Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари ФСБ муҳоҷирони тоҷикро ҳайрон кард


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Ҷамъияти тоҷикон ва муҳоҷирони тоҷик дар Ёқутистон мегӯянд, ки хабари Хадамоти Амнияти Федеролӣ дар бораи боздошти 20 шаҳрванди Тоҷикистон» бо гумони «ифротгароӣ» аз ҳақиқат дур аст.

Хабаргузориҳои русӣ рӯзи 19-уми июл бо такя ба изҳороти Раёсати Хадамоти Федеролии Амнияти Ёқутистон навиштанд, ки маъмурони амниятӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар маркази Ҷумҳурии Ёқутистон-Саха ҳангоми намозгузорӣ боздошт карданд. Ба навиштаи онҳо таҳқиқ нишон дод, раҳбари гурӯҳ як шаҳрванди Тоҷикистон ибодатгоҳи ғайриқонунӣ ташкил додааст ва дар байни муҳоҷирон пайваста ақоиди ифротӣ ва “адабиёти дорои мӯҳтавои ифротгароиро таблиғ мекард».

Талошҳои Радиои Озодӣ барои санҷидани дурустии хабар дар идораи Раёсати хадамоти амнияти федеролии Ёқутистон бенатиҷа анҷомид. Ҷамъияти тоҷикони Ёқутистон гуфт, хабар бепояву асос аст. Музаффар Сангалиев, раиси “Сомониён” - ҷамъияти тоҷикон дар Ёқутистон рӯзи 19-уми июл дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҷавонон ду моҳ пеш дар моҳи Рамазон ва ҳангоми намози таровеҳ барои муддати кӯтоҳе боздошт ва раҳо шудаанд, чун полис маълум кардааст, ки ҳеҷ яке аз муҳоҷирон на ифротгаро ҳастанд ва на ҷинояткор.

Музаффар Сангалиев тасдиқ кард, ки воқеан ҳамаи муҳоҷирон аз як маҳҳаллаи ноҳияи Нуробод будаанд ва ибодати якҷояи онҳо, ки дар Рамазон як амри маъмул аст, шубҳаҳои ҳамсояҳоро барангехтааст ва онҳо пулисро даъват карданд. Ӯ гуфт, аз он ки хабар ҳоло нашр шудааст, дар тааҷҷуб аст дар бораи пахши хабари дурӯғ рӯзи 19 июл ба Вазорати равобити берунаи Ҷумҳурии Саха-Ёқутистон шикоят кард.

Мирзо Неъмат, муҳоҷири 37-сола, ки солҳои тӯлонист дар Ёқутистон кор мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, тамоми ҷавонҳои боздоштшуда ва мавриди пурсиш қарор гирифта хешу табор ва ҳамшаҳриҳои ӯ аз Нуробод будаанд. Худи ӯро пулис дар оғоз ба унвони «раҳбари гурӯҳ» барои пурсиш даъват кардааст.

Мирзо Неъмат гуфт, ки рӯзи ҳодиса дар ёдаш нест, вале аввали Рамазон буд, ки 5-уми май шурӯъ шуд ва 5-уми июн ба поён расид. Ба гуфтаи Мирзо Неъмат, ки ронандаи трактор аст, онҳо намози таровеҳро дар як хонаи панҷутоқӣ мехонданд ва дар миёни онҳо, муҳоҷирони аз 18 то 40-сола буданд, ки ҳаққи кор дар Русияро доштанд. Ба нақли ӯ, моҳи май, пулис соатҳои 6-7 субҳ омада ҳамаро боздошт кард ва шом ҷавоб дод.

