Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони боистеъдод мисли ситора медурахшанд, аммо баъд чӣ мешавад?


Хурсанд Ёров, кимиёдони ҷавони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Хурсанд Ёров, кимиёдони ҷавони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Тақрибан ҳамасола хонандагони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ ба гирифтани медалҳо ва мақомҳои баланди ифтихорӣ дар бахшҳои гуногун даст меёбанд, ки барои рушди илм дар кишвар бисёр муҳим аст. Вале сарнавишти минбаъдаи ин кӯдакони боистеъдод барои ҷомеа дастнорасу номаълум мемонад.

Аз оғози соли 2019, бино бар омори расмӣ, хонандагони тоҷик дар 17 олимпиадаи байналмилалӣ дар Қазоқистон, Белорус, Тайланд, Русия, Малайзия, Руминия, Итолиё, Латвия, Амрико, Исроил ва Бритониё иштирок карда, 204 медал, аз ҷумла 49 нишони тило гирифтаанд.

Дастовардҳои ба ин монандро ҳамчунин метавон дар солҳои пешин низ мушоҳида кард, хусусан дар он риштаҳо, ки баъдан бар асоси онҳо дар риштаҳои маъруф – информатика, риёзӣ, кимиё, физика ва ғайра метавон илмомӯзӣ кард.

Миёни даҳҳо ҷавони ояндадор шумораи хеле ками онҳо мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор мегиранд ва шинохта мешаванд. Сарнавишти аксар хонандагони болаёқати ҷоизадор ҳамин гуна норушан мемонад. Бисёре аз онҳо ба дунболи зиндагии нав кишварро тарк мекунанд, вале ҳастанд касоне, ки ба ҳар сурат талош меварзанд, ояндаи худро дар кишвар пайдо кунанд ё бисозанд.

Рушди илм ва хидмат ба миллат

Хурсанд Ёров, кимиёдони ҷавони тоҷик, соли 2008 ғолиби Озмуни интернетии нанотехнологии Русия ва барандаи ҷоизаи биринҷии Озмуни байналмилалии кимиё ва Озмуни Менделеев гардидааст. Баъдан таҳсилро дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар риштаи "Фанноварии кимиё", минбаъд магистратураи Донишгоҳи давлатии Маскав идома додааст. Ҳоло дар соли охири аспирантура аст ва рисолаи номзадияшро ҳам дар робита ба нанотехнология менависад.

"Ҳангоми таҳсил ҳамеша ба тадриси инфиродии кимиё, физика ва риёзӣ машғул мешудам. Баъди таҳсил имкон дорам, ки дар Маскав бимонам ё ба ҷойи дигаре барои таҳсил равам. Ҳоло тасмим нагирифтаам",- гуфт Ёров рӯзи 1-уми август ба Радиои Озодӣ. Ба пиндори вай, омӯзиши илмҳои таҷрибавӣ хеле харҷи калон дорад, ки ин тавонро танҳо кишварҳои доро доранд ва дар Тоҷикистон барои гузаронидани тадқиқоти лозим ҳоло имкон нест, аз ин рӯ дар ҳар сурат ба кори худ дар хориҷ аз кишвар идома медиҳад.

"Фикр мекунам, дар ин ҳеч бадие нест, бо рушд додани илм мо инчунин ба кишвари худ хидмат мекунем ва номи миллати худро боло мебардорем",-мегӯяд Хурсанд Ёров.

Сарфи назар аз имконоти ночиз, аксари ҷавонон аз омӯзиши риштаҳои мавриди алоқаашон дар дохили кишвар даст намекашанд ва ба ҳадафҳои гузоштаашон даст меёбанд. Вале тавре, ки Ёров ба дурустӣ таъкид мекунад, ба муваффақиятҳои чашмгир танҳо ҷое мешавад даст ёфт, ки он ҷо барои ин имконоти зарурӣ вуҷуд дорад.

Аз Исфара ба Донишгоҳи Торонто

Соли гузашта Радиои Озодӣ дар бораи яке аз олимони ҷавон ва ояндадори тоҷик Мақсуд Саидаминов навишта буд. Хатмкардаи литсейи рақами яки шаҳри Исфара ҳамчунин ғолиби озмуни Менделеев дар Маскав гардида буд, ки имкон дод таҳсилро дар Донишгоҳи Давлатии Маскав идома бидиҳад ва дар аспирантура ҳам таҳсил намояд.

