Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар меҳмонхонаи «Серена», иқомат дорад, тамринҳояшро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе анҷом медиҳад.
Мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 бозигарро даъват кардааст: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Дар ҳамин ҳол 21 бозигар дар ихтиёри мунтахаби миллӣ қарор дорад.
Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон чаҳор легионер – ҳимоятгар Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон) ва ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов («Персебая», Индонезия) – даъват шудаанд.
Хуршед Бекназаров, Манучеҳр Ҷалилов ва Парвизҷон Умарбоев, инчунин нимҳимоятгари «Истиқлол» Комрон Турсунов, ки барои озмоиш дар бошгоҳи «Утрехт»-и Ҳолланд қарор дорад, ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъдтар мепайванданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар бозиҳои интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили тимҳои мунтахаби Қирғизистону Муғулистон:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Дилшод Додобоев («Истаравшан»);
Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»), Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарчор аз «Истиқлол»), Сиёвуш Асроров (бе бошгоҳ) ;
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Отабек Каримов (ҳарду аз «Кӯктош»), («Хатлон»), Илҳомҷон Баротов, («Истаравшан»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Персебая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев, (ҳарду аз «Истиқлол»).
Сармураббӣ - Усмон Тошев (Узбекистон).
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.
Мунтахаби Тоҷикистон аввалин бозиашро 5-уми сентябр дар Душанбе бо тими миллии Қирғизистон баргузор менамояд. Футболбозони тоҷик дар даври дуюм 10-уми сентябр дар меҳмонӣ муқобили мунтахаби Муғулистон бозӣ хоҳанд кард.
Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюм озод аст. Дар даври чаҳорум 15-уми октябр дар майдони худ бо мунтахаби Ҷопон рӯбарӯ мешавад. Бозии даври охирини давраи аввалро мунтахаби Тоҷикистон 14-уми ноябр дар сафар бо тими Мянмар анҷом медиҳад.
Давраи дуюми мусобиқот 19-уми ноябр шуруъ мешавад. Дар ин рӯз футболбозони тоҷик дар Бишкек бо мунтахаби Қирғизистон рақобат хоҳанд кард.
Се бозии дигарро мунтахаби Тоҷикистон соли 2020 анҷом медиҳад. Дар даври ҳафтум 26-уми март мунтахаби Муғулистонро пазироӣ менамояд. Дар даври ҳаштум футболбозони тоҷик истироҳат мекунанд. Дар даври нӯҳум мунтахаби Тоҷикистон 4-уми июн меҳмони мунтахаби Ҷопон мешавад. Ва ниҳоят, дар даври охирин футболбозони тоҷик 9-уми июн дар майдони худ бо мунтахаби Мянмар бозӣ хоҳанд кард.
Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ 40 даста ба 8 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ тақсим шудааст. Мусобиқа дар ду давра доир мешавад. Марҳилаи дуюми интихобӣ 5-уми сентябри соли 2019 шуруъ шуда, 9-уми июни соли 2020 ба анҷом мерасад.
Ғолибони ҳашт гурӯҳ ва чаҳор дастаи натиҷаҳояшон беҳтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи сеюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, инчунин ба Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи сеюми қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дувоздаҳ даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад. Аз рӯи натиҷагирии он ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки дар Қатар баргузор мегардад, роҳ пайдо мекунанд.
24 дастае, ки ба даври сеюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ намеёбанд, барои 12 роҳхати дигар ба Ҷоми Осиё-2023 мубориза мебаранд.
Натоиҷи қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022:
Гурӯҳи «А»: Чин, Сурия, Филиппин, Молдив, Гуам.
Гурӯҳи «В»: Австралия, Урдун, Тайбэйи Чин, Кувайт, Непал.
Гурӯҳи «С»: Эрон, Ироқ, Баҳрайн, Ҳонконг, Камбоҷа.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Фаластин, Яман, Сингапур.
Гурӯҳи «Е»: Бангладеш, Умон, Ҳиндустон, Афғонистон, Қатар.
Гурӯҳи «F»: Ҷопон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Мянмар, Муғулистон.
Гурӯҳи «G»: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ветнам, Тайланд, Малайзия, Индонезия.
Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Шри-Ланка.
Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F»:
Даври 1-ум
5 сентябр (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Қирғизистон
Даври 2-юм
10 сентябр (сешанбе)
Муғулистон – Тоҷикистон
Даври 4-ум
15 октябр (сешанбе)
Тоҷикистон – Ҷопон
Даври 5-ум
14 ноябр (панҷшанбе)
Мянмар – Тоҷикистон
Даври 6-ум
19 ноябр (сешанбе)
Қирғизистон – Тоҷикистон
Даври 7-ум
26 марти соли 2020 (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Муғулистон
Даври 9-ум
4 июни соли 2020 (панҷшанбе)
Ҷопон – Тоҷикистон
Даври 10-ум
9 июни соли 2020 (сешанбе)
Тоҷикистон – Мянмар