Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе бо таваҷҷӯҳ ба низоми андозбандӣ дар Тоҷикистон гуфт, барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар рақобат ба ҳамсоякишварҳо, бояд ба сармоягузорон бартариҳо пешниҳод гардад.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Барои он, ки мо нисбат ба дигар кишварҳо дар ҷалби сармоя рақобат карда тавонем, бояд таҳлилҳо гузаронем. Аз ҷиҳати рақобатнокӣ дар минтақа бояд нисбати дигар кишварҳо бартариятҳои худро ба соҳибкорон пешниҳод кунем."
Сӯҳбати раиси Палатаи савдо ва саноат барои беҳбудии фазои сармоягузорӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки шикояти тоҷирону сармоягузорон аз фазои номусоиди сармоягузорӣ ва эҷоди ҳар гуна монеаҳои сунъӣ борҳо садо додааст. Таҳлилгарон мегӯянд, бархӯрди мақомот бо сармоягузорон бояд беҳтар шавад. Ба қавли бархе коршиносон, ҳаҷми андозҳо дар муқоиса бо кишварҳои дигар дар Тоҷикистон баланд буда, низоми андозбандӣ ниёз ба такмил дорад.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, барои ҷалби таваҷҷӯҳи сармоягузорон бояд низоми иҷозатномадиҳӣ барои ташкили корхонаҳо содда карда шавад. Ӯ гуфт, Тоҷикистон ба сармоягузории хориҷӣ ниёзи бештар дорад ва фароҳам сохтани шароити беҳтар ва ҷалби сармояи беруна барои рушди иқтисоди кишвар бисёр муҳим аст.
Тибқи иттилои Оҷонсии омори кишвар, воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон соли гузашта 644,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки беш аз 328 миллиони онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, ҳаҷми воридоти сармояи мустақим ба Тоҷикистон дар муқоиса ба як соли пеш 27,7 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Коҳиши сармояи мустақим дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои андозҳои гарону фирори сармоягузорон пайваста аз сӯи баъзе созмонҳои хориҷӣ интиқод мешавад.
Молиёт ва ё андози "тарснок" барои сармоягузорон
Як масъули Кумитаи андози Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фирори сармоягузорони хориҷӣ аз ҳисоби андозҳои гарон воқеият надорад ва низоми андозбандӣ дар муқоиса ба солҳои пеш беҳтар шудааст. Ӯ гуфт, ҳоло барои боз ҳам беҳтар намудани низоми андоз ва пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон кор карда истодааст ва омодаанд муроҷиати ҳар соҳибкорро аз андозбандиҳои беасос қабул намуда, мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Дар соли ҷорӣ аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти "Paying Taxes 2019" (Андозбандӣ дар соли 2019), ки 190 кишварро фаро гирифтааст, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ ворид шуд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дар садро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки муодили 32,8 дарсад аст, қариб ду баробар бештар мебошад. Дар ин раддабандӣ барои муқоиса дигар кишварҳои Осиёи Миёна - Қирғизистон мақоми 50, Қазоқистон дар мақоми 56 ва Узбакистон дар мақоми 64-уми қарор гирифтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои ахир соҳибкоронро бо ваъдаи сабукиҳо дар низоми андозбандӣ, ба сармоягузорӣ дар кишвар даъват мекунанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, андозҳои гарон, фазои носолими сармоягузорӣ ва ба ҳама ширкату корхонаҳо имтиёзи баробар надодан, зоҳиран аз омилҳоеянд, ки ҷилави соҳибкоронро аз сармоягузорӣ дар кишвар мегирад.