Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи тадриси забони тоҷикӣ дар Бухоро


Баъди тақрибан даҳ соли таваққуф, тобистони соли ҷорӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Бухоро шӯъбаи филологияи тоҷик ба фаъолият шурӯъ кард.

Ба иттилои мақомоти донишгоҳ, ин шӯъба дар назди факултаи филологияи узбек амал мекунад ва соли ҷорӣ қарор аст нахустин гурӯҳи 25-нафарии донишомӯзон барои таҳсил пазируфта шаванд. Дар ин бора рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ Дилшод Раҷабов, декани факултаи забони узбекӣ хабар дод ва гуфт, ки қабули санадҳои довталабони таҳсил шурӯъ шудааст.

То ҳол дар Узбекистон шӯъбаи филологияи тоҷик дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд амал мекард ва аз соли гузашта чунин ришта дар Донишгоҳи давлатии Фарғона ҳам ифтитоҳ шуд. Моҳи июл Донишгоҳи давлатии шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд қабули донишҷӯҳо ба шӯъбаи забони тоҷикӣ шурӯъ кардааст.

Оғози қабули довталабон ба бахшҳои тоҷикӣ

Рӯзи 10-уми июл сокини шаҳри Бухоро Эркин Рӯзиев бо нашри матлабе дар шабакаи "Фейсбук" гуфт, ки ҷараёни қабули довталабони таҳсил дар шӯъбаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бухоро шурӯъ шудааст, вале, ба иддаои ӯ, "таваҷҷӯҳ зиёд нест ва то ҳол танҳо се нафар аризаи таҳсил дар ин факултаро додаанд". Рӯзиев дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки хабари боз шудани риштаи забону адабиёти тоҷик дар муассисаи олии Бухоро ҳанӯз дастрасӣ қишри васеи ҷомеа нашудааст.

Вале декани факултаи филология Дилшод Раҷабов мегӯяд, ки иттилои зарурӣ дар бораи шурӯи қабули довталабон дар саҳни худи донишгоҳ ва ҳам вебсайти расмии ин муассиса нашр шудааст, аз ин рӯ, онҳо бовар доранд, ки ҷавонон аз ин эълон бехабар намемонанд. Раҷабов гуфт, дар шӯъбаи забону адабиёти тоҷики факулта "се-чор" омӯзгор кор хоҳанд кард ва барномаи таълиму маводи зарурӣ бар асоси он низоме ба роҳ монда мешавад, ки то даҳ соли пеш дар назди донишгоҳ амал мекард. Ӯ гуфт, ки кори шӯъба дар тамос ва ҳамоҳангӣ бо факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба роҳ монда мешавад.

Декан нахост аз ин зиёд сӯҳбат кунад ва раҳбарияти дигари донишгоҳ ҳам барои шарҳи бештари мавзӯъ дастрас набуданд.

Ифтитоҳи дубораи шӯъбаи забон ва адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Бухоро яке аз тадбирҳоест, ки дар аҳди ҳамкориҳои нави сиёсиву фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон амалӣ мешавад. Шавкат Мирзиёев баъди сари Ислом Каримов соли 2016 президент интихоб шуд ва сиёсати ҳамкориҳои бозу ҳамаҷониба бо Тоҷикистонро то ба сатҳи "шарикии стратегӣ" баровард.

Воқеӣ ё танҳо "зоҳирпарастӣ"?

Фазои дар 25 сол маҳдудшудаи фарҳангиву илмии забони тоҷикӣ дар Узбекистон, ба қавли бархе рӯшанфикрони тоҷики муқими Самарқанд бозтар мешавад. Барқароршавии таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо ба забони тоҷикӣ ва ҳам чопи адабиёти бадеӣ, аз ҷумла, осори адибони муосири тоҷики муқими Узбекистон аз намунаҳои ин корҳо мебошад.

Дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар баҳори соли 2018, Душанбеву Тошканд ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар бахши "фарҳангию гуманитарӣ густариш дода, табодули таҷрибаи байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, матбуот, ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва академияҳои илмҳои ду кишвар, эҷоди шароит дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва омӯзгорӣ ва табодули сафарҳои пажӯҳишгарон"-ро” ба роҳ мемонанд.