Дастовардҳои минбаъда дар риштаи илм ба Саидаминов имкон дод, ки кори дӯстдоштаашро дар яке аз беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳонӣ дар Канада идома диҳад, ки он ҷо яке аз муваффақиятҳояш афзоиши амалкарди панелҳои офтобӣ гардид. "Алоқаи ман ба энержии сабз таҳти таъсири падарам Исматбой Саидаминов, ки профессор буд ва солҳои ахир ба омӯзиши мушкилоти баҳри Арал машғул буд, шакл гирифт",-гуфта буд он замон Мақсуд.

Ҳоло ӯ ҳамчунин ба зиндагӣ ва кораш дар Канада идома медиҳад ва пайваста аз дастовардҳояш дар расонаҳо матлаб нашр мешавад. Бисёре аз мусоҳибони Радиои Озодӣ, олимони ҷавоне, ки суҳбат кардем, номи Саидаминовро ба унвони мисоле меоваранд, ки мехоҳанд ба он баробар шаванд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ӯ ягона олими тоҷик дар риштаи худ ҳаст, ки мақолаҳояш дар бонуфузтарин маҷаллаҳои илмии дунё ба нашр мерасанд.

"Истедодҳои навро бояд омода кард"

Сарфи назар аз ин ки аксар олимони ҷавони дорои зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳ талош мекунанд ба кишварҳои рушдёфта роҳ биёбанд, ҳастанд онҳое, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон бимонанд ва ҳатто кӯшиш мекунанд донишҳои худро ба насли наврас биомӯзанд. Олимчон Пираҳмад, хатмкардаи гимназияи "Ҳотам ва ПВ" ва Донишгохи давлатии Тоҷикистон мебошад. Аз овони наврасӣ то кунун ӯ дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат мекунад ва мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро ишғол менамояд.

Соли 2014 Пираҳмад дар Олимпиадаи ҷаҳонии донишҷӯён дар риштаи риёзӣ медали тилло ба даст овард. Ҳоло ӯ дар гимназияи "Ҳотам ва ПВ" ба сифати омӯзгор кор мекунад ва дар баробари ин хонандагонро ба озмунҳои байналмилалӣ омода мекунанд ва худаш низ дар он озмунҳо, ки миёни муррабиҳо мегузарад, иштирок мекунад. Дар охирин озмун дар Булғористон Олимҷон мақоми аввалро ба даст овард. "Ростӣ, ман ҳисобро гум кардам ва дар хотир надорам, ки бори чандум аст, дар озмунҳо иштирок мекунам ва сазовори ҷой мегардам. Ҳоло бештар ба омода кардани шогирдони худ машғул мешавам, ки ба фикри ман дар кишвар аз беҳтаринҳоянд",-бо хушҳолӣ мегӯд Пираҳмад.

Вай имсол қасд дорад дар яке аз донишгоҳҳои Русия ба таҳсили магистратура бипардозад. Мегӯяд, мақомҳое, ки дар озмунҳои байналмилалӣ ба даст овардааст, ба ӯ имкон медиҳанд, дар ҳар донишгоҳи Русия бидуни имтиҳон дохил шавад. Дар мавриди оянда Олимҷон мегӯяд, ҳоло чизе намедонад. Омода кардани кӯдакон ва кор дар мактаб барояш писанд аст, вале мегӯяд, ҳолатҳое мешавад, ки мехоҳад ҳамаро раҳо кунад.

"Ман тамоми талоши худро мекунам, ки 10-15 хонандаи беҳтаринро омода кунам ва бисёриҳо медонанд, ки ҳамаи онҳо мегузаранд, вале дар натиҷа 3-4 нафари онҳо ба озмунҳо роҳ меёбанд ва боқимонда дар нимараҳ мемонанд",-шикоят мекунад риёзидони ҷавон. Ӯ мегӯяд бо вуҷуди кори дорои маоши баланд дар мактаб, вале мебинанд, касоне монеи кор мешаванд, шавқу шӯрашро гум мекунад.

