Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, гуфт, вазифаи даста роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2020 миёни тимҳои мунтахаби зери 19-сола мебошад. Вай дар ин бора рӯзи 1-уми октябр дар нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳори назар кард.
"Омодагиро ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё аз 24-уми сентябр шуруъ кардем. Бештар ба тайёрии техникӣ таваҷҷуҳ доштем. Бачаҳо ба бозии аввал бо мунтахаби Молдив омодагӣ мегиранд. Ба мо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи ин даста каме иттилоот пешниҳод кард, ки онро омӯхтем", - гуфт Зайниддин Раҳимов.
Дар ин нишасти хабарӣ сармураббиёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистону Сурия ва Лубнон, ширкаткунандагони марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” ҳузур доштанд.
Вале дастаи мунтахаби Молдив, ки дар як мусобиқаи байналмилалӣ иштирок мекунад, рӯзи 2-юми октябр ба Душанбе меояд. Бозиҳои гурӯҳи «С» аз 2-юм то 6-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:
Рақиби асосии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа тими Сурия дониста мешавад. Сармураббии ин даста Самир Албастанлӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, дастаҳои ҷавонони Тоҷикистону Лубнонро хуб омӯхтаанд, аммо бо тими Молдив ошноӣ надоранд.
“Тими мунтахаби ҷавонони Лубнон чанд бозигари хуб дорад. Аммо бозигарони дастаи Тоҷикистон ҳамаашон маҳорати баланд доранд. Мо чанд бозии онҳоро тамошо кардаем. Махсус мехоҳам маҳорати ҳамлагарони ин дастаро қайд кунам. Мо ба ҳамаи рақибонамон эҳтиром дорем ва барои нишон додани бозии зебо ба майдон мебароем”, - иброз дошт Самир Албастанлӣ.
Чунонки маълум аст, дастаи мунтахаби зери 17-солаи Тоҷикистон ба қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар Бразилия доир мегардад, роҳхат гирифтааст. Сармураббӣ Зайниддин Раҳимов мегӯяд, ширкат дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё барои бархе аз футболбозони навраси тоҷик пеш аз сафар ба Бразилия озмоиши бузург аст, ки бачаҳо таҷрибаи хуб касб мекунанд.
«Мо ба ҳайати дастаи мунтахаби 19-солаҳо панҷ футболбози моҳири 17-соларо даъват кардем, ки ин махфӣ нест, ба монанди Шаҳром Самиев, Манучеҳр Сафаров. Рақибонамон онҳоро хуб омӯхтаанд. Ин панҷ нафар дастаи мунтахаби ҷавононро дастгирӣ хоҳанд кард. Вазифаи мо ба қисми ниҳоии қаҳрамони Осиё роҳ ёфтан аст», - гуфт сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 2-юми октябр бо Молдив, 4-уми октябр бо Лубнон ва 6-уми октябр бо Сурия рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати футболбозони ҷавони тоҷик дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.
Дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола 46 даста ширкат меварзад, ки тибқи қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ 5 гурӯҳ таъсис ёфтааст. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳ пайдо мекунанд.
Марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад. Агар мизбони қаҳрамонии Осиё-2020 дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум шомил гардад, онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.
Таркиби гурӯҳҳои қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Ироқ (мизбон), Умон, Фаластин, Кувайт, Покистон.
Гурӯҳи «В»: Қатар (мизбон), Яман, Туркманистон, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «С»: Тоҷикистон (мизбон), Сурия, Лубнон, Молдив.
Гурӯҳи «D»: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон (мизбон), Қирғизистон, Непал.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Бутан.
Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Узбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Тайланд, Малайзия, Камбоҷа (мизбон), Бруней, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ.
Гурӯҳи «Н»: Австралия, Тайбэйи Чин (мизбон), Макао, Лаос.
Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Мянмар (мизбон), Сингапур.
Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Ветнам (мизбон), Муғулистон, Гуам.
Гурӯҳи «К»: Индонезия (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.
Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола
Гурӯҳи «С»
Даври 1-ум
2-юми октябр (чоршанбе)
16:00 – Сурия – Лубнон
19:00 – Тоҷикистон – Молдив
Даври 2-юм
4-уми октябр (ҷумъа)
16:00 – Молдив – Сурия
19:00 – Лубнон – Тоҷикистон
Даври 3-юм
6-уми октябр (якшанбе)
16:00 – Лубнон – Молдив
19:00 – Тоҷикистон – Сурия