Вале бархе нозирони бетараф мегӯянд, ки иқдомҳо ҳанӯз баёнгари воқеияти ҳол нест ва бештар "зоҳирпарастӣ" буда, барои хуб нишон додани обрӯи мақомдорони Тошканд дар чашми созмонҳои байналмилалӣ карда мешавад. Бархе тоҷикони сокини Самарқанд мегӯянд, ки боз шудани мактабҳову фароҳам шудани шароити таҳсил ба забони модарӣ барои онҳо бештар "роҳати равониву зеҳнӣ" мебахшад, вале аз дидгоҳҳои прагматикии ояндабинии кори фарзанд ҳамоно бисёриҳо ба таҳсил ба забонҳои узбекӣ ё русӣ тарҷеҳ медиҳанд, чунки бовар доранд, ки ин тасмим дар карерасозии кӯдаконашон дар Узбекистон муҳим мебошад.

Омори зери суол

Кумитаи давлатии омори Узбекистон (stat.uz) мегӯяд, ки шумораи тоҷикон дар ин кишвари иборат аз 33 миллион ҷамъият – 1 миллиону 544 ҳазор нафар ваё 4,8% аҳолии кулли кишварро ташкил медиҳад. Вале коршиносон мегӯянд, ки омори мазкур баёнгари вазъи воқеӣ нест ва дар асл шумори тоҷикон дар Узбекистон чанд миллион нафар мебошад, ки ба таври суннатӣ дар қаламрави вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Сурхондарё ва дигар минтақаҳо будубош дошат зери фишори сиёсатҳои шӯравӣ дар шиносномаҳои худ миллатро "узбек" навиштаанд.

Як нависандаи маъруфи зодаи Самарқанд, ки дар Тоҷикистон зиндагиву эҷод кардааст, боре гуфта буд, ки барои барқарор кардани миллаташ дар шиносномаи шӯравӣ ба ҳайси "тоҷик", дар баробари санадҳои дигар, аз раиси маҳали зисташ ҳам гувоҳнома оварда буд, ки дар он риоя шудани урфу одати тоҷикиву муошират ба забони тоҷикӣ дар хона ба унвони шаҳодати "фарзанди як оилаи тоҷик будани ин шахс" тасдиқ мешуд.

Тибқи омори расмӣ, дар замони Шӯравии собиқ, дарУзбекистон 380 мактаби тоҷикӣ амал мекард, аммо дар 25 соли охир шумораи ин мактабҳо ба шиддат кам шуд. Рӯшанфикрони тоҷики муқими Узбекистон мегӯянд, ки дар солҳои оғози истиқлолият дар ҳудуди ноҳияи Самарқанд тахминан 70 мактаби тоҷикиву омехта, бо синфҳои ҷудогонаи таълим ба забони тоҷикӣ амал мекарданд ва дар чоряк қарни ҳукумати Каримов шумори онҳо хеле кам шуд. Омори расмӣ дар ин замина дастрас нест.

Вале як хабарнигори нашрияи "Овози тоҷик" гуфт, ки ҳоло аз 30 муассисаи таълимие, ки дар ноҳияи Самарқанд таҳсил ба забони тоҷикиро фароҳам овардааст, тахминан панҷ ададаш "сирф мактаби тоҷикӣ" мебошад. Синфхонаҳои нави тоҷикӣ дар деҳоти Оҳалику Оқсой, дар маҳаллаҳои тоҷикнишини Камонгарони ноҳияи Ургут ва дигар манотиқи Узбекистон боз мешаванд. Журналистони тоҷики Самарқанд мегӯянд, назар ба панҷу даҳ соли пеш дар ду соли охир ду баробар бештар мактабу синфхонаҳои тоҷикӣ эҳё шудаанд.

"Муовинони ҳокиму раисон ба тоҷикӣ гап мезанад"

Зоҳир Ҳасанзода, нависанда ва журналисти нашрияи "Овози тоҷик" дар Самарқанд аз таблиғгарони фаъоли дӯстии мардуми тоҷику узбек аст. Ӯ мегӯяд, нашрияи тоҷикии собиқадор аз пойгоҳи муҳими пахши хабару матолиб барои тоҷикони Узбекистон мебошад. Ҳасанзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди сари кор омадани Мирзиёев барои тоҷикони Узбекистон "ҳама шароит" фароҳам шуд, то ки фарҳанги миллии худро "ошкоро" риоя кунанд.

Ӯ мегӯяд, ҳоло бисёр раисони тоҷику муовинони ҳокимони маҳаллӣ бо мардум озодона тоҷикӣ сӯҳбат мекунад ва дигар касе "ба шумо бо шубҳа нигоҳ намекунад". Ба гуфтаи ӯ, имсол 260 донишҷӯи тоҷик бар асоси квота ваё иловатан дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсилро ба забони модарӣ идома хоҳанд дод.

Ҳасанзода гуфт, ки нашри осори адибони маҳаллӣ ҳам ба забони тоҷикӣ бештар мешавад ва як хабари ахири тоза -- чопи маҷмӯаи нави ҳикояҳои нависандагони тоҷики муқими Узбекистон аст, ки дар он навиштаҳои Солеҳи Саидмурод, Нормурод Каримзода, Адаш Истад, Мирсафо Камолӣ, Саодат Ализода ва дигарон чоп шудааст. Адабиёт ба забони тоҷикӣ асосан дар чопхонаҳои Тошканд нашр мешаванд.

Нормурод Каримзода, сардабири нашрияи дузабонаи “Субҳи Гулобод” ("Гулобод тонги") мебошад. Ӯ мегӯяд, ҷараёни эҳёи мактабу синфҳои тадрис ба забони тоҷикӣ "оҳиста-оҳиста мешавад ва дар ду сол якбора ҳамаро барқарор кардан мушкил аст". Ба гуфтаи ӯ, нақши матбуоти маҳаллӣ ҳам дар ташвиқи мардум барои рӯ овардан ба тадрис ба забони тоҷикӣ хеле муҳим аст.

Ҳазрат Сабоҳӣ, журналист ва донишманди тоҷики муқими Самарқанд мегӯяд, афзоиши синфхонаҳои тоҷикӣ дар се-чор соли охир "хеле зиёд дида мешавад" ва таълим дар ин мактабҳо бо истифода аз китобҳои дарсие ба роҳ монда шудааст, ки шурӯъ аз соли 1997-ум дар Тошканд нашр мешаванд. Ин китобҳо бо забони кириллии тоҷикӣ чоп шуда, мутобиқ ба барномаи таълими вазорати маорифи Узбекистон таҳия шудаанд.

Худи Ҳазрат Сабоҳӣ дар таҳияи китоби "Хониш"-и синфҳои 2-4-и мактабҳои тоҷикии Узбекистон кор кардааст. Ҳоло, ба гуфтаи Сабоҳӣ, озмуни нав барои таҳияи адабиёти дарсии мактабҳои тоҷикӣ эълон шудааст ва муҳаққиқону тарҷумонҳо дар омода кардани ин адабиёт иштирок мекунанд.

Ҳазрат Сабоҳӣ гуфт, онҳое, ки таҳсили фарзандону набераҳоро дар мактабҳои тоҷикӣ тарҷеҳ медиҳанд, дарк кардаанд, ки аз решаву асли худ дур мешаванд. Ӯ гуфт, ин масъала дар даврони шӯравӣ ҳам доғ буд. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, дар сурати муроҷиати гурӯҳии волидон ба мактабу идораҳои маориф, бар асоси дархост синфҳои таълим ба забони тоҷикӣ боз мешаванд.

"Ҳеҷ кас монеъ нест",-гуфт донишманди тоҷик. Ба гуфтаи ӯ, бо боз шудани роҳу бештар шудани рафтуомади мардум ва ҳам осонтар шудани дастрасии адабиёт, аз ҷумла адабиёти классикии тоҷикӣ, майли мардум ҳам барои таълим ба забони модарӣ бештар шудааст.

"Ин як бозии сиёсӣ аст"

Вале бархе дигар коршиносон ба ин назаранд, ки бо вуҷуди дастовардҳои сиёсиву маъмурӣ дар заминаи бозтар шудани фазои истеъмоли забони тоҷикӣ дар Узбекистон, ин ҳама таҳаввулот бештар ҷанбаи "зоҳирӣ" дорад ва ба хотири беҳтар нишон додани фазои кишвар дар гузоришҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва озоди баён карда мешавад.

