Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумрук барҳам дода шуд. Чаро? ВИДЕО


Дар пайи қазияи Шаҳбоз Раҷабзода, сардори пешини Терминали рақами 1-и Душанбе, раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумрук пурра барҳам дода шудааст. Ин ниҳод ба он муттаҳам аст, ки "хилофкорӣ"-ҳои Раҷабзодаро ошкор карда натавонист.

Рӯзи 10-уми майи имсол дар суҳбат бо намояндагони соҳаҳои бонку молия ва гумруку андоз, президенти Тоҷикистон корманди баландпояи Хадамоти гумрук Шаҳбоз Раҷабзодаро ба хилофкорӣ, аз ҷумла хариди чанд хонаву мошин ва сафарҳои зиёди хориҷӣ айбдор кард.

Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар нишасти матбуотии рӯзи 1-уми август дар бораи аъмоли Шаҳбоз Раҷабзода ва амволи маъмурони гумрук посух дод. Каримзода гуфт, раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумрук натавонист аъмоли Раҷабзодаро пеш аз эроди президент ошкор кунад ва "ба ин хотир барҳам дода шуд".

Раиси Хадамоти гумрук гуфт, Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ сардори Терминали рақами 1-и Душанбе аз Вазорати меҳнат ба ба кор омада буд. Вай дар ҷавоб ба суоли он ки Шаҳбоз Раҷабзода чӣ гуна ба рутбаи подполковник расид, гуфт, "соли гузашта Терминали рақами 1-и Душанбе аз иҷрои нақша баромад ва ба ин хотир, ба Раҷабзода рутбаи подполковникӣ, дода шудааст".

"Инкор намекунам, ки камбудҳои ҷиддӣ дида мешавад. Он эродҳое, ки роҳбари давлат гирифт, натиҷаи кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Мо саривақт пайи ислоҳи он шудем ва Раҷабзода худи ҳамон рӯз аз мақомот озод гардид",- гуфт Хуршед Каримзода.

Шаҳбоз Раҷабзода баъди барканорӣ аз мақом бо хабарнигорон суҳбат накардааст. Аммо қазияи ӯ ҳар сари чанд вақт дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешавад. Маълум нест, ӯ ҳоло дар куҷост. Волидонаш ҳам нахостанд, ки дар бораи ӯ суҳбат кунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Баъди ҳодисаи Шаҳбоз, раёсати амнияти дохилии гумрукро барҳам доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Дар оғози ҳафтаи равон Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, нисбат ба Шаҳбоз Раҷабзода ягон санҷиш ё парвандаи ҷиноӣ оғоз нашудааст.

Рӯзи 10-уми май Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Шаҳбоз Раҷабзода, корманди баландпояи гумрукро дар нсуҳбат бо намояндагони бонку андоз ва гумку "истинтоқ" кард.

Дар пурсуҷӯи президент аз Шаҳбоз Раҷабзода, маълум шуд, ки ӯ дар тӯли 1 солу 8 моҳ соҳиби се хона ва як мошин шудааст. Дар ин муддати кӯтоҳ ӯ аз як лейтенанти оддӣ то рутбаи подполковникӣ расида, ба гуфтаи президент 16 дафъа ба хориҷи кишвар сафар кардааст.

Бо вуҷуди иттиҳомоти зиёд, раиси ҷумҳур аз Шаҳбоз Раҷабзода хост, ариза нависад ва корро тарк кунад. Вай ҳамчунин дастур дод, ки Раҷабзода зиёни расонидаи худро ҷуброн намояд.

Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки чӣ гуна дар як солу ҳашт моҳ як корманд метавонад соҳиби се хона шавад, гуфт, ӯ танҳо дар бораи он амволи зердастонаш медонад, ки дар эъломия нишон дода мешаванд.

"Аз куҷо медонам, ки корманд чӣ амвол дорад? Он чизе, ки ба тариқи эъломия пешниҳод кардаст, санҷида мешавад. Он чизе, ки дар эъломия пешниҳод мекунад, гуфта метавонам. Ман мақоми таҳқиқотӣ нестам. Доранд, бисёри кормандҳо доранд. Мо огоҳ мешудем, саривақт пешгирӣ мекардем, камбудии мо ҳам ҳамин аст. Дигар мақомотҳои дахлдор назорат мебаранд",-гуфт Хуршед Каримзода.

Мунтақидон мегӯянд, бо “афв”-и Шаҳбоз Раҷабзода, раиси ҷумҳур нақши муфаттишон ва додгоҳро бар дӯш гирифт. Ба қавли онҳо сарнавишт ва ҷазои Шаҳбоз Раҷабзодаро мебоист додгоҳ ҳал мекард.

XS
SM
MD
LG