Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндон ифротгароёнро ислоҳ намекунад. Пас ошӯбҳои дигаре дар пеш аст?


Вазири адлияи Тоҷикистон иқрор кард, ки бозтарбияи тундгароён дар зиндонҳо то ҳол натиҷаи дилхоҳ надодааст. Коршиносон мегӯянд, барои ин бояд аввал кормандони низоми зиндонҳо омӯзиши вижа гиранд ва вазъ дар маҳбас тағйир кунад.

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 16-уми июл ба хабарнигорон гуфт, то имрӯз барои аз ақидаи ифротиашон гардонадни маҳбусон корҳое шудааст, аммо боздеҳи дилхоҳ ба даст наомада, баръакс ифротиён тавонистаанд, фазои маҳбасҳоро ноором кунанд. Дар нӯҳ моҳи охир Тоҷикистон шоҳиди ду ошӯби пурқурбонӣ дар зиндонҳо гашт.

Ҷаноби вазир гуфт, мутахассисони Шӯрои уламо ва Маркази исломшиносиро низ ба маҳбасҳо бурданд, то онҳо бо маҳбусони тундгаро cӯҳбат кунанд, аммо "рӯирост мегӯям, то ҳамин рӯз ба чанд нафараш сарукор гирифтем, аз роҳ гардондани онҳо ба тариқи суханрониву сухангӯи ман надидаам ин чизро. Бениҳоят душвор аст бо инҳо кор кардан. Дар ҳодисаҳои ахир онҳо хусусияти ифротии худро нишон доданд",-таъкид кард Рустам Шоҳмурод.

Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, пешниҳоди баъзе додситонҳо дар бораи шакли нигоҳдории ашхоси муттаҳам ба ифротгароиро қабул кардаанд. Ҳарчанд вазири адлия аз ин пешниҳодҳо мушаххасан ном набурд, аммо гуфт, баъд аз анҷоми таҳқиқи ду ошӯб дар зиндонҳо, дар ин бора тасмим мегиранд.

Як ходими умури дин дар Тоҷикистон, ки чанд бор бо маҳбусони муттаҳам ба тундгароӣ суҳбат кардааст, мегӯяд, баргардондани онҳо аз ақидаашон тақрибан ношуданист. Ин ҳамсӯҳбати мо, ки бо далелҳои амниятӣ намехоҳад исмаш зикр шавад гуфт, тундгароҳо дар зиндон дар симои онҳо душманро мебинанд.

"Вақте меравем, байни худ мегӯянд, ки инҳо душмани дин ҳастанд, ҳама гапҳояшон дурӯғ аст. Дар ин аҳвол чихел метавонӣ он одамро аз ақидааш баргардонӣ? Одамони бисёр романтик гумон мекунанд, ки одам метавонанд дар чунин вазъ ислоҳ шавад. Ҳатто агар рафта ба ӯ гӯӣ, ки шир сафед аст, не мегӯяд, шир сиёҳ аст",-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Ин рӯҳонӣ афзуд, хулосааш пас аз сӯҳбат бо тундгароҳо дар ин зиндон ин аст, ки ифротгароӣ барои аксари онҳо як ҷузъи ҳуввияташон гаштааст ва бо як-ду суҳбат наметавон онҳоро аз ақидаашон баргардонд.

Бино бар омори расмӣ, феълан дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор маҳбус нигоҳдорӣ мешаванд, ки аз миёни онҳо ҳудуди ду ҳазор нафараш ашхоси муттаҳам ба тундгароӣ ва терроризм мебошад.

Шеваи мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон на танҳо дар зиндон, балки дар умум борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст. Қаблан низ коршиносон аз шеваи кори мақомот интиқод карда гуфта буданд, танҳо бо зиндонӣ кардан наметавон ба ифротгароӣ пирӯз шуд. Зеро шахси тундрав дар дохили зиндон ҳам метавонанд ақидаашро таблиғ кунад. Бино бар ин пешниҳодҳое садо дода буд, ки афроди муттаҳам ба тундравӣ дар зиндонҳо ҷудо нигаҳдорӣ шаванд. Аммо вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ин роҳи ҳалли масъала нест.

Дар ин миён коршиносон аз мақомот даъват доранд то нахуст кормандони зиндонро барои тарзи кор бо зиндониҳои тундрав омӯзонанд.

Азамат Шамбилов, як фаъоли ҳуқуқ ва намояндаи созмони "Penal Reform", ки ба иҷрои барномаҳои ислоҳот дар маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ машғул аст, гуфт, мушкил дар он аст, ки зиндонбонҳо барои муомила бо чунин гурӯҳи маҳбусон омода нестанд.

Ба гуфтаи Шамбилов, бояд кормандони зиндонҳо аз чаҳор моҳ то як сол дар муассисаҳои махсус тарзи кор бо тундгароҳо биомӯзанд. Ин ҳомии ҳуқуқ гуфт, дар доираи ислоҳоти зиндонҳо тасмим доранд ин пешниҳодро ба мақомот ироа кунанд.

"Инҷо танҳо ҷалби муллоҳову диндорон муҳим нест. Муҳим омӯзиши кормандони муассисаҳои ислоҳотӣ аст. Тарзи кор бо ҳамаи маҳбусон даркор аст ва на танҳо бо онҳое, ки ба гуруҳҳои ифротӣ мепайванданд"-афзуд Шамбилов.

Ба таъкиди Азамат Шамбилов, бояд талош шавад маҳбусони муттаҳам ба ифротгароӣ ҳадди имкон аз муошират бо дигар зиндониҳо ҷудо бошанд. Чунки бо ин роҳ ба гуфтаи фаъоли ҳуқуқ, мешавад то ҷое аз паҳн шудани ақидаҳои ифротӣ дар маҳбасҳо пешгирӣ кард.

Бархе аз коршиносони дигар бар инанд, ки интизом дар зиндон бояд қавӣ ва ба дур аз фасоду ришват буда, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳуқуқи инсон ва пизишкони равоншинос ба маҳбусон дастрасӣ дошта бошанд.

Моҳи ноябри соли гузашта дар зиндони Хуҷанд ва моҳи майи имсол дар зиндони Ваҳдат ошӯбҳои пурқурбонӣ сар зад. Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳодисаро бар душ гирифт ва мақомот ҳам гуфтанд, ҳарду ошӯб кори дасти ифротгароҳо буд.

XS
SM
MD
LG