Дар марказҳои билетфурӯшӣ рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нархи билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав марзи 4 ҳазор сомониро убур кардааст. Гаронтарин билети ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Маскав барои рӯзи 21-уми август 4 ҳазору 211 сомонӣ аст.
Аммо "Сомон Эйр" -- ягона ширкати дохилӣ, ки ба Русия чандин парвоз анҷом медиҳад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қиматҳоро боло набурдаанд ва билетҳо бо назардошти хадамот дар дохили ҳавопаймо нархгузорӣ мешаванд. Дар посухи катбии "Сомон Эйр" ба Радиои Озодӣ омадааст, "айни замон нархи минималии самти Душанбе-Москва 2173 сомониро ташкил медиҳад ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта арзиши билет 15% арзонтар аст". Ба гуфтаи "Сомон Эйр", дар сурати барвақт харидани билет муштарӣ метавонад, онро бо қимати поён ба даст биёрад.
Дар ҳамин ҳол, Азиз Набизода, муовини аввали раиси Оҷонсии авиатсияи гражданӣ рӯзи 19-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз афзоиши нархи билетҳои ҳавопаймо дар рӯзҳои ахир огоҳӣ дошта, ин масъаларо пайгирӣ доранд. Оқои Набизода таъкид кард, ки дар мавриди сабаби болоравии нархи билетҳо аз ширкати "Сомон эйр" пурсон шудаанд ва ҳоло мунтазири посух мебошанд.
"Болоравии нархҳо муваққатист"
Дар бархе аз дӯконҳои чиптафурӯшии Душанбе болоравии нархи билетҳоро ба афзоиши талабот дар мавсими бозгашти донишҷӯён ба макони таҳсилашон дар Русия рабт доданд. Наргис Розиқова, корманди нуқтаи билетфурӯшии "Парасту 2016" рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, далели болорави арзиши билет дар афзоиши муштариён аз ҳисоби донишҷӯён буда, онҳое, ки мехоҳанд охири август парвоз кунанд, бояд барвақтар билет мехариданд. Ӯ таъкид намуд, ки болоравии нархҳо муваққатӣ буда, аз моҳи сентябр арзон хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир дар Русия ҳудуди 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.
Набӣ Раҷабов, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Маскав даъватномаи кор дарёфт кард ва бояд ҳар чӣ зудтар худро ба онҷо мерасонд, вале бо далели гаронии нархи билет, натавонист сари вақт парвоз кунад. Ӯ таъкид намуд, ки се рӯз боз аз дӯконҳои чиптафурӯшӣ дидан мекунад ва ба харидани билети ҳавопаймо маблағаш намерасад.
"Интизорем, ки кай арзон мешавад, қариб 4 ҳазор сомонӣ гуфтанд, 7 фарзанд дорам, чӣ хел қувватам мерасад, ин нарх бисёр қимат аст, сабаби болоравиро сафари донишҷӯён гуфтанд, лекин донишҷӯён ҳам бошад, набояд ин қадар қимат бошад",-афзуд ин сокини Душанбе. Ҳамсӯҳбати мо иброз дошт, ки агар дер кунад, ҷои корашро аз даст медиҳад ва боз мушкили дарёфти ҷои кор ба миён меояд.
Шикоят аз гаронии нархи билети ҳавопаймо
Афзоиши нархи билети ҳавоимаймо аз Тоҷикистон ба Русия дар чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нигарониҳоеро ба миён овард. Бону Саида Муҳиддинзода, як корбари "Фейсбук" санаи 17-уми август дар саҳифааш навишт, "наход нархи як чиптаи ҳавопаймо аз се ҳазору панҷсад сар карда, арзонаш 2800 сомонӣ бошад. Як ҳафта пеш пурсидам, 2000 ҳазор буд. Наход дар байни як ҳафта қариб ҳазор сомонӣ боло равад?".
Арзиши як билети ҳавопаймо моҳи июли имсол аз Душанбе ба шаҳрҳои Русия то дуввуним ҳазор сомонӣ буд ва бархе сокинон аз гаронии қимати билетҳо шикоят карда буданд.
Дар умум қимати билетҳои ҳавопаймо дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсоя баландтар аст. Ба гуфтаи мақомот, аз ҷумла, Икром Субҳонзода, мудири Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, "арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо гаронтар аст. Омили асосии гарон будани сӯзишворӣ, сӯзишвории воридотӣ аст. Тоҷикистон истеҳсолкунандаи сӯзишворӣ нест."
Гаронии нархи билет дар солҳои ахир сокинони Тоҷикистонро водор кардааст, ки аз тариқи Қирғизистон ва Узбекистон худро ба дигар кишвар расонанд. Гурӯҳи дигар бахусус муҳоҷирон сафар ба автобусро бартарӣ медиҳанд. Арзиши сафар бо автобус ҳудуди 900 сомонӣ аст. Ҳарчанд ба гуфтаи аҳолӣ сафар бо автобус 3-4 рӯз ва пурмашаққат аст, аммо аз сабаби гарон будани парвоз бо ҳавопаймо ночор ба азоби роҳ тоқат мекунанд.
Шикоятҳо аз гаронии нархи чипта борҳо садо додааст. Бахусус дар фасли баҳор ва тирамоҳ дар мавсими рафту баргашти муҳоҷирони корӣ ҳамеша билетҳо гарон мешаванд.
Роҳи ҳал чист?
Коршиносон мегӯянд, ду роҳи аслии арзон кардани нархи чиптаи ҳавопаймо дар Тоҷикистон ин боз кардани фазои кишвар барои ширкатҳои бузург ва назорат аз болои "чашмгуруснагии ширкатҳо" аст. Коршинос Алишер Холиқов, ки таҷрибаи кор дар бахши авиатсияро дорад, мегӯяд, гарон будани нархи сӯзишворӣ албатта метавонад, нархи билетро гарон кунад. Аммо ба гуфтаи Холиқов, сабаби чанд баробар гарон будани нарх нисбат ба ҳамсоякишварҳо дар "чашмгуруснагӣ"-и ширкатҳои ҳавопаймоӣ аст.
Таҳлилгарон инчунин мегӯянд, Тоҷикистонро зарур аст, ки сиёсати "фазои боз"-ро дар арсаи ҳавопаймоии шаҳрвандӣ пеш бигирад, ки иҷозаи вуруди ҳама ширкатҳои бузурги ҳавопаймоиро ба бозори кишвар дар назар дорад. Чун ба гуфтаи коршиносон, агар Тоҷикистон "сиёсати фазои боз"-ро пеш бигирад, бо вуруди ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ рақобат ба вуҷуд меояд, ки боиси поин рафтани нархи чиптаҳо мешавад.