Шаҳзодаи Самарқандӣ дар гузашта омӯзгори забони форсии донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд ва ҳоло хабарнигори Радио Замона дар Амстердам мегӯяд, "баъид аст", ки аз нав оғоз шудани тадриси забону адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Бухоро битавонад сатҳи омӯзишро ба он шакле, ки дар гузашта буд, пурра барқарор кунад. Ба андешаи ӯ, факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки дар он донишомӯзони тоҷик аз Самарқанду Бухорову Фарғонаву Сурхондарёву дигар маҳалҳои тоҷикнишин таҳсил мекарданд, ҳам дигар он мақеашро аз даст додааст.

"Он ҳолати марказе, ки ҳамаи тоҷиконро ба ҳам меорад, надорад. Се-чор нафаре, ки меоянд, бештар мехоҳад мадраки донишгоҳро бигиранду бираванд, масалан дар пулис хидмат кунанд". Айни замон, ин журналист эътироф мекунад, ки вазъи омӯзиш дар аксар донишгоҳҳои Узбекистон дар маҷмӯъ ингуна аст. "Вақте вазъи забони узбекӣ вахим асту вазъи забони тоҷикии расонаҳо ифтизоҳ (шармовар) аст, маълум аст, ки донишгоҳҳо вазифаи аслии худро дуруст иҷро накардаанд. Мутахассиси дуруст тарбия накарданд", - мегӯяд Шаҳзодаи Самарқандӣ.

Шаҳзодаи Самарқандӣ мегӯяд, ин ки хабари боз шудани факултаҳои забони тоҷикӣ дар донишгоҳҳои Узбекистон ба мардум дуруст ва ҳамаҷониба расонида намешавад, ин ба он маъност, ки тасмими ҳукумат ҳам "бештар як расмиёт аст". "Ман фикр мекунам, ки ин хабарҳо як бозии сиёсӣ аст. Агар давлат барои хидмат барои забону фарҳанги тоҷикӣ- форсӣ ҷиддӣ мебуд, бо роҳҳои беҳтар пеш мерафт", - гуфт Шаҳзода Самарқандӣ.

Ба гуфтаи ӯ, замоне дар даврони баъди шӯравӣ ҳам пешниҳодҳое дар заминаи ба забони тоҷикӣ дар Узбекистон додани мақоми давлатӣ садо додааст, вале ҳеҷ гоҳ дар сатҳи давлат матраҳ нашуд. Дар аҳди Ислом Каримов он мақоме, ки ин забон дар даврони шӯравӣ дошт, аз даст дод. Ҳоло, ки ҳукумати нави Узбекистон мегӯяд, дар фикри фароҳам кардани имконияти беҳтари омӯзиши забони тоҷикӣ аст, ба андешаи ин хабарнигор, бештар ба он хотир аст, ки сатҳи хабаррасонӣ ва пӯшиши иттилоотии дастовардҳои ҳукумат дар матбуот боло равад. Чун, ба гуфтаи ӯ, матбуоти узбекӣ ҳам дар як ҳолати баде қарор дорад.

Сиёсати таъинкунандаи "як шахсият"

Бархе ҳамсӯҳбатони дигари Радиои Озодӣ мегӯянд, эйфория ва ё эҳсосоти мусбати мардум, ба вижа нигоҳи тоҷикони маҳалливу тоҷикистониҳои ҳамсоя ба таҳаввулоти сиёсӣ дар Узбекистон риск ё хатарҳои худро дорад ва ҳамонгуна, ки дар даврони Ислом Каримов ба самтгириҳову тасмимҳои як шахсияти авторитарӣ бастагӣ дошт, ҳоло ҳам бештар ба қарору хостҳои раҳбари калон бастагӣ дорад.

"Кӣ замонат медиҳад, ки бо нав шудани раиси ҷумҳур дар солҳои дигар, сиёсати пуштибонӣ аз тоҷикони Узбекистон комилан ба самти баръакс тағйир намеёбад?", гуфт як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ. Ӯ гуфт, мушкил ин аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки нақши раҳбар назар ба қонун болотар аст, дар сурати аз саҳна хориҷ шудани раҳбар, низом ва қонуну қарорҳои пешина метавонанд мутобиқ ба салиқаву хостҳои шахси аввал дигар шаванд. Дар ин сурат, боз ҳам хатари маҳдуд ва бебаҳра мондани ҳамин тоҷикони ташнаи пуштибонии фарҳангу ҳуввияти хеш осеби дубора мебинанд.

XS
SM
MD
LG