Ӯ гуфт: «Он ҷо аз ягон кас ягон чиз наёфтанд. Як «Фарзи айн»-и тоҷикӣ ва як китоби «Имоми аъзам»-ро пайдо карданд. Маро боздошт накарданд, бачаҳоро бурданд, пурсупос карданд. Панҷ нафарашон дар ҷое, ки сабти иқомат доштанд, хоб набуданд. Аз рӯи қонуни нави Русия, агар ҳамин хел ҳолат бошад, қонунвайронкунии маъмурӣ ва 2 ҳазор рубл ҷарима баста мешавад. Хулоса, то бегоҳ ҳамаро санҷида, ҷавоб доданд.»

Мирзо Неъмат афзуд, вақте субҳи имрӯз дид, ки ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, бисёр тааҷҷуб кард. Ба қавли ӯ, баъди эътирози зидди муҳоҷирон дар Ёқутистон дар моҳи март, муносибати сокинон ба муҳоҷирони корӣ хуб нест. Ӯ гуфт, нашри ҳама гуна хабари бад дар бораи муҳоҷирон ба манфиати онҳоест, ки эҳсоси муҳоҷирбадбинӣ доранд ва бо ин кори худ ба кору зиндагии муҳоҷирон осеб мерасонанд.

Шаҳри Якутск – маркази маъмурии Ҷумҳурии Саха-Ёқутистон моҳи март шоҳиди эътирозҳои бузурги сокинон ба зидди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шуд. Сабаби эътироз гузориш дар бораи он буд, ки гӯё се муҳоҷир як занеро таҷовуз кардаанд. Рӯзи 18 март Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, се нафарро бо гумони даст доштан дар ҳодиса боздошт ва таҳқиқро оғоз кардааст. Баъди ин дар Ёқутистон ошӯбу ҳамла ба зидди муҳоҷирон сар шуд ва даҳҳо зодаи Осиёи Миёна, ки ба ҳайси ронанда кор мекарданд, ба кор набаромаданд. Моҷаро бо ҷалби кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҷамъиятҳои милливу дипломатҳо ва ҳукумати минтақа рафъ шуд.

Фейк нюс ва ё хостаи бегонаситезон?

Хабари гӯё бо гумони ифротгароӣ боздошт шудани бист шаҳрванди Тоҷикистон дар Ёқутистон матлаби нахустини дур аз ҳақиқат нест. Моҳи майи имсол додгоҳе дар Ёқутистон парвандаи нашрияи "Якутск вечерний"-ро баррасӣ кард, ки ба нашри "хабари дурӯғ" (fake news) муттаҳам мешуд. Ин нашрия чаҳор рӯз баъд аз эътирозҳо ба зидди муҳоҷирон хабареро дар саҳифаи аввали худ бо чунин сарлавҳа нашр кард: "Як нафари дигар? Гастарбайтере аз Тоҷикистон боздошт шуд, ки ба духтари 14-сола ҳамла кардааст". Вазорати умури дохилиии Ёқутистон, ки нашрияро ба додгоҳ кашид гуфт, ки хабар дурӯғ аст. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ҳодиса нав нест ва тирамоҳи соли 2018 рӯй додааст.

Он замон бархе ҷомеашиносон гуфтанд, ки гурӯҳҳои миллатгаро ва муҳоҷирситез бо истифода аз фурсат бо пахши матолиби дурӯғину воҳимабарангез мехоҳанд, мардумро зидди коргарони хориҷӣ шӯр андозанд. Аз ҷумла, Сергей Михеев, як фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон дар созмони “Мемориал” гуфт, ҳодисаҳои Ёқутистон ҳосили сиёсати куллии муҳоҷирситезии ҳукумати Русия аст.

Бархе дигар мунаққидон мегӯянд, ки нашри хабарҳои дурӯғ ва нодуруст дар бораи муҳоҷирони корӣ барои бархе матбуоти русӣ одат шудааст, чунки медонанд, ки муҳоҷирон дасти кӯтоҳ доранд ва барои ҳифзи манбаи кору даромадашон омода нестанд, дар додгоҳҳо ба зидди ин зуҳурот мубориза баранд.

XS
SM
MD
LG