25-уми сентябр ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Лешно Воли дар наздикиҳои Варшава нигаҳдорӣ мешуд.

“Ӯро зӯран ва бархилофи аризаи бозбинӣ шудани ҳукми сеюми додгоҳ ихроҷ карданд”,-- гуфт Шовуха.

Вагарна, ба қавли вакил, боз шаш моҳи дигар имкони бозбинӣ шудани парвандаи Ҳаётов вуҷуд дошт.

Мустафо Ҳаётов яке аз даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ва узви созмони дар ин кишвар мамнӯи “Гурӯҳи 24”аст,ки аз мақомоти Лаҳистон дархости ҳаққи паноҳандагӣ карда буд. Аксари онҳо дар чаҳор-панҷ соли гузашта, баъди содир шудани ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар бораи мамнӯъ шудани ин ташаккули сиёсӣ кишварро тарк карда, аз Лаҳистону кишварҳои дигари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ карданд.

"Гурӯҳи 24”-ро Умаралӣ Қувватов, тоҷири тоҷик, ки соли 2012 Тоҷикистонро тарк карда буд, дар Маскав таъсис дод. Ӯ баҳори соли 2015 дар Туркия кушта шуд. Аъзои ин созмон дар ташкили куштори Қувватов мақомоти Тоҷикистонро гунаҳкор карданд. Мақомот ин иддаоро рад кардаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон "Гурӯҳи 24"-ро соли 2014 як ҳаракати экстремистӣ хонд ва фаъолияти онро дар ҳудуди кишвар манъ кард. Чанде аз аъзои он боздошт ва ба солҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG