Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Метавонед маро парронед, аммо..." Видеои боздошти Отамбоев


Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, 8 август ва дар рӯзи дувуми амалиёти нерӯҳои амниятиву пулис боздошт шуд. Рӯзи аввали амалиёт ноком буд. Дар ҷараёни он як афсари амниятӣ кушта ва даҳҳо нафар захмӣ гардиданд.

Отамбоев баъд аз як музокирот бо намояндаи мақомот ба берун баромад ва таслим шуд. Аммо пеш аз он аз муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Курсан Асанов, ки амалиёти боздоштро раҳбарӣ мекард, хост, ба тарафдоронаш зиён нарасонанд. Даҳҳо тан аз ҷонибдорони президенти собиқ дар хонааш буданд ва аз ӯ ҳимоят мекарданд.

"Метавонед маро парронед, аммо ба бачаҳои ман нарасед!" – хост Отамбоев пеш аз он ки ба берун барояд ва таслим шавад. Ва дарро ҳам баъд аз он кушод, ки Асанов ваъда дод, касеро "намезананд".

"Алмаз Шаршенович, аз Шумо миннатдорам, ки бо хоҳиши худ ва ба хотири оромиши мардум таслим мешавед, то хунрезӣ идома накунад", – гуфт Асанов ва ваъда дод, ки "ҳамааш дар чаҳорчӯби қонун ҳал мешавад".

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навори лаҳзаи боздошти Алмосбек Отамбоевро ба даст овард, ки дар он музокирот бо президенти пешин ва шумориши силоҳ сабт ёфтааст:

Отамбоев таслим шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

Аз он пеш хабаргузории "Интерфакс" ва сомонаи 24.kg навиштанд, ки нерӯҳои вижаи полиси Қирғизистон президенти пешин Алмосбек Отамбоевро пас аз бархӯрди шадид бо посбонҳо ва садҳо тарафдоронаш боздошт карданд. Ҳарду расона иттилоъ доданд, ки Отамбоев 8-уми август аз ҳавлиаш дар канори Бишкек, дар конвейери полис, ки ба сӯи Вазорати корҳои дохилӣ равона буд, бурда шуд.

"Интерфакс" афзудааст, Отамбоевро ҳимоятгари ҷамъиятиаш Фарид Ниёзов ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон Қундуз Жолдубоева ҳамроҳӣ мекунанд. Дертар Жолдубоева хабар дод, ки Отамбоевро ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бурдаанд.

Мақомоти Қирғизистон то ҳол дар ин бора расман хабар надодаанд.

Гузоришҳо дар бораи боздошти Отамбоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:30 0:00

Хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нирӯҳои пулис барои ворид шудан ба хонаи Отамбоев аз гази ашковар истифода карданд. Дар онҷо садҳо тан аз тарафдорони раиси ҷумҳури пешин ҷамъ омада буданд. Онҳо мегӯянд, ҳамчунин садои тирпарронӣ шунида шуд.

Дар рӯзи аввали амалиёти боздошти Отамбоев, ки 7-уми август сурат гирифт ва бо тирпаронӣ ва сангпартоӣ ҳамроҳ буд, як афсари амниятӣ кушта ва 52 нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Мақомот исрор меварзанд, ки президенти собиқ барои бозпурсӣ ба назди муфаттишон нарафтааст ва аз ин рӯ, тасмим гирифтанд ӯро маҷбурӣ барои бозпурсӣ ҳозир кунанд.

Субҳи 8-уми август Алмосбек Отамбоев дар иҳзороте кӯшиши боздошташро ғайриконститутсионӣ ва ғайриқонунӣ хонда буд. Ӯ гуфт, “дирӯз онҳо нагуфтанд, ки барои ба бозпурсӣ бурдани ман омадаанд. Онҳо мисли роҳзанҳо ворид шуданд ва ба паррондани одамон сар карданд. Дар инҷо танҳо ман силоҳ дорам. Мардуми одиро гунаҳкор накунанд. Онҳо ҳатто камон надоштанд. Мумкин аст, санг дошта бошанд.»

Вай масъулияти ончиро, ки бо нерӯҳои хос ва мардуми одӣ иттифоқ афтод, бевосита ба дӯши ҳукумати кунунӣ ба раҳбарии Сооронбой Ҷеенбеков гузошт.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон се дафъа Отамбоевро ба бозпурсӣ даъват карда буд, вале ӯ нарафт. Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон чанд бор пешниҳод карда буд, ки хаттӣ баёнот диҳад, вале аммо мақомот пешниҳодашро напазируфтанд.

Алмосбек Отамбоевро ба ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев гумонбар медонанд. Вай ҳамчунин ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо муттаҳам аст. Худи ӯ гуфтааст, ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад.

Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 8-уми август дар нишасти Шӯрои амнияти кишвараш гуфтааст, “Отамбоев ва ҳамроҳонаш аз силоҳи оташфишон истифода карданд ва муқовимат нишон доданд. Онҳо қонунро дағалона вайрон карданд. Мутаассифона, чанде аз одамон маҷруҳ шуданд. Корманди сохтори ҳифзи ҳуқуқ аз тири силоҳи оташфишон кушта шуд. Баҳои ҷоне, ки аз даст рафт, аз қудрат, сарват ва баъзе манофеи сиёсӣ болотар аст.”

Ҷеенбеков афзуд, барои ҳифзи қонун ва субот дар Қирғизистон бояд "чораҳои таъхирнопазир" андешид. Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон гуфт, дар нишасти Шӯрои амният "қарорҳои дахлдор" қабул шудааст. Вале нагуфта буданд, чӣ қарор.

Алмосбек Отамбоеви 62-сола, ки шаш сол – аз охири соли 2011 то моҳи ноябри соли 2017 – президенти Қирғизистон буд, баъд аз хатми мӯҳлати президентиаш дар бӯстонсарои худ дар канори Бишкек зиндагӣ мекард.

XS
SM
MD
LG