Тасмими ахири Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои гуногун рӯ ба рӯ шудааст. Бархе онро "поймол кардани ҳуқуқи омӯзгорону хонандагон" донистаанд ва баъзеи дигар мегӯянд, дастури вазорат содир шуда ва бояд риоя шавад, вагарна эҳтимоли аз донишгоҳу мактаб ронда шудани донишҷӯёну хонандагон вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз волидон мегӯянд, беҳтар буд, ки хонандагон дарсро аз рӯзи душанбеи 2-юми сентбяр оғоз мекарданд. Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ин мавзӯъ ҷойи нигаронӣ надорад, чун ин рӯзро аз ҳисоби рӯзҳои дигари ҳафта ҷуброн мекунанд.
"Ба ҷойи он, рӯзи 7-уми сентябри соли 2019 (шанбе) рӯзи истироҳат муқаррар карда мешавад", - гуфта шудааст дар дастури расмии вазорат.
Оиша, донишҷӯи яке аз мактабҳои олии кишвар, рӯзи 29-уми август гуфт, таъйини оғози дарс ба рӯзи якшанбе "кори нодуруст аст", зеро ба қавли ӯ "вазорат бо ин тасмимаш ҳуқуқи донишомӯзонро нақз мекунад".
"Дар Тоҷикистон тамоми ин муддат якшанбе рӯзи истироҳат будааст. Агар ҳатто рӯзҳои ҷашн ба якшанбе рост ояд, бар асоси қонун рӯзи душанбе низ истироҳатӣ мешавад. Чӣ хел мешавад, ки ба хотири рост омадани рӯзи якуми сентябр ба якшанбе ҳама бояд ба дарс раванд? Инро қабул надорам", -- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Мавлуда Асоева, модари ду фарзанд аз Душанбе, мегӯяд, мисли ӯ шояд волидони зиёде интизори маош буданд ва мехостанд камбуди либосу ҷиҳози фарзанди мактабхони худро рӯзҳои шанбе ва якшанбе пурра кунанд.
Солҳои охир мақомоти Вазорати маориф ва илм ба ин монанд чанд тасмими баҳбсрангез гирифтаанд, ки мояи интиқодҳои шадид аз ин ниҳоди давлатӣ ва раҳбаронаш шудааст. Аз ҷумла, соли 2017 рӯзи аввали хониш ба Иди Қурбон рост омад ва ҳарчанд бар асоси тақвим истироҳатӣ буд, мақомот маҷбурӣ хонандагону омӯзгоронро ба мактаб бароварданд. Он вақт фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтанд, эҳтимол ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз идгардаки кӯдакону наврасон буд.
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон қонун дар бораи идҳо ва рӯзҳои истироҳат қабул шудааст ва мақомот бояд онро риоя кунанд. Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, ба Радиои Озодӣ гуфт:
"Агар зарурат пеш ояд, рӯзҳои ид ё рӯзҳои истироҳат ба дигар вақт гузаронда мешавад. Бояд дар он ҳолат ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кунад. Вале дар ҳолате ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон чунин тасмим гирифт, бояд аввал бо вазорати адлия мувофиқа мекард. Дуюм, беҳтар мебуд, тибқи тартиби муқарраршуда ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда, қаблан ин мавзӯъро танзим мекарданд".
Аммо ин тасмими вазоратро бархе ҳам ба мушкили дигар рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд. дар ҳоле ки сарусадоҳо атрофи гӯиё пулситонӣ аз волидони хонандагони синфҳои якум шунида мешавад, мақомот мехоҳанд таваҷҷуҳро ба тарафи дигар кашанд.
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ин мавзуъ ба ҳеч масъалаи дигар рабт надорад ва танҳо ба хотири дар вақти таъйиншуда ва дар сатҳи олӣ оғоз кардани соли нави хониш гирифта шудаасту бас. Онҳо ҳамагуна ба истилоҳ нимкосаҳои зери ин тасмимро рад мекунанд.
Дар Тоҷикистон шумораи хонандагони мактабҳо ба 1 миллиону 900 ҳазор мерасад.
Эҳтимол рӯзи дониш бо ҳузури президенти Тоҷикистон ва бо кушодани литсей барои хонандаҳои болаёқат дар пойтахт баргузор шавад. Ин литсей дар гузашта мактаби машҳури рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова буд, ки фарзандони мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар он ҷо хондаанд. Ин мактаб, ки дар ҳамсоягии манзили раиси ҷумҳур воқеъ аст, ҳамеша маҳалли раъйдиҳии мақомоти баландпоя, аз ҷумла хонаводаи президент будааст. Як ҳамсуҳбати дигари мо гуфт, эҳтимол дар рӯзи дониш бинои нави донишкадаи идоракунии давлатиро ҳам ба истифода бидиҳанд.