Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши боздошти президенти пешин бо муқовимати хунин рӯбарӯ шуд. ВИДЕО


Нерӯҳои вижаи Қирғизистон рӯзи 7 август барои боздошти президенти пешин Алмосбек Отамбоев ба хонаи ӯ дар деҳаи Кой-Тош, канори Бишкек, рафтанд. Тарафдоронаш раиси ҷумҳури собиқро иҳота карда, монеи амалкарди нерӯҳои махсус шуданд. Отамбоев аз соли 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд.

Ба нерӯҳои вижа муяссар нашудааст, ки Отамбоевро дастгир кунанд. Вале дар ҷараёни амалиёти боздошти ӯ, ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, беш аз 30 нафар захмӣ гардидаанд. Як афсари нерӯҳои амниятӣ ҷон бохтааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шоми 7-уми август дар изҳороте гуфт, амалиёти боздошти Отамбоевро нерӯҳои вижаи ин ниҳод ба уҳда доштанд. Мақомоти Кумитаи амният гуфтаанд, дар ҷараёни амалиёт на аз силоҳи ҷангӣ, балки тирҳои резинӣ истифода кардаанд. Аммо аз дохили ҳавлии Отамбоев, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, тирандозӣ сурат гирифтааст.

Амалиёти нокоми боздошти Отамбоев як кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

​Алмосбек Отамбоев моҳҳои охир се дафъа барои бозпурсӣ ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон даъват шуд, вале нарафт. Вакили мудофеи президенти собиқ даъват ба бозпурсии ӯро ғайриқонунӣ номид ва пешниҳод кард, ки нафари зери ҳимояташ ба суоли хаттии муфаттишон хаттӣ ҷавоб гӯяд. Ин пешниҳоди ӯ қабул нашуд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июни имсол Алмосбек Отамбоевро аз унвони президенти пешин ва ҳамин тавр масуняит маҳрум кард.

Алмосбек Отамбоевро ба ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев гумонбар медонанд. Вай ҳамчунин ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, муттаҳам аст. Вале худи ӯ гуфтааст, ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад.

Вай барои ба сари қудрат омадани президенти кунунӣ Сооронбой Ҷеенбеков кумак кардааст, вале баъди интихобот равобити онҳо бад шуд ва мунтақидони Отамбоев дар ҳукумат ва порлумон ба маҳрум кардани президенти собиқ аз масуният, иқдом карданд. Вай гуфтааст, то охир аз ҳаққи худ дифоъ мекунад.

Талоши боздошти президенти пешин бо хунрезӣ анҷомид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:14 0:00

Ҳайате бо роҳбарии Алмосбек Отамбоев рӯзи 24-уми июл аз пойгоҳи низомии Канти он кишвар ба Русия рафт. Отамбоев дар шаҳри Маскав бо Владимир Путин мулоқот кард.

Дертар хадамоти матбуотии президенти Русия иттилоъ дод, ки Владимир Путин Отамбоевро ба ҳузур пазируфтааст. Путин гуфт, "Қирғизистон ба суботи сиёсӣ ниёз дорад ва ҳамаи шаҳрвандон бояд дар атрофи президенти феълӣ ҷамъ шуда, ба ӯ дар рушди кишвар кумак расонанд".

"Ҳамла"-и нерӯҳои махсус ба хонаи Отамбоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00

Худи Отамбоев баъди бозгашт ба Қирғизистон ба рӯзноманигорон гуфт, наметавонист, аз сафар ба Русия худдорӣ кунад, зеро президенти Путин чанд дафъа ӯро ба мулоқот даъват карда буд.

"Вай нигарони Қирғизистон аст, шумо изҳороти ӯро шунидед. Нигарон аст, ки мабодо бори севум инқилоб сурат гирад. Ман ба вай гуфтам, ки инқилобро ҳамеша ҳукуматҳо анҷом медиҳанд. Мардум аз ночорӣ ба кӯча мебароянд", -- гуфт Отамбоев.

Алмосбек Отамбоеви 62-сола, ки давоми шаш сол - аз охири соли 2011 то моҳи ноябри соли 2017 президенти Қирғизистон буд, баъд аз хатми мӯҳлати президентиаш дар бӯстонсарои худ дар канори Бишкек зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG