Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳоло музокирот барои истирдоди Каримов байни Интерпол, Вазорати умури хориҷӣ ва намояндагии Вазоарти корҳои дохилӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад."
Байни Тоҷикистону Иморот дар бораи табодули муттаҳамон созишнома имзо шудааст. Қаблан Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоевро боздошт ва ба Душанбе таслим карда буд.
Нашрияи “Тоҷикистон” рӯзи 14-уми август хабар дод, ки барои истирдоди Хӯҷа Каримов, сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии ВКД Шоҳрух Саидзода рӯзи 5-уми август ба Дубай рафтааст.
Каримов рӯзи 30-юми июли имсол дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шудааст. Сомонаи "Ахбор.ком” шаби 13-уми август бо такя ба манобеаш дар ду ниҳоди расмии Тоҷикистон навишт, фармондеҳи пешини Фронти Халқӣ бо дархости Душанбе ва аз сӯи пулиси байналмилалӣ (Интерпол) дастгир шуд.
Вакили пешини порлумон ва раиси собиқи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба чандин ҷиноят, аз ҷумла куштору ғоратгарӣ муттаҳам аст. Вай аз соли 2008-ум боз таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Бино ба хабарҳо, солҳои охир дар Малайзия мезист ва тиҷорат мекард.
Наздиконаш то ҳол дар бораи боздошти ӯ ва эҳтимоли истирдод ва муҳокимааш дар Тоҷикистон изҳори назар накардаанд. Чанде аз ҳамсуҳбатони дигари мо Хӯҷа Каримовро дар як саф бо Файзалӣ Саидов яке аз фармондеҳони бераҳми замони ҷанги дохилии солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон унвон карданд, ки солҳои зиёд аз ҳимояти мансабдорони баландпоя бархӯрдор будааст.
Хӯҷа-Командир соли 1960 дар ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон зода шуда, хеле зуд аз падару модар маҳрум мондааст.
Муродбегим Раҳимова, хоҳари Хӯҷа Каримов, дар як суҳбаташ бо нашрияи “Азия-Плюс” дар чанд сол пеш гуфта буд, ки “ӯ дар овони хурдӣ боистеъдод буд ва ба хондану варзиш, бахусус футбол шавқ дошт”.
Раҳимова гуфтааст, Хӯҷа Каримов дар зодгоҳи худ барои бепарасторон ва пирони танҳо хонаву боғча пӯшида, ният доштааст, як бемористон ҳам бисозад.
Вале бархе аз шоҳидони рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта айбдор мекунанд.
Маҳдӣ Собир, полковники бознишаста ва коршиноси масоили низомӣ, мегӯяд, Хӯҷа Каримов ба қатли ду вакили порлумон дар солҳои ҷанги дохилӣ ва куштору гаравгонгирӣ муттаҳам аст. Ба гуфтаи Маҳдӣ Собир, “куштори Сияршо Шоев ва Саидшо Шоев ва низ додрас Тағай Шукуров бо роҳнамоӣ ва бо дасти ӯ сурат гирифтааст.”
Хӯҷа Каримов соли 1995 вакили порлумони Тоҷикистон шуд. Ӯро моҳи ноябри соли 1998 дар бинои порлумони кишвар боздошт ва ба маҳбас интиқол доданд. Он вақт ӯро расман дар қатли вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон Саидшо Шоев, бародари ӯ Cияршо ва вакили дигар Тағй Шукуров айбдор карданд. Аммо пас аз чанде ӯ озод шуд.
Дертар дар манзилаш, дар ноҳияи Ғозималики вилояти Хатлон Каримов ҳадафи як суиқасди нофарҷом қарор гирифт, ки бар асари он бародараш ба ҳалокат расид.
Хӯҷа Каримов қабл аз фирораш дар соли 1999 ноиби аввали фармондеҳи бригадаи махсус дар Вазорати дифоъ ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон буд.
Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир чанде аз ёрони ӯро ба зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи вилояти Хатлон соли 2012 хоҳарзода ва яке аз муҳофизони Хӯҷа Каримовро дар куштори ду нафар, узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, латту кӯб ва гаравгонгирӣ гунаҳкор донист.
Хӯҷа Каримов барои, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, даст доштан дар чандин ҷиноят дар солҳои ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, мавриди пайгард қарор дошт. Вай ба ҷиноятҳо зидди ҳаёт ва саломатии инсонҳо, одамрабоӣ, ҷиноятҳои созмондодашуда ва фаромиллӣ, куштор ва ғоратгарӣ айбдор мешавад.