Орд аз маҳсулоти асосии истеъмолӣ барои аҳолии Тоҷикистон ба шумор меравад. Рӯзи 4-уми сентябр аз чанд ноҳияи кишвар хабар расид, ки як халтаи 50-килоии орде, ки то ду ҳафта пеш 180 сомонӣ нарх дошт, ҳоло ба 210 сомонӣ расидааст.
Дар бозорҳои Душанбе низ нархи як халта орде, ки то чанд ҳафтаи пеш 165-175 сомонӣ буд, феълан 185-195 ва дар баъзе аз ҷойҳо то 200 сомонӣ аст.
Киромиддин Шарипов, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, соҳиби зану ҳафта фарзанд аст ва моҳе то ду халта орд мегирад. Ӯ рӯзи 4-уми сентябр гуфт, гароншии нархи орд ба вазъи зиндагии онҳо бетаъсир намемонад. “Мо, тоҷикон, аз ҳама бештар нон мехӯрем. Маҷбур ҳастем, ба чи қимате бошад, орд гирем”, -- афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:
Бозор Шарипов, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҳам мегӯяд, онҳо 50 кило ордро бо нархи 205-210 сомонӣ дастрас мекунанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, то чанд рӯз қабл як халтаи орд дар маҳаллаашон 180-185 сомонӣ қимат дошт.
Далели тоҷирон
Тоҷирон мегӯянд, нигаронии сокинонро аз афзоиши нархи орд дарк мекунанд, вале онҳо низ нархро боло набаранд, тиҷораташон бо зарар анҷом меёбад. Ҷаҳонбек Одинабеков, як фурӯшандаи орд, ба Радиои Озодӣ гуфт, корхонаҳои истеҳсоли орд ба онҳо маҳсулотро бо нархи гарон медиҳанд: “Нархро то 10 cомонӣ боло бурдем. Намешавад, ки бо нархи ду ҳафта пеш савдо кунем.”
Баъзе аз тоҷирони дигар мегӯянд, чун гандумро аз Қазоқистон бо доллар меоранд, дар пайи болоравии қурби ин асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ нархи орд низ боло меравад.
Камолуддин Неъматов, як масъули корхонаи “Фаровон”, ки дар вилояти Суғд ба содироту истеҳсоли орд машғул аст, гуфт, гандум дар Қазоқистон камчину гарон шудааст. “Бо назардошти ин ва дигар хароҷоти гумрукиву истеҳсолӣ, ҳоло ба тоҷирон ордро нисбатан гарон медиҳем. Орди навъи якумро бо нархи 183 сомонӣ медиҳем. Пеш арзонтар буд”, -- гуфт ӯ.
Мақомот: сабабҳоро дақиқ мекунем
Шӯҳрат Ибодов, масъули Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, гуфт, аз афзоиши нархи орд дар бозорҳои кишвар хабар доранд ва феълан сабабҳои ин равандро меомӯзанд. Ӯ гуфт: “Ҳамин рӯз ҳамкорони мо барои омӯзиши масъала ба бозорҳо баромаданд. Ба зудӣ сабабҳои болоравиро маълум мекунем ва ба Шумо мегӯем.”
Дар гузашта намояндагони ин ниҳод гуфта буданд, ки Қазоқистон аз таъминкунандагони асосии орд дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳар гуна тағйирот дар бозори ин кишвар ба нархҳо дар бозори Тоҷикистон бетаъсир намемонад.
Бо таваҷҷӯҳ ба пойбандии кишвар дар таъмини сокинон ба орд, коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ҳар чӣ зудтар истеҳсоли ватаниро бояд рушд диҳад ва аз ҳисоби маҳсулоти дохилӣ ниёзҳои мардумро бароварда созад.
"Деҳқонон ба кишти гандум моил нестанд." Чаро?
Комил Бобоев, номзади илмҳои иқтисодӣ, мегӯяд, барои он ки ҳар навъ тағйирот дар бозори беруна ба вазъи нархи орд дар Тоҷикистон таъсир нарасонад, бояд дар кишвар кишти ғалларо хуб ба роҳ монд. Ӯ мегӯяд, ҳоло деҳқонон аз кори худ чандон фоида намебинанд ва барои кишти гандум на он қадар ҳавасманданд.
Ба қавли Бобоев, “дар баробари болоравии қурби доллару вазъи бозори Қазоқистон, ҳамчунин хараҷоти гумрукӣ, арзиши сӯзишворӣ, роҳҳои мушкилгузар дар манотиқи кишвар низ ба нархҳо, аз ҷумла арзиши орд таъсир гузоштааст.”
Сокинони кишвар одатан дастархони худро бе нон тасаввур карда наметавонанд. Мақомоти Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯянд, дар 9 моҳи соли 2018 истеъмоли нон ва маҳсулоти нонӣ, ба ҳисоби миёна ба як нафар узви хонавода 120 килоро ташкил додааст, ки “ин барои ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ хос аст”.
Дар як соли ахир бори панҷум аст, ки қимати орд боло меравад. Мақомоти расмӣ ҳам борҳо таъкид намудаанд, ки омилҳои берунӣ ва дохилӣ сабаби афзоиши қиматҳо шудааст.
Тоҷикистон солона ба 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз дорад ва ҳудуди як миллиони он аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ба даст меояд. Бақияро Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мекунад ва дар шашмоҳаи аввали имсол ба кишвар беш аз 500 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 197 доллар барои як тонна ворид гардидааст.
Бархе аз таҳлилгарон ба ин назаранд, ки агар дар ростои афзоиши нархи орд, ки дар зиндагии мардум ҳамчун маҳсулоти ниёзи аввал нақши муҳим дорад, чораҳои муассир наандешанд, “эҳтимол гарониву нигарониҳои бештар сурат мегирад”.