Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Зафар Аюбӣ ба "авбошӣ" муттаҳам шуд. Худи ӯ шарҳ надод


Вафо Аюбов
Вафо Аюбов

Пулиси Кӯлоб алайҳи Вафо Аюбов, писари овозхон Зафар Аюбӣ, бо иттиҳоми "авбошӣ" парванда кушод. Хабарнигори Озодӣ дар минтақа тамоми талоши худро кард, то назари хонаводаи Зафар Аюбиро дар ин бора бигирад, вале аз гап задан худдорӣ карданд. Наздикони марди маҷруҳ муҷозоти Вафо Аюбовро талаб доранд.

Вафо Аюбовро ба он айбдор мекунанд, ки "як марди 40-соларо бо корд захмӣ намудааст". Вай қаблан низ бо ҷурми авбошӣ маҳкум шуда буд.

Як манбаъ дар идораи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб 1-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷанҷол рӯзи 26-уми августи имсол дар рӯи ҳавлии бинои навбунёди "Баҳор" рух додааст. "Вафо Аюбов бо корд ба дасти рости Нуриддин Набиев, сокини шаҳри Кӯлоб зада, ӯро захмӣ кардааст. Баъдан аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад", -- афзуд манбаъ.

Нуриддин Набиев нозири коргарони бинои сохтмонаш нотамоми "Баҳор" будааст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва "сабабу ангезаи ҷанҷол дертар эълон хоҳад шуд".

Мақомот алайҳи Вафо Аюбов бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодаанд ва аз рӯи ин иттиҳом ба ӯ аз 27 ҳазор сомонӣ то 55 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду соли маҳрумӣ аз озодӣ таҳдид мекунад. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Вафо Аюбов дар аввал боздошт ва сипас раҳо карда шудааст.

Назари Вафо Аюбов ва наздиконаш ба ин ҳодиса маълум нест. Талошҳои мо барои гирифтани иттилоъ аз ин оила бенатиҷа буд. Яке аз наздикони Зафар Аюбӣ бе зикри номаш гуфт, "хонавода ҳозир нест, бо расонаҳо суҳбат кунад".

Аммо наздикони Нуриддин Набиев ин ҳодисаро "сӯиқасд ба куштор" медонанд. Гулсумбӣ Иброҳимова, модари Нуриддин Набиев, иддао дорад, ки гӯиё Вафо Аюбов ба корхонаи писараш рафта, ба ӯ ҳамла кардааст. Иброҳимова гуфт:

"Нуриддин гуноҳи ӯро бахшиданӣ аст, аммо ман модар ҳастам ва намебахшам. Агар писарам мефавтид, ман ва зану фарзандонаш чӣ кор мекардем?"

Иброҳимова мегӯяд, баъд аз ин ҳодиса Вафо Аюбов ба назди онҳо омада ва даъво кардааст, ки Нуриддин Набиев ӯро зад ва "ҳама ҷояшро сиёҳу кабуд кард". "Лекин ҳама шоҳид аст, ки кӣ киро задааст," – афзуд ин зан.

Вафо Аюбов 36-сола аст ва ҳамроҳи падараш овозхонӣ мекунад.

Соли гузашта овозхон Зафар Аюбиро барои нақзи қоидаҳои роҳ ҷарима карда буданд.

XS
SM
MD
LG