Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон баъд аз муваффақият дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ба ватан баргаштанд. Даҳҳо ҳаводори футбол соати дувуними шаб ба фурудгоҳи Душанбе барои пешвози футболбозони наврас омаданд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “А”, ки аз 14-ум то 22-юми сентябр дар Урдун баргузор шуд, дар ҳамаи чаҳор бозиаш ғолиб омад ва дар ин гурӯҳ бо 12 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб гашт. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ин мусобиқа тимҳои мунтахаби Шри-Ланка, Қувайт, Непал ва Урдунро шикаст дод. Сифати бозӣ ва натиҷаҳои бадастоварда мураббиҳои дастаро қонеъ кардааст.
Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:
Аҳлиддин Турдиев, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон баъд аз бозгашт гуфт, “як бозие нишон додем, ки мухлисон кайфият бурданд. Ба бачаҳо ташаккури зиёд гуфтанӣ ҳастам. Нақшае ки мо кашидем ва вазифае ки дар назди бачаҳо мондем, сарбаландона иҷро карданд ва мо ба чемпионати Осиё роҳхат гирифтем. Ташаккури худро ба мухлисон низ расонданиам.”
Футболбозони навраси тоҷик ғайричашмдошт дар чаҳор бозӣ 29 гол ба самар расонданд ва ҳамагӣ ду гол ба дарвозаашон сар доданд. Нишонзани беҳтарини мусобиқа бо 8 гол ҳамлагари мунтахаби наврасони Тоҷикистон Абдуфатоҳ Худойдодзода шуд.
Қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, аз 16-уми сентябр то 3-юми октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои чаҳорумин бор аст, ки дар марҳилаи ниҳоии қаҳрмонии Осиё ширкат хоҳад кард. Аз ин пеш футболбозони навраси тоҷик солҳои 2006, 2010 ва 2018 ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқоти қитъавӣ роҳ пайдо карда буданд. Беҳтарин натиҷаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар соли 2018 дар Малайзия буд.