Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши сахти Чин ба номаи 22 кишвар дар бораи вазъи мусалмонони уйғур


Намояндагони 22 кишвар дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо нашри номае рафтори Чин бо мусаламонони уйғур дар минтақаи Шинҷон ё Туркистони Шарқиро маҳкум кардаанд. Чин ба ин номаи интиқодомез вокуниши сахт нишон додааст.

Имзокунандагони ин нома, ки дар миёни онҳо Австралия, Бритониё, Фаронса, Олмон ва Ҷопон низ ҳастанд, аз "назоратҳои сахт ва маҳдудиятҳои густурда"-и ҳукумати Чин дар ин минтақа изҳори нигаронӣ карда ва аз Пекин хостааанд, озодии мусалмонони Шинҷонро таъмин кунад ва ба боздоштҳои "худсарона" поён диҳад.

Мақомоти Созмони Милал гуфтаанд, ки дар Чин тахминан як миллион уйғӯр дар "марказҳои зидди ифротгароӣ" нигаҳ дошта мешаванд ва миллионҳо нафари дигарро ба урдӯгоҳҳои тарбиявӣ мефиристанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бо ин афрод бадрафторӣ сурат мегирад ва онҳоро маҷбур мекунанд, мухолифи эътиқоду арзишҳои динии худ рафтор намоянд.

Аммо вазорати умури хориҷии Чин ин иттиҳомотро рад кардааст. Сухангӯи ин вазорат рӯзи панҷшанбеи 11-уми июл гуфт, ки ин нома "воқеиятҳоро нодида гирифта, ғайриодилона ба Чин ҳамла карда ва ошкоро ҳуқуқи башарро баҳонаи сиёсӣ қарор додааст".

Соли гузашта Кумитаи мубориза бо табъизи нажодии Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, 1,1 милион нафар ё ҳудуди 10 дарсади кулли аҳолии уйғури ин минтақа муддатеро дар "урдугоҳҳои бозомӯзӣ"-и Шинҷон гузарониданд ва 2,2 миллион нафари дигар низ "маҷбур ба ҳузур дар ин урдугоҳҳои бозомӯзӣ" шудаанд.

Ахиран хабаргузории "Рейтерз" аз қавли дипломатҳо гузориш дод, ки Амрико ва Олмон дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба шиддат аз рафтори Чин бо мусалмонон интиқод карданд. Чин дар Шӯрои Амнияти СММ ҳаққи вето дорад.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутереш дар мулоқот бо президенти Чин Си Ҷинпин вазъияти ақаллиятҳои уйғурро баррасӣ карда буд. Ӯ аз роҳбари Чин хост, ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад.

Изҳороти дабири кулли СММ пас аз он садо дод, ки раиси иҷроияи созмони Дидбони ҳуқуқи башар Кеннет Рот дар рӯзномаи "Вашингтон Пост" Гутерешро барои "хомӯшиаш дар бораи ҳуқуқи башар" танқид кард.

Аз ин қабл ҳукумати Туркия низ бархӯрди ҳукумати Чин бо турктаборони он кишварро маҳкум кард ва онро "як иқдоми шармовар" дар баробари башарият дониста буд. Пекин ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, уйғурҳо барои омӯзиши касб ба марказҳои махсус фиристода шудаанд.

Понздаҳ миллион аз уйғурҳо дар Чин ба сар мебаранд ва солҳо боз аз бадрафтории мақомоти он кишвар шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG