Мақомоти Вазорати мудофиаи Афғонистон гуфтанд, ки нерӯҳои ин кишвар рӯзи 7-уми сентябр маркази ноҳияи Вардуҷи Бадахшонро аз дасти Толибон гирифтаанд. Ин ноҳияи стратегии вилояти Бадахшони Афғонистон тақрибан чаҳор сол пеш ба дасти шӯришиён афтода буд.
Фавод Амон, муовини сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, рӯзи 7-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни амалиёти бозпасгирии Вардуҷ даҳҳо ҷангҷӯи Толибон, бо шумули бархе аз фармондеҳони калидии ин гурӯҳ кушта шудаанд. Вай афзуд, “дар ҷараёни амалиёт дар даҳ рӯзи гузашта сад ҷангҷӯи дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Қорӣ Фасеҳуддин, волии Толибон барои Бадахшон, кушта шуданд.”
Муовини сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон ҳамчунон гуфт, амалиёти нерӯҳои афғон барои бозпасгирӣ баъзе аз минтақаҳои дигари вилояти Бадахшон ба шумули ноҳияи Юмгон идома дорад.
Толибон ҳанӯз дар ин маврид ба расонаҳо чизе нагуфтаанд.
Шӯришён ба тозагӣ ҳаракаташонро дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон, аз ҷумла Кундузу Форёб афзоиш додаанд.