Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро сафири Амрико дар Тоҷикистон ночор шуд?


Мирзонабии Холиқзод
Мирзонабии Холиқзод

“Рузи забон” ва даъватҳо аз ҳар тараф ба арҷгузории забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ маро ба ёди воқеае бурд, ки тақрибан ҳаждаҳ сол пеш руй дода буд.

Президенти Тоҷикистон сафири вақти Амрикоро дар Қасри президент дар хиёбони Рудакӣ ба ҳузур пазируфт. Пас аз мулоқот ҷаноби сафир берун омад, дасташро ба ишораи "биёед, суҳбат мекунем", афшонд ва гуфт “ҳар касе тоҷикӣ медонад, ба ман суол диҳад”.

Чунини даъват ғайримунтазира буд. Гурӯҳи журналистони расонаҳои тоҷикзабон ба назди сафир давиданд, вале он даъват хабарнигорони русизабонро, ки аксарашон дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, вале забони тоҷикиро намедонистанд, ҳайрону нороҳат кард. Пас аз суолу ҷавоб бо сафир баъзе посухҳои ӯро барои журналистони русизабон тарҷума ҳам кардем, то аз иттилоъ бенасиб намоннанд.

Аз ин бархурди ҷаноби сафир дар ин мулоқот то андозае бо ҳисси қаноатмандӣ ва ифтихор аз Қасри президент берун шудему гузоришҳои худро дар бораи ин вохурӣ пахш кардем.

Вақте ман ин руйдодро ба журналистоне, ки дар роҳ медидам ва дар нишастҳо вомехурдам, нақл мекардам, онҳо мегуфтанд: “Аҷиб аст, бубинед сафири Амрико ба тоҷикӣ ҳарф мезанад, пас забони давлатиро эҳтиром мекунад!”

Аз он воқеа чанд моҳ гузашту боз мулоқоти президенти Тоҷикистон бо сафири Амрико сурат гирифт ва мо, хабарнигорон, пушти дар мунтазири берун омадани ӯ шудем. Журналистони русизабон моро пеш гузаронда, худ андаке ақибтар меистоданд.

Вақте сафир ба назди хабарнигорон баромад дасташро бардошт ва гуфт: "Ҳар касе русӣ медонад, суол диҳад."

Мо хабарнигорони тоҷикзабон дар тааҷҷуб мондем. Дигар фурсати баҳс набуд, ки сабаб пурсем, яъне чаро чанд муддат қабл мегуфтед, ки тоҷикӣ суол диҳед, ҳоло мегӯед, русӣ.

Пас аз суолу ҷавоби сафир ба назди тарҷумони ӯ рафтам ва пурсидам, ки чаро чунин шуд?

Малум шуд, сафир ҳарчанд пеш аз омаданаш ба Тоҷикистон бо тамоми нерӯ тоҷикиро омӯхтааст, дар байни камтар аз ним сол дарк кард, ки бояд русӣ суолу ҷавоб кунад. Сабаб дар он буд, ки ба номаҳои тоҷикию англисии сафорат вазорату мақомот ба русӣ посух менавиштанд ва мулоқотҳояш бо мансабдорон ба русӣ ҷараён мегирифтаанд.

Бархе аз ҳампешагон, ки гуфтаҳои пешинаи маро шунида буданд, акнун ришханд мезаданд.

Баъдтар вақте ки мо дар нишастҳои хабарӣ ва мулоқоту ҳамоишҳо ширкат мекардем ва медидем, ки бархе мансабдорон бо забони олуда суҳбат мекарданд.

Имрӯз вазъ каме тағйир кардааст, аммо дар мулоқот бо аҳли зиё рӯзи 4 октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳарчанд "забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид", ғалатгӯиву ғалатнависӣ ва омехтасозии забон боиси нигаронист.

Вай афзуд: "Бо вуҷуди ин, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадоранд, ки иҷрои ҳатмии талаботи қонуни мазкурро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда, барои риояи меъёрҳои он ва рушди бемайлони ин забони шоирона талош варзанд."

Пас паёми сафири Амрико бо он рафтори ҳануз он 18 сол пешаш дуруст будааст, ӯ на танҳо забони ин мардум, балки қонуни онро эҳтиром карданӣ шудааст, вале вазъи мавҷуда сафирро ночор кард? Аммо пурсиши асосӣ шояд ин аст, ки чаро то ҳол ин даъват бояд садо диҳад ва то чанди дигар батакрор садо хоҳад дод?

Аз Идора. Матолибе, ки дар гушаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG