Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати писари Маҳмадалӣ Ҳаит барои раҳоии падараш. ВИДЕО


Фирӯз Маҳмадалӣ
Фирӯз Маҳмадалӣ

Писари Маҳмадалӣ Ҳаит, яке аз аъзои зиндонии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава бо муроҷиат ба кишварҳои узв хост, дар раҳоии падараш мусоидат кунанд.

Фирӯзи Маҳмадалӣ рӯзи 23-уми сентябр дар яке аз нишастҳои машварат, гуфт, боздошту муҳокимаи падараш бо қонуншиканиҳои зиёд сурат гирифтааст ва гуруҳи Созмони Милал ҳам ба ин хулоса расида ва аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ӯро раҳо кунад. Аммо ба гуфтаи Фирӯзи Маҳмадалӣ, “мақомоти Тоҷикистон ба ҷои иҷрои тааҳудоти худ барои риояти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҳар роҳе ба падари ман фишор меоранд, то аз тариқи телевизион ба зидди ҳамақидаҳояш изҳорот бидиҳад.”

Писараш мегӯяд, Маҳмадалӣ Ҳаитро азоб медиҳанд. Мақомот рад мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00

Аммо ҳануз пеш аз ин суханронӣ Шариф Қурбонзода, намоянда аз Додситонии кулли Тоҷикистон зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ, иддаоҳо дар бораи бадрафторӣ бо Маҳмадалӣ Ҳаитро рад кард. Ӯ гуфт: "Вобаста ба он ки гӯё Маҳмадалии Ҳайит дар муассисаи ислоҳӣ шиканҷа шудааст, кормандони Прокуратураи генералӣ санҷиш гузарониданд. Дар моҳи март (2019) ҳама ҳолатҳо муайян карда шудааст. Дар вақти санҷиш дигар маҳкумшудагоне, ки дар ин муассиса адои ҷазо менамоянд, истифодаи шиканҷа нисбат ба Маҳмадалӣ Ҳайитро қатъиян инкор карданд.”

Фирӯзи Маҳмадалӣ, ки ҳоло дар яке аз кишварҳои аврупоӣ зиндагӣ мекунад, рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ айни суханонро гуфт, вале афзуд, ки маълумот дар бораи падарашро аз забони модар ва матбуот мешунавад, чун се сол боз падарашро надидааст. Ба қавли Фирӯзи Маҳмадалӣ, азбаски ба афроди маҳдуд иҷозаи мулоқот медодаанд, модару бибӣ ва бародари хурдиаш бештар бо Маҳмадалии Ҳаит мулоқот мекардаанд.

Маҳмадалии Ҳайити 62-сола, узви раёсати Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015 бо гуноҳи даст доштан дар ҳодисае, ки мақоқомт онро ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ меноманд, ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд. Гуфта мешавад ин воқеа дар моҳи сентябри соли 2015 рух додааст. Баъди ин бо ҳукми додгоҳи олӣ созмонро ифротӣ ва террористӣ номида, фаъолияташро қатъ карданд. Мақомот гуфтанд, далелҳои собите доранд, ки ҳизб дар тарҳрезӣ ва барангехтани ошӯб даст дошт, аммо раҳбарони ҳизби акнун мамнуъ, ки дар Аврупо ба сар мебаранд, мегӯянд, ин иддао асос надорад ва мақомот бо ин иттиҳом ҳизби мухолифро аз кишвар ронда, аъзои аршади онро зиндонӣ кардаанд. Маҳмадалии Ҳаит дар ин муҳокима ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаст.

XS
SM
MD
LG