Созмонҳои байнулмилалӣ борҳо аз Тоҷикистон хостаанд, ки ин бандро ё бекор кунад ва ё ба гурӯҳи ҷурмҳои маъмурӣ ворид намояд.
Афроди огоҳ аз тарҳи нав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар сурати қабули пешниҳодҳо ҷазо барои барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ ҳам ҷиноӣ (ҳукми зиндон) ва ҳам маъмурӣ (ҷарима ва ё корҳои ислоҳӣ) хоҳад шуд. Ҳоло барои ин гуноҳ моддаи 189-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то панҷ сол ва дар ҳолатҳои вазнин то 12 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Вале суоли асосӣ ин аст, ки сабукӣ ё вазнинии гуноҳи муттаҳамон ба барангехтани кинаву адоватро аз рӯи кадом меъёр муайян ва ба онҳо ҳукми зиндон ва ё ҷарима таъйин хоҳанд кард?
Сарвар Холиқзода, сардори Раёсати қонунгузории асосҳои сохтори конситутсонӣ, мудофиа ва амнияти Вазорати адлия, "ин чанд шарт дорад".
"Агар
- бори аввал содир кардааст,
- сатҳи хавфнокиаш паст аст,
парвандаи нафари муттаҳам бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ мешавад.
Агар
- сатҳи хавфнокиаш баланд аст,
- гуноҳ такрор шудааст,
- аз кардаи худ пушаймон нест,
он вақт парвандааш бар асоси Кодекси ҷиноӣ баррасӣ мегардад", -- шарҳ дод ин мақоми Вазорати адлия, ки дар таҳрири лоиҳаи пешниҳодӣ иштирок кардааст.
Вай афзуд, сабук кардани ҷазо барои моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ "бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва бо ҳадафи таъмини адолат сурат мегирад".
Ин тарҳи пешниҳодӣ бояд аз сӯйи порлумон қабул шавад ва президент ҳам ба он имзо гузорад. Дар он сурат ҳукми иҷро мегирад. Вакилони порлумон дар таътили тобистонаанд ва эҳтимол тарҳ моҳи сентябр, баъд аз баргашти онҳо ба сари кор, баррасӣ шавад.
Солҳои охир дар Тоҷикистон даҳҳо нафар бо ҷурми "барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ", аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ шудаанд.
Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон, ки аз таҳияи тағйироти нав огоҳ аст, гуфт: "тағйири нав асосан онҳоеро аз ҷазои ҷиноӣ озод мекунад, ки бори аввал бо гузоштани "лайк" ё бознашри матолиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тақсими варақаҳо ва дар суҳбатҳо ба барангехтани кинаю адовати миллӣ ва мазҳабӣ гумонбар шудаанд".
Ҳамсуҳбати мо гуфт, “аксари онҳое, ки дар доираи парвандаҳои марбут ба ифротгароӣ зиндонӣ шудаанд, бо моддаи 189 ҷазо гирифтаанд. Яъне, барои як “лайк” гузоштан, бознашри матолибе, ки кинаву адоватро бармеангехт ва ё як касро кофир гуфтан. Агар тарҳи нав қабул шавад, мумкин аст, то 70 дарсади ин ашхос дар доираи қонунҳои минбаъдаи афв озод шаванд ё муҳлати ҷазояшон кам гардад.”
Бо ин ҳама, мақомот мегӯянд, тағйири қонун корбарони шабакаҳои иҷтимоиро танҳо аз “лайк”-гузорӣ зери матолибе, ки кинаю адовати милливу мазҳабиро бармеангезад ва онҳо аз кардаашон пушаймон шудаанд, озод мекунад.
Гузоштани “лайк” дар зери матнҳое, ки ба гуфтаи онҳо хусусияти ифротгароӣ ва терроризм доранд, ҳамчунон ҷазои сангин дорад.
Мақомоти Додситонии кул, ки масъули таҳияи тарҳи нав ҳастанд, то ҳол дар ин бора шарҳе надодаанд. Дар Додситонии кул ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъд аз ниҳоӣ шудани тарҳ ва қабули он суҳбат хоҳанд кард.
Коршиносон мегӯянд, чанд омил боис шудааст, ки мақомот тасмим бигиранд, то барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабиро на ҷурми ҷиноӣ, балки маъмурӣ эълом доранд. “Аз ҷумла, мақомот фаҳмиданд, ки аксар вақт мардум надониста зери ягон навишта “лайк” мегузоранд ва барои ин дуруст нест, солҳо паси панҷара бираванд”, -- гуфт таҳлилгари тоҷик Фаридун Ҳодизода.
Вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров бо ин модда зиндонӣ шудааст. Зидди хабарнигори тоҷик Хайрулло Мирсаидов низ бо ин модда парванда оғоз шуда буд, баъдан мақомот онро қатъ карданд.