Масири пуштибонии иҷтимоӣ

Дар Тоҷикистон дар мавриди пуштибонии истедодҳои ҷавон, хусусан дар бахши илм дар сатҳҳои балантарин ҳамеша таъкид мекунанд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, дар кишвар 15 муассисаи омӯзишии давлатӣ барои кӯдакони болаёқат амал мекунад. Дар пойтахт 3 литсей ва 3 гимназияи ноҳиявӣ, 2 гимназияи шаҳрӣ ва 2 ҷумҳуриявӣ, литсей-интернати президентӣ барои хонандагони болаёқат ва Мактаби байналмилалии президентӣ.

Кӯдакон дар чунин мактабҳо натиҷаҳои каме ба даст намеоваранд, ки бидуни шакк ба имиҷи кишвар асаргузоранд. Вале баъди хатми мактаб ва донишгоҳ механизми ҷалби чунин кадрҳо ва шароити рушди минбаъдаи онҳо вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, маъмулан аксари онҳо кишварро тарк мекунанд ва зиндагии худро дар кишварҳои рушдёфта месозанд.

Бозори номуносиб

Як коршиноси масъалаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, "албатта, аксарият мехоҳанд дар дохили кишвар зиндагӣ кунанд. Вале дар мо, мутаассифона талабот ба кадрҳои дараҷаи олии риштаҳои техникӣ вуҷуд надорад. Бахшҳои барои ин зарур рушнаёфтаанд ва бархеҳо ба ин ё он васила имкон мебанд ё дар созмонҳои байналмилалӣ кор мекунанд ё дар бахши хусусӣ".

Ба гуфтаи ӯ, монеаи бузург ҳамчунин ин аст, ки дар кишвар ширкатҳои бузург пайдо намешаванд, ки битавонанд мутахассисони фанниро ҷалб кунанд ва ширкатҳои чинӣ аз мардуми маҳаллӣ асосан коргарони қаториро интихоб мекунанд, ба мисли ронанд, фаррош, ё посбон.

Ҳанӯз дар соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зарурати роҳандозии ислоҳоти решаӣ дар соҳаи илмӣ-академӣ гуфта буд. Вале амалан ба ҷуз тағйироти кадрӣ ва тағйироти берунӣ, таҳаввулоти бунёдие, ки имконоти олимонро боло бибарад, сурат нагирифт.

Рӯзноманигори тоҷик Иршод Сулаймонӣ, ки ҳамчунин дар бахши маориф кор кардааст, ҷавонони болаёқат ва соҳибистеъдодро "қурбониёни иҷтимоӣ"-и радаи аввал медонад. "Сатҳи баланди фасод, маҳалгароӣ ва авторитаризми сиёсиву иқтисодӣ таъсири баъде ба ҳама бахшҳои зиндагӣ гузоштаанд ва чунин муҳитеро ба вуҷуд овардаанд, ки ҳеҷ касе ба фикри нафарон ва олимони болаёқату соҳибистеъдод нест",-мегӯяд Сулаймонӣ.

Зарфияти тамомнашаванда

Зимнан, бо вуҷуди пуштибонии заъиф ва муваффақиятҳои на он қадар хушҳолкунанда, дар кишвар ҳанӯз ҳам наврасони дорои тавонмандии фавқулода пайдо мешаванд. Гап дар бораи сокини 13-солаи Хуҷанд Иқбол Темирхоҷаев меравад, ки ба шарофати сохтани нармафзори мобойлие, ки бомуваффақият дар кишварҳои рушдёфта истифода мешавад, барои ҳамагон ошност.

"Нобиғаи тоҷик", ки расонаҳои Тоҷикистон ӯро ҳамин тавр ном мебаранд, аллакай дар чандин озмунҳои миллӣ ва байналмилалӣ ширкат кардааст ва ҳадафҳои бузург барои оянда дар риштаи барномасозӣ дорад.

Дар маҷмӯъ, таърихчаи истедодҳои ҷавон ва муваффақиятҳои онҳо дар ҳар сурат умеди равшане дар миёни арзёбиҳои писсемистӣ ва наздик ба воқеияти коршиносону нозирони умур боқӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG