Дастаи мунтахаби духтарони зери 15-солаи Тоҷикистон (U-15) дар қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 13-ум то 16-уми сентябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат меварзад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилоъи ин манбаъ, дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби духтаронаи Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок мекунанд.
Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2019 ҳамагӣ шаш бозӣ доир мегардад. Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари гирифтааш маълум хоҳад шуд.
Қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби духтарона (U-15)
Даври 1-ум
13-уми сентябр (ҷумъа)
17:00 – Узбекистон – Қирғизистон
19:30 – Эрон – Тоҷикистон
Даври 2-юм
14-уми сентябр (шанбе)
17:00 – Қирғизистон – Эрон
19:30 – Тоҷикистон – Узбекистон
Даври 3-юм
16-уми сентябр (душанбе)
17:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон
19:30 – Узбекистон — Эрон
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи декабри соли гузашта дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Тошканд доир шуда буд, бо шаш имтиёз барандаи медалҳои биринҷӣ гардид.
Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар ду бозӣ бар тимҳои Қирғизистон (1:0) ва Афғонистон (5:0) ғолиб омада, аз тимҳои Узбекистон (0:11) ва Эрон (1:4) шикаст хӯрд.
Мунтахаби Узбекистон бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намуд ва бо ҷому медалҳои тиллои мусобиқа сарфароз гашт. Тими Эрон, ки